https://sputnik.tj/20210225/Nigaroni-SAAD-huzur-hazoron-jangju-marz-Tajikistanu-Afghanistan-1032890262.html
Нигарониҳои СААД аз ҳузури ҳазорон ҷангҷӯ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон
Нигарониҳои СААД аз ҳузури ҳазорон ҷангҷӯ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
Фармондеҳи Ситоди муштараки Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ эълон кард, заифии мақомоти низомии Афғонистон дар муқобила бо гуруҳҳои террористӣ ва ҳамзамон... 25.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-25T18:30+0500
2021-02-25T18:30+0500
2021-04-19T16:54+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
анатолий сидоров
саад
неруҳо
террористӣ
доиш
афғонистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103063/69/1030636936_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_73dca584ebfe820cf4b5c83ca3b6ce91.jpg
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Анатолий Сидоров, фармондеҳи Ситоди муштараки СААД имрӯз зимни як конфронси онлайнӣ дар вазорати дифои Тоҷикистон қайд кард, ки ҳоло шумораи ҷангҷӯёни Толибон (гурӯҳи террористии фаъолияташон дар Тоҷикистон ва Русия мамнӯъ) дар Афғонистон наздик 70 ҳазор, тахмин зада мешавад.Ҳамзамон вай таъкид дошт, ки дар Афғонистон 4 ҳазор нафар ҷангҷӯёни ДОИШ ё гуруҳи "Давлати исломӣ" (гурӯҳи террористии фаъолияташон дар Тоҷикистон ва Русия мамнӯъ) ва 2,5 ҳазор нафар ҷангҷӯёни гурӯҳи Ҳаракати исломии Узбекистонро ҳузур доранд.Вай хусусан қайд кард, ки террористу эстремистҳо минтақаҳои зиёди қаламрави Афғонистонро зери контроли худ гирифтаанд ва дар ин авохир бештар дар шимол, ҷануб ва ҷануб-шарқи ин кишвар фаъол шудаанд.Гуфта шудааст, ки шумораи умумии ин гуруҳҳо дар ноҳияҳои марзӣ бо Тоҷикистон ва Турманистон ба 15 ҳазор нафар мерасад.Дар ҳамин ҳол, фармондеҳи ситоди муштараки СААД зикр кард, ки заифии мақомоти низомии Афғонистон дар муқобила бо гуруҳҳои террористӣ ва ҳамзамон хуруҷи саросемавори неруҳои низомии хориҷӣ аз ин кишвар танҳо ба манфиати ин гуруҳҳо ва афзоиши шумораи ҷонибдоронашон мебошад.Анатолий Сидоров, қайд кард, ки дар ин марҳила хориҷ шудани нерӯҳои хориҷӣ аз қаламрави Афғонистон боиси ташаннуҷи вазъ ва интиқоли фаъолияти террористон ба қаламрави кишварҳои сиёси Марказӣ мегардад .Ҳамзамон фармондеҳи Ситоди муштараки СААД хабар дод, ки бо манзури вазъи нигаронкунандаи Афғонистон ин созмон дар Тоҷикистон 4 машқи низомӣ баргузор хоҳад кард.Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистон бо Афғонистон бештар аз 1400 километр марзи муштарак дорад, ки бештарини он дар минтақаҳои куҳистонии назораташ мушкил тул кашидааст.
https://sputnik.tj/20210220/Kazantsev-Tolibon-Afgonistonro-1032863689.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103063/69/1030636936_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_7fb1c3bb34b74b3de4a3922367ec5692.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, амният ва мудофиа, анатолий сидоров, саад, неруҳо, террористӣ, доиш, афғонистон
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, амният ва мудофиа, анатолий сидоров, саад, неруҳо, террористӣ, доиш, афғонистон
Нигарониҳои СААД аз ҳузури ҳазорон ҷангҷӯ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон
18:30 25.02.2021 (Навсозишуда: 16:54 19.04.2021) Фармондеҳи Ситоди муштараки Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ эълон кард, заифии мақомоти низомии Афғонистон дар муқобила бо гуруҳҳои террористӣ ва ҳамзамон хуруҷи неруҳои низомии хориҷӣ аз ин кишвар фацат ба манфиати ДОИШ аст
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Анатолий Сидоров, фармондеҳи Ситоди муштараки СААД имрӯз зимни як конфронси онлайнӣ дар вазорати дифои Тоҷикистон қайд кард, ки ҳоло шумораи ҷангҷӯёни Толибон (гурӯҳи террористии фаъолияташон дар Тоҷикистон ва Русия мамнӯъ) дар Афғонистон наздик 70 ҳазор, тахмин зада мешавад.
Ҳамзамон вай таъкид дошт, ки дар Афғонистон 4 ҳазор нафар ҷангҷӯёни ДОИШ ё гуруҳи "Давлати исломӣ" (гурӯҳи террористии фаъолияташон дар Тоҷикистон ва Русия мамнӯъ) ва 2,5 ҳазор нафар ҷангҷӯёни гурӯҳи Ҳаракати исломии Узбекистонро ҳузур доранд.
Вай хусусан қайд кард, ки террористу эстремистҳо минтақаҳои зиёди қаламрави Афғонистонро зери контроли худ гирифтаанд ва дар ин авохир бештар дар шимол, ҷануб ва ҷануб-шарқи ин кишвар фаъол шудаанд.
Гуфта шудааст, ки шумораи умумии ин гуруҳҳо дар ноҳияҳои марзӣ бо Тоҷикистон ва Турманистон ба 15 ҳазор нафар мерасад.
Дар ҳамин ҳол, фармондеҳи ситоди муштараки СААД зикр кард, ки заифии мақомоти низомии Афғонистон дар муқобила бо гуруҳҳои террористӣ ва ҳамзамон хуруҷи саросемавори неруҳои низомии хориҷӣ аз ин кишвар танҳо ба манфиати ин гуруҳҳо ва афзоиши шумораи ҷонибдоронашон мебошад.
Анатолий Сидоров, қайд кард, ки дар ин марҳила хориҷ шудани нерӯҳои хориҷӣ аз қаламрави Афғонистон боиси ташаннуҷи вазъ ва интиқоли фаъолияти террористон ба қаламрави кишварҳои сиёси Марказӣ мегардад .
Ҳамзамон фармондеҳи Ситоди муштараки СААД хабар дод, ки бо манзури вазъи нигаронкунандаи Афғонистон ин созмон дар Тоҷикистон 4 машқи низомӣ баргузор хоҳад кард.
Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистон бо Афғонистон бештар аз 1400 километр марзи муштарак дорад, ки бештарини он дар минтақаҳои куҳистонии назораташ мушкил тул кашидааст.