https://sputnik.tj/20210429/barhurd-moshin-huroson-1039134077.html
Бархӯрди ду мошин дар Хуросон ҷони мусофири 32 - соларо гирифт
Бархӯрди ду мошин дар Хуросон ҷони мусофири 32 - соларо гирифт
Sputnik Тоҷикистон
Садама дар ҳоле рух дод, ки ронандаи 21 - сола аз ӯҳдаи идораи автомашина баромада ба худрави дигар бархӯрд. Дар натиҷа як мусофир ҳалок ва дуи дигар сахт ҷароҳатдор шуданд.
2021-04-29T10:53+0500
2021-04-29T10:53+0500
2021-07-21T18:45+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
мошин
роҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103027/66/1030276677_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_2478b7586c47eb8c2238e2e7847ad563.jpg
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Садамаи маргбори нақлиётӣ дар ҳудуди ноҳияи Хуросон, рӯзи 28 апрел рух дод, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи нохуш соати 13:30 дақиқа дар ҳоле рух дод, ки ронандаи 21 - солаи худрави "Тайота-Королла", Сулаймонов Ҷамшед аз самти Бохтар ба шаҳри Душанбе равона буд.Номбурда дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Хундай-Аванта”, таҳти идораи ронанда, Назаров Авазалии 31 - сола, сокини ноҳияи Шаҳритӯс бархӯрд.Манбаъ меафзояд, дар натиҷаи бархӯрди ду худрав, мусофирони дохили автомашинаи тамғаи “Хундай-Аванта”, Абдусамадов Донои 32 - сола, Назаров Муҳиддини 63 - сола ва ҳамчунин ронандаи автомашинаи “Тайота-Королла”, Сулаймонов ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.Гуфта мешавад, ҳамаи ҷароҳатбардоштаҳоро фавран ба бемористон интиқол доданд, аммо мусофир Абдусамадов дар роҳ ба беморхона ҷон аз даст дод.ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.
https://sputnik.tj/20210424/halokati-arobakashi-solhurda-sadama-1039009952.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103027/66/1030276677_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_40fe1c862f2d257dfca6641af63835b3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
садама, мошин роҳ, хуросон
садама, мошин роҳ, хуросон
Бархӯрди ду мошин дар Хуросон ҷони мусофири 32 - соларо гирифт
10:53 29.04.2021 (Навсозишуда: 18:45 21.07.2021) Бар асари бархӯрди ду автомашина дар роҳи ноҳияи Хуросон як мусофир ҳалок ва дуи дигар бистарии беморхона шуданд
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Садамаи маргбори нақлиётӣ дар ҳудуди ноҳияи Хуросон, рӯзи 28 апрел рух дод, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи нохуш соати 13:30 дақиқа дар ҳоле рух дод, ки ронандаи 21 - солаи худрави "Тайота-Королла", Сулаймонов Ҷамшед аз самти Бохтар ба шаҳри Душанбе равона буд.
Номбурда дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Хундай-Аванта”, таҳти идораи ронанда, Назаров Авазалии 31 - сола, сокини ноҳияи Шаҳритӯс бархӯрд.
Манбаъ меафзояд, дар натиҷаи бархӯрди ду худрав, мусофирони дохили автомашинаи тамғаи “Хундай-Аванта”, Абдусамадов Донои 32 - сола, Назаров Муҳиддини 63 - сола ва ҳамчунин ронандаи автомашинаи “Тайота-Королла”, Сулаймонов ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.
Гуфта мешавад, ҳамаи ҷароҳатбардоштаҳоро фавран ба бемористон интиқол доданд, аммо мусофир Абдусамадов дар роҳ ба беморхона ҷон аз даст дод.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.