Чаро Русия киштиҳои ҷангиашро ба самти Баҳри Сиёҳ равон кард?

© Sputnik / Александр Гальперин / Гузариш ба медиабонкРакетный крейсер "Маршал Устинов"
Ракетный крейсер Маршал Устинов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2021
Обуна шудан
Интиқоли беназири киштиҳои мушакдор ва обхокии нерӯҳои дарёии Каспий, Балтика ва Шимолии Русия ба самти Баҳри Сиёҳ ин намоиши омодагии Русия аз дифоъи худ аст.
Агар мо Баҳри Сиёҳро дар тахтаи шоҳмот муқоиса кунем, маълум мешавад, ки Русия дар ин минтақа "донаҳо"-и бештаре дорад, ки дар бозии низомию стратегии пешниҳодкардаи Ғарб ба таври назаррас самараноктаранд.
Гурӯҳи иборат аз 15 киштии нирӯҳои дарёии Каспий субҳи 17 апрел аз зери пули Қрим гузашта, ба самти минтақаи муқарраршудаи Баҳри Сиёҳ равон шуданд.
Худи ҳамон рӯз, ду киштии бузурги ҷангии нирӯҳои дарёии Шимолии Русия бо номҳои "Александр Отраковский" ва "Кондопога" аз самти тангаи Босфор ба самти Баҳри Сиёҳ равон шуданд ва баъдтар - ду киштии шабеҳ аз нирӯҳои дарёии Балтика бо номт "Калининград" ва " Королёв” ба сафи онҳо ҳамроҳ шуданд. Бо дарназардошти ҳафт киштии обхокии нирӯҳои дарёии Русия дар Баҳри Сиёҳ, шумори умумии онҳо ба 11 адад расидааст, қодир аст ба ҷои ҷанг тақрибан се ҳазор нафар аскари пиёдагард бо тамоми силоҳ ва мошинҳои зиреҳпӯш (беш аз 100 тонк)-ро интиқол диҳад. Ҳамзамон, киштиҳои хурди обхокиро бояд дар назар гирифт.
Разведчики НАТО зачастили с полетами у российских границ. Зачем им Камчатка и Донбасс? - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2021
Ҷосусони НАТО дар назди марзи Русия: чиро ва чаро назорат мебаранд? - видео
Бо дарназардошти вазъи душвори минтақа нирӯҳои дарёии Каспий, Балтик ва Шимолӣ дар якҷоягӣ бо нирӯҳои дарёии Баҳри Сиёҳ дар манёври васеъ ширкат доранд. Онҳо қодиранд бо истифода аз мушакҳои болдори Калибр мисли амалиётҳои "нақшаи Либия" ё "тӯфони биёбон" дар ҳудуди 2000 км зарба зананд. Онҳо метавонанд таҷовузгарро дар қаламрави ҳар кишвари Аврупо нобуд созанд. Инчунин, ба ин амалиёт туфангдорони дарёӣ ва нерӯҳои соҳилии Баҳри Сиёҳ ва Каспий ҷалб шуданд. Ба марзҳои ҷануб-ғарби Русия ду артиш, се дивизияи десантӣ, ҳавопаймоҳои ҷангӣ сафарбар шудааст. Нерӯҳои Қрим дар хушкӣ, баҳр ва ҳаво ба “пешвозӣ гарми" нерӯҳои душмани эҳтимолӣ омода мебошанд.

Посух ба фишори Ғарб

Дар Аврупои Шарқӣ, машқҳои Defender Europe 21-и артиши ИМА бо иштироки 30 ҳазор сарбоз аз 26 кишвар ҷараён доранд, машқҳо дар минтақаи Баҳри Сиёҳ моҳи май ба нақша гирифта шудааст. То ин замон, киштиҳои ҷангии Бритониё бо мушакҳои зидди киштии амрикоии "Харпун", низомҳои зиддимушакии "Sea Wolf" низ ба минтақи мерасанд. Маълум аст, ки киштиҳои нерӯҳои баҳрии Бритониё дар минтақаи Баҳри Сиёҳ омодаанд ҳавопаймоҳои ҷангии бомбаандози F-35-ро аз киштиии ҳавопаймобари “Маликаи Елезавета” дастгириву ҳимоя кунанд.
Военные учения боевой группы передового присутствия НАТО Хрустальная стрела-2021 в Адажи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2021
Кремл аз оқибатҳои эҳтимолии вуруди Украина ба НАТО гуфт
Дар пасманзари шиддатёбии ҷиддии вазъ дар Донбасс, дабири Шӯрои Амнияти Русия Николай Патрушев қаблан гуфта буд, ки Иёлоти Муттаҳида ва шариконаш Украинаро ба иғвоҳои зидди Қрим тела медиҳанд.
Қувваҳои Мусаллаҳи Русия пеши роҳи "муҳофизони аврупоиро” ба соҳили Қрим бастаанд. Дар робита ба манёврҳои низомии ба нақша гирифташуда, Русия аз 21 апрел то 31 октябри соли равон, якчанд минтақаи Баҳри Сиёҳро барои киштиҳои хориҷӣ мебандад. Дар хотир доред, ки ҳама маҳдудиятҳо дар дохили ҳудуди Русия амал мешавад. Русия қоидаҳои байналмилалиро қатъиян риоя мекунанд ва ба киштигардии ғайринизомӣ халал намерасонанд.
Заместитель руководителя администрации президента, пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2021
Ҳушдори Русия дар бораи ҳар таҳрими ҷадиди Амрико алайҳи Русия
Қаблан, дар дар наздикии Баҳри Сиёҳ машқҳои васеъ муштараки нерӯҳои ҳавоии ҳавзаи низомии ҳарбии ҷанубӣ нирӯҳои ҳавоии Баҳри Сиёҳ оғоз ёфтанд. – ҳавопаймоҳои бомбаандози Су-24М ва Су-34, Су- 27SM ва Су-30СM мушакпартои ва бомбаборонкуниро озмоиш хоҳанд кард.
Дар ин шароити Қувваҳои Мусаллаҳи "муҳофизони аврупоