https://sputnik.tj/20210429/qirghiziston-prezident-talab-marz-biyoyad-1039147646.html
Сокинони Қирғизистон аз президент талаб доранд, ки шахсан ба марз биёяд
Сокинони Қирғизистон аз президент талаб доранд, ки шахсан ба марз биёяд
Sputnik Тоҷикистон
Сокинони вилояти Бодканд аз Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон талаб карданд, ки ба маҳаллӣ муноқишаҳои марзӣ ба назди сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон ҳозир шавад
2021-04-29T15:23+0500
2021-04-29T15:23+0500
2021-04-29T15:46+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
қирғизистон
талаб
марз
муноқиша
раисҷумҳур
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/16/1032673519_0:0:1454:818_1920x0_80_0_0_ab7ab2be59bf4bf456b0f374f8ae2d8f.jpg
ДУШАНБЕ, 29 апрел - Sputnik. Сокинони минтақаи Бодканд талаб доранд, ки президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов, сарвазир Улуғбек Марипов ва роҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Қамчибек Тошиев ба назди онҳо биоянд.Дар ин бора ба Sputnik Қирғизистон вакили Шӯрои деҳоти Ак-Татир Мухторалӣ Ҳолмирзоев хабар додааст.Манбаъ илова кардааст, ки вазъ дар марз то ҳол ба эътидол наомадааст.Тирпарронӣ дар маҳал садо медиҳад ва бо вуҷуди ин, сокинони деҳаҳои дигари минтақаи Бодканд ба минтақаи низоъ мешитобанд.Ғайр аз ин, мардуме, ки имрӯз назди бинои ҳукумати Бишкек ҷамъ омадаанд аз раисҷумҳур низ талаб доранд, ки фавран ба ҷои муноқиша ба марзи Қирғизистону Тоҷикистон равад.Мардум дар майдони Кӯҳна ҷамъ омаданд, ки миёни онҳо хешовандони онҳое ҳастанд, ки дар минтақаи наздимарзӣ зиндагӣ мекунанд. Онҳо талаб карданд, ки мақомот ба вилояти Бодканд раванд.Дар ҳоли ҳозир, муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Уларбек Шаршеев фавран ба вилояти Бодканд парвоз кард.Гуфта мешавад, ки Шаршеев амалҳои нерӯҳои амниятиро дар қитъаи марзи Қирғизистону Тоҷикистон барои ба эътидол овардани вазъ шахсан ҳамоҳанг хоҳад кард.Тибқи иттилои КДАМ, вазъи дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон бо унсурҳои ташаннуҷ нисбатан мӯътадил аст.Ёдовар мешавем, ки санаи 28-уми апрел, сокинони Хоҷаи Аъло (Исфара, Тоҷикистон) ва Куктош (Бодканд, Қирғизистон) дар наздикии Маркази тақсими оби "Головной" дар марз муноқиша карданд.Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, дар ин ҳодиса 7 нафар захмӣ шуданд. Ҷониби Қирғизистон мегӯяд, дастикам ду сокини ин кишвар маҷруҳ шуда, ба бемористон интиқол ёфтанд.Ҷанҷол баъд аз он оғоз шуд, ки Тоҷикистон хост, дар наздикии Маркази тақсими об дурбинҳои назоратӣ насб кунад. Ба иттилои сокинони Хоҷаи Аъло, пештар дар он ҷо мақомоти Қирғизистон чунин дурбин насб карда буданд, вале марзбонони кишвари ҳамсоя ба насби дурбин аз ҷониби Тоҷикистон мухолифат кардаанд.Хатти марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр тӯл дорад ва то кунун танҳо 504 километри он таъйин ва аломатгузорӣ шудааст.Дар минтақаҳои аломатгузоринашудаи марз, умдатан дар байни вилоятҳои Суғд ва Бодканд, борҳо сокинон барои дастрасӣ ба обу чарогоҳ даст ба гиребон шудаанд.Муноқиша дар як минтақа сарзад, ки он замон раҳбари вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси вилояти Ботканд Омурбек Суваналиев дар минтақаи бетарафи ҳудудӣ барои ҳалли низоъҳо мулоқот мекарданд.Ҷонибҳо дар бораи пешгирии сохтмонҳои ғайриқонунӣ дар марз ва қаламравҳои баҳснок, инчунин ҳалли саривақтии масъалаҳои обёрӣ ва ҳавзаи об изҳори назар карданд.
