https://sputnik.tj/20210429/muloqoti-shuroho-amniyati-rusiya-tojikiston--1039133743.html
Котибони Шӯроҳои амнияти Русияву Тоҷикистон дар Душанбе ҳамкориҳоро баррасӣ карданд
Котибони Шӯроҳои амнияти Русияву Тоҷикистон дар Душанбе ҳамкориҳоро баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Дабирони Шӯроҳои Амнияти Русия Николай Патрушев ва Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода дар Душанбе нақшаҳои ҳамкориҳои кишварҳоро дар соҳаи амният барои солҳои 2021-2022 баррасӣ карданд.
2021-04-29T10:39+0500
2021-04-29T10:39+0500
2021-04-29T11:51+0500
дар тоҷикистон
саад
эмомалӣ раҳмон
девони вазирон
баррасӣ
николай патрушев
нишаст
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102959/12/1029591214_0:30:2901:1662_1920x0_80_0_0_8aecedd8f1ad5eb24834b1c3b44d6559.jpg
ДУШАНБЕ, 29 апр – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Шӯрои Амнияти Русия мулоқоти ҷонибҳо имрӯз доир гашта, дар он таҳкими ҳамкорӣ дар мубориза бо созмонҳои байналмилалии террористӣ ва экстремистӣ ва баланд бардоштани самаранокии ҳамкорӣ дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ шудааст.Ба иттилои манбаъ, ҳамзамон ҷонибҳо дар бораи вазъи Афғонистон мубодилаи афкор карданд.Ёдовар мешавем, имрӯз, дар Душанбе нишасти Кумитаи дабирони шӯроҳои амнияти кишварҳои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ баргузор мешавад.Иштирокчиёни ҷаласа масъалаҳои амнияти ҳарбӣ, мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳо ва чораҳои безараргардонии онҳоро муҳокима хоҳанд кард. Дар ҷаласа нақшаи муҷаҳҳазгардонии нерӯҳои дастаҷамъии вокуниши сареъ, омӯзиши муштараки нерӯҳо ва воситаҳои системаи амнияти дастаҷамъӣ ва Нақшаи машваратҳо оид ба сиёсати хориҷӣ, мудофиа ва амният барои нимаи дуюми соли 2021 - нимсолаи аввали 2022 баррасӣ карда мешаванд.Инчунин дар рӯзномаи ҷаласаҳо баррасии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии имзои Созишномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва 20-умин солгарди таъсиси СААД мавҷуд аст.Пеш аз оғози ҷаласаҳои Шӯрои вазирони мудофиа ва СААД, вазирони дифоъ ва котибони Шӯроҳои Амниятро Раиси Шӯрои Амнияти Дастаҷамъии СААД, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қабул хоҳад кард.
https://sputnik.tj/20210427/dabiri-kull-saad-vaz-pechida-noustuvor-1039102303.html
https://sputnik.tj/20210225/Nigaroni-SAAD-huzur-hazoron-jangju-marz-Tajikistanu-Afghanistan-1032890262.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102959/12/1029591214_80:0:2809:2047_1920x0_80_0_0_f1643a9dca37bda7a187e048e03d7fc1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
амният, ҳамкорӣ, тоҷикистон, русия
амният, ҳамкорӣ, тоҷикистон, русия
Котибони Шӯроҳои амнияти Русияву Тоҷикистон дар Душанбе ҳамкориҳоро баррасӣ карданд
10:39 29.04.2021 (Навсозишуда: 11:51 29.04.2021) Дабирони Шӯроҳои Амнияти Русия Николай Патрушев ва Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода дар Душанбе нақшаҳои ҳамкориҳои кишварҳоро дар соҳаи амният барои солҳои 2021-2022 баррасӣ карданд.
ДУШАНБЕ, 29 апр – Sputnik. Тибқи иттилои
дафтари матбуоти Шӯрои Амнияти Русия мулоқоти ҷонибҳо имрӯз доир гашта, дар он таҳкими ҳамкорӣ дар мубориза бо созмонҳои байналмилалии террористӣ ва экстремистӣ ва баланд бардоштани самаранокии ҳамкорӣ дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳамзамон ҷонибҳо дар бораи вазъи Афғонистон мубодилаи афкор карданд.
Ёдовар мешавем, имрӯз, дар Душанбе нишасти Кумитаи дабирони шӯроҳои амнияти кишварҳои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ баргузор мешавад.
Иштирокчиёни ҷаласа масъалаҳои амнияти ҳарбӣ, мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳо ва чораҳои безараргардонии онҳоро муҳокима хоҳанд кард.
Дар ҷаласа нақшаи муҷаҳҳазгардонии нерӯҳои дастаҷамъии вокуниши сареъ, омӯзиши муштараки нерӯҳо ва воситаҳои системаи амнияти дастаҷамъӣ ва Нақшаи машваратҳо оид ба сиёсати хориҷӣ, мудофиа ва амният барои нимаи дуюми соли 2021 - нимсолаи аввали 2022 баррасӣ карда мешаванд.
Инчунин дар рӯзномаи ҷаласаҳо баррасии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии имзои Созишномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва 20-умин солгарди таъсиси СААД мавҷуд аст.
Пеш аз оғози ҷаласаҳои Шӯрои вазирони мудофиа ва СААД, вазирони дифоъ ва котибони Шӯроҳои Амниятро Раиси Шӯрои Амнияти Дастаҷамъии СААД, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қабул хоҳад кард.