https://sputnik.tj/20210424/halokati-arobakashi-solhurda-sadama-1039009952.html
Ҳалокати аробакаши солхӯрда дар садама
Ҳалокати аробакаши солхӯрда дар садама
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳалокати аробакаши 74 - сола дар роҳи Айнӣ - Панҷакент хабар додааст
2021-04-24T10:30+0500
2021-04-24T10:30+0500
2021-08-10T16:49+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
вазорат
даргузашт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102438/93/1024389353_20:0:982:541_1920x0_80_0_0_2f14b734718cd56f6fa77ecc392476bb.jpg
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ҳодисаи маргбор рӯзи 23-юми апрели соли равон, тахминан соати 10:40 дақиқа рух додааст. Манбаъ далели рух додани ҳодисаро ноуҳдабароии ронандаи мошини "Дэу Лабо" хондааст, ки аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, пирамардро бо хараробааш зер кардааст. "Ронандаи автомашинаи тамғаи "Дэу-Лабо", Солиҳов Парвиз, сокини 48-солаи шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди Айнӣ-Панҷакент, дар ҳудуди деҳаи Сӯфиёни ҷамоати деҳоти Ҳ.Ҳасани шаҳри мазкур, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, хараробаи Холмуродов Нормурод, соли таваллудаш 1947 - ро пахш намудааст", - омадааст дар иттилоия. Таъкид шудааст, пирамард, ки худ сокини ҷамоати деҳоти Ҳ.Ҳасан будааст, бо роҳи асосӣ ҳаракат мекардааст. Ба иттилои Вазорати умури дохилӣ дар натиҷаи ин ҳодиса Холмуродов ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Вазорати умури дохилӣ афзуд, ки феълан аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.
https://sputnik.tj/20210412/barhurd-mercedes-marg-sadama-khatlon-1035305086.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102438/93/1024389353_140:0:861:541_1920x0_80_0_0_9e2327d63f7ff347a7b479ce212add85.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, садама, нақлиёт, ҳалокат
тоҷикистон, садама, нақлиёт, ҳалокат
Ҳалокати аробакаши солхӯрда дар садама
10:30 24.04.2021 (Навсозишуда: 16:49 10.08.2021) Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳалокати аробакаши 74 - сола дар роҳи Айнӣ - Панҷакент хабар додааст
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ҳодисаи маргбор рӯзи 23-юми апрели соли равон, тахминан соати 10:40 дақиқа рух додааст.
Манбаъ далели рух додани ҳодисаро ноуҳдабароии ронандаи мошини "Дэу Лабо" хондааст, ки аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, пирамардро бо хараробааш зер кардааст.
"Ронандаи автомашинаи тамғаи "Дэу-Лабо", Солиҳов Парвиз, сокини 48-солаи шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди Айнӣ-Панҷакент, дар ҳудуди деҳаи Сӯфиёни ҷамоати деҳоти Ҳ.Ҳасани шаҳри мазкур, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, хараробаи Холмуродов Нормурод, соли таваллудаш 1947 - ро пахш намудааст", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, пирамард, ки худ сокини ҷамоати деҳоти Ҳ.Ҳасан будааст, бо роҳи асосӣ ҳаракат мекардааст.
Ба иттилои Вазорати умури дохилӣ дар натиҷаи ин ҳодиса Холмуродов ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Вазорати умури дохилӣ афзуд, ки феълан аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.