https://sputnik.tj/20210511/harobkoriho-sel-kulob-1039379108.html
Сели даҳшатбор дар Кӯлоб: "аз 9 ҷасади пиру барно гузориш дода шуд" - видео
Сели даҳшатбор дар Кӯлоб: "аз 9 ҷасади пиру барно гузориш дода шуд" - видео
Sputnik Тоҷикистон
Боронгариҳои шадид боиси омадани сел дар бархе аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва шуд.
2021-05-11T18:42+0500
2021-05-11T18:42+0500
2021-07-29T16:35+0500
дар тоҷикистон
кӯлоб
обхезӣ
талафоти ҷонӣ
баста шудани роҳҳо
хароб шудани табиат
сел
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103133/92/1031339238_0:0:3167:1782_1920x0_80_0_0_ef9c1952cbb20b5fcacc50f72f27be48.jpg
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Боронгариҳои шадид боиси омадани сел дар бархе аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб гардид.Селхезӣ дар ин шаҳр харобиҳои зиёде дар пай дошта, киштзору бархе аз хонаҳои мардумро шустааст ва роҳҳои миёни маҳалаҳоро низ хароб кардааст. Харобкориҳои имрӯзи сел дар ҳолест, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дод, ки боронҳои шадиду селхезӣ то 14-уми май давом мекунанд. Дар ҳамин ҳол, хабарнигори тоҷик, сармуҳаррири нашрияи ССР Сайёфи Мизроб аз дарёфти 9 ҷасад ва бедерак шудани наздики 18 тани дигар хабар медиҳад.Кумитаи ҳолатҳои фавқулода то ин дам дар бораи хисороти сел дар шаҳри Кӯлоб хабар надодааст.Дар ҳамин ҳол намояндаи мақомоти шаҳри Кӯлоб дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон хабари дарёфти 9 ҷасадро рад карда изҳор дошт, ки феълан вазъ дар шаҳри Кӯлоб муътадил аст.Ёдрас мешавем, ки аз бориши зиёди борон зуҳри 11-уми май баъзе аз ҷодаҳои шаҳри Душанбе низ зери об монданд.Ҳамин тавр, ба далели обхезӣ роҳи тарафи Фурудгоҳ баста шуд.Даҳҳо худрав ғарқи об шуда ва ронандагон наметавоанд мошинҳояшонро аз об берун оранд.Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дод, ки боронҳои шадиду селхезӣ то 14-уми май давом мекунанд. Тибқи иттилои КҲФ, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии вилояти Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар ин рӯзҳо омадани сел аз эҳтимол дур нест.Инчунин дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда, дарёҳои Қизилсӯ, Ёхсӯ, Вахш (Сурхоб), Обихингоб, Зарафшон ва Исфара баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад.Рӯзҳои 13-14 май дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. 15-16 май дар мамлакат асосан ҳавои бебориш дар назар аст.
https://sputnik.tj/20210511/ob-moshinhoro-gulugir-kard-obi-ziyodi-zeri-kupruk-dar-dushanbe-rohhoro-bast-1039370546.html
кӯлоб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103133/92/1031339238_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_ccdb4528bd8f4e97167d65d31b928e72.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
боронгариҳо, сел, кӯлоб,
Сели даҳшатбор дар Кӯлоб: "аз 9 ҷасади пиру барно гузориш дода шуд" - видео
18:42 11.05.2021 (Навсозишуда: 16:35 29.07.2021) Дар Тоҷикистон боронгариҳои шадид боиси селхезӣ шуд
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Боронгариҳои шадид боиси омадани сел дар бархе аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб гардид.
Селхезӣ дар ин шаҳр харобиҳои зиёде дар пай дошта, киштзору бархе аз хонаҳои мардумро шустааст ва роҳҳои миёни маҳалаҳоро низ хароб кардааст.
Харобкориҳои имрӯзи сел дар ҳолест, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дод, ки боронҳои шадиду селхезӣ то 14-уми май давом мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, хабарнигори тоҷик,
сармуҳаррири нашрияи ССР Сайёфи Мизроб аз дарёфти 9 ҷасад ва бедерак шудани наздики 18 тани дигар хабар медиҳад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода то ин дам дар бораи хисороти сел дар шаҳри Кӯлоб хабар надодааст.
Дар ҳамин ҳол намояндаи мақомоти шаҳри Кӯлоб дар суҳбат бо
Sputnik Тоҷикистон хабари дарёфти 9 ҷасадро рад карда изҳор дошт, ки феълан вазъ дар шаҳри Кӯлоб муътадил аст.
"Ҳоло ситоди шаҳрӣ баргузор мешавад ва пас аз арзёбии КҲФ хисороти сел маълум мешавад. То ҳол чизе дақиқ нест", - гуфт намояндаи мақомоти шаҳри Кӯлоб дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Ёдрас мешавем, ки аз бориши зиёди борон зуҳри 11-уми май баъзе аз ҷодаҳои шаҳри Душанбе низ зери об монданд.
Ҳамин тавр, ба далели обхезӣ роҳи тарафи Фурудгоҳ баста шуд.
Даҳҳо худрав ғарқи об шуда ва ронандагон наметавоанд мошинҳояшонро аз об берун оранд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дод, ки боронҳои шадиду селхезӣ то 14-уми май давом мекунанд.
Тибқи иттилои КҲФ, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии вилояти Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар ин рӯзҳо омадани сел аз эҳтимол дур нест.
Инчунин дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда, дарёҳои Қизилсӯ, Ёхсӯ, Вахш (Сурхоб), Обихингоб, Зарафшон ва Исфара баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад.
Рӯзҳои 13-14 май дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. 15-16 май дар мамлакат асосан ҳавои бебориш дар назар аст.