https://sputnik.tj/20210427/dabiri-kull-saad-vaz-pechida-noustuvor-1039102303.html
Дабири кулли СААД вазъро печида ва ноустувор хонд
Дабири кулли СААД вазъро печида ва ноустувор хонд
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҷаласаи вазирони мудофиаи СААД санадҳои муҳими стратегӣ ба имзо расиданд ва нақшаи чорабиниҳо барои ояндаи наздик муайян карда шуд
2021-04-27T20:44+0500
2021-04-27T20:44+0500
2021-04-27T20:44+0500
амният ва мудофиа
афғонистон
осиёи марказӣ
вазъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1b/1039086865_0:67:1281:787_1920x0_80_0_0_95e543f6ecd1b8a826c6496658eda776.jpg
ДУШАНБЕ, 27 апр - Sputnik. Пас аз ҷаласаи Шӯрои вазирони дифоъ, дабири кулли СААД Станислав Зас гуфт, ки мавзӯи асосии муколама чолишҳо ва таҳдидҳо ба амнияти низомии кишварҳои узви СААД ва чораҳои бартарафсозии онҳо мебошад. Ғайр аз он, фазои сиёсӣ дар қаламрави масъулияти созмон - дар минтақаҳои Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ баррасӣ карда шуд. "Агар мо вазъро дар маҷмӯъ тавсиф кунем, ин хеле печида ва ноустувор аст. Мо афзоиши равандҳои манфиро дар соҳаи таъмини амнияти низомӣ ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ ва ҳам минтақавӣ қайд мекунем", - гуфт Зас.Дабири кулли СААД афзуд, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ амнияти дастаҷамъӣ бештар ба вазъи кишвари ҳамсоя - Афғонистон вобаста аст, ки дар он ҷо фаъолияти созмонҳои байналмилалии террористӣ афзоиш ёфтааст ва таваҷҷӯҳи Толибон* ба манотиқи шимолии кишвар афзоиш меёбад. Барои танзими вазъ дар қаламрави таҳти назорати созмон ва марзҳои он як қатор чораҳо андешида шуданд. Аз ҷумла, Шӯрои вазирони дифоъи СААД муҳимтарин санад - Нақшаи муҷаҳҳаз кардани нерӯҳои дастаҷамъии вокуниши сареъро бо аслиҳаи муосир, таҷҳизоти ҳарбӣ ва махсус ва воситаҳои махсус тасдиқ кард. Амалисозии ин нақша ба баланд бардоштани сатҳи таҷҳизоти техникии ҷузъҳои нерӯҳои СААД нигаронида шудааст.
https://sputnik.tj/20210427/shoygu-rusiya-tojikiston-nizomi-difoi-havoi-1039069774.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1b/1039086865_70:0:1209:854_1920x0_80_0_0_3b2bc858a70070b495c3322f1eb54fee.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вазъ, печида, вазир
Дабири кулли СААД вазъро печида ва ноустувор хонд
Дар ҷаласаи вазирони мудофиаи СААД санадҳои муҳими стратегӣ ба имзо расиданд ва нақшаи чорабиниҳо барои ояндаи наздик муайян карда шуд
ДУШАНБЕ, 27 апр - Sputnik. Пас аз ҷаласаи Шӯрои вазирони дифоъ, дабири кулли СААД Станислав Зас гуфт, ки мавзӯи асосии муколама чолишҳо ва таҳдидҳо ба амнияти низомии кишварҳои узви СААД ва чораҳои бартарафсозии онҳо мебошад.
Ғайр аз он, фазои сиёсӣ дар қаламрави масъулияти созмон - дар минтақаҳои Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ баррасӣ карда шуд.
"Агар мо вазъро дар маҷмӯъ тавсиф кунем, ин хеле печида ва ноустувор аст. Мо афзоиши равандҳои манфиро дар соҳаи таъмини амнияти низомӣ ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ ва ҳам минтақавӣ қайд мекунем", - гуфт Зас.
Дабири кулли СААД афзуд, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ амнияти дастаҷамъӣ бештар ба вазъи кишвари ҳамсоя - Афғонистон вобаста аст, ки дар он ҷо фаъолияти созмонҳои байналмилалии террористӣ афзоиш ёфтааст ва таваҷҷӯҳи Толибон* ба манотиқи шимолии кишвар афзоиш меёбад.
“Қочоқи маводи нашъаовар тариқи қаламрави таҳти идораи Толибон барои давлатҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ мояи нигаронист, чун интиқоли маводи мухаддир аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории ифротгароён мебошад", - изҳор дошт Зас.
Барои танзими вазъ дар қаламрави таҳти назорати созмон ва марзҳои он як қатор чораҳо андешида шуданд. Аз ҷумла, Шӯрои вазирони дифоъи СААД муҳимтарин санад - Нақшаи муҷаҳҳаз кардани нерӯҳои дастаҷамъии вокуниши сареъро бо аслиҳаи муосир, таҷҳизоти ҳарбӣ ва махсус ва воситаҳои махсус тасдиқ кард.
Амалисозии ин нақша ба баланд бардоштани сатҳи таҷҳизоти техникии ҷузъҳои нерӯҳои СААД нигаронида шудааст.