https://sputnik.tj/20210429/hadamoti-marzboni-qirghiziston-favran-marz-1039143922.html
https://sputnik.tj/20210429/marz-qirghiziston-tojikiston-1039137169.html
https://sputnik.tj/20210429/qirghiziston-dehot-holati-favquloda-1039134208.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/16/1032673519_85:0:1377:969_1920x0_80_0_0_61340f5725b0b3897cebb5feababb1cc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қирғизистоон, ҷабборов, бодканд, раисҷумҳур, марз
қирғизистоон, ҷабборов, бодканд, раисҷумҳур, марз
Сокинони Қирғизистон аз президент талаб доранд, ки шахсан ба марз биёяд
15:23 29.04.2021 (Навсозишуда: 15:46 29.04.2021) Сокинони вилояти Бодканд аз Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон талаб карданд, ки ба маҳалли муноқишаҳои марзӣ ба назди сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон ҳозир шавад
ДУШАНБЕ, 29 апрел - Sputnik. Сокинони минтақаи Бодканд талаб доранд, ки президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов, сарвазир Улуғбек Марипов ва роҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Қамчибек Тошиев ба назди онҳо биоянд.
Дар ин бора ба
Sputnik Қирғизистон вакили Шӯрои деҳоти Ак-Татир Мухторалӣ Ҳолмирзоев хабар додааст.
Манбаъ илова кардааст, ки вазъ дар марз то ҳол ба эътидол наомадааст.Тирпарронӣ дар маҳал садо медиҳад ва бо вуҷуди ин, сокинони деҳаҳои дигари минтақаи Бодканд ба минтақаи низоъ мешитобанд.
Ғайр аз ин, мардуме, ки имрӯз назди бинои ҳукумати Бишкек ҷамъ омадаанд аз раисҷумҳур низ талаб доранд, ки фавран ба ҷои муноқиша ба марзи Қирғизистону Тоҷикистон равад.
Мардум дар майдони Кӯҳна ҷамъ омаданд, ки миёни онҳо хешовандони онҳое ҳастанд, ки дар минтақаи наздимарзӣ зиндагӣ мекунанд. Онҳо талаб карданд, ки мақомот ба вилояти Бодканд раванд.
Дар ҳоли ҳозир, муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Уларбек Шаршеев фавран ба вилояти Бодканд парвоз кард.
Гуфта мешавад, ки Шаршеев амалҳои нерӯҳои амниятиро дар қитъаи марзи Қирғизистону Тоҷикистон барои ба эътидол овардани вазъ шахсан ҳамоҳанг хоҳад кард.
Тибқи иттилои КДАМ, вазъи дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон бо унсурҳои ташаннуҷ нисбатан мӯътадил аст.
Ёдовар мешавем, ки санаи 28-уми апрел, сокинони Хоҷаи Аъло (Исфара, Тоҷикистон) ва Куктош (Бодканд, Қирғизистон) дар наздикии Маркази тақсими оби "Головной" дар марз муноқиша карданд.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, дар ин ҳодиса 7 нафар захмӣ шуданд. Ҷониби Қирғизистон мегӯяд, дастикам ду сокини ин кишвар маҷруҳ шуда, ба бемористон интиқол ёфтанд.
Ҷанҷол баъд аз он оғоз шуд, ки Тоҷикистон хост, дар наздикии Маркази тақсими об дурбинҳои назоратӣ насб кунад. Ба иттилои сокинони Хоҷаи Аъло, пештар дар он ҷо мақомоти Қирғизистон чунин дурбин насб карда буданд, вале марзбонони кишвари ҳамсоя ба насби дурбин аз ҷониби Тоҷикистон мухолифат кардаанд.
Хатти марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр тӯл дорад ва то кунун танҳо 504 километри он таъйин ва аломатгузорӣ шудааст.
Дар минтақаҳои аломатгузоринашудаи марз, умдатан дар байни вилоятҳои Суғд ва Бодканд, борҳо сокинон барои дастрасӣ ба обу чарогоҳ даст ба гиребон шудаанд.
Муноқиша дар як минтақа сарзад, ки он замон раҳбари вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси вилояти Ботканд Омурбек Суваналиев дар минтақаи бетарафи ҳудудӣ барои ҳалли низоъҳо мулоқот мекарданд.
Ҷонибҳо дар бораи пешгирии сохтмонҳои ғайриқонунӣ дар марз ва қаламравҳои баҳснок, инчунин ҳалли саривақтии масъалаҳои обёрӣ ва ҳавзаи об изҳори назар карданд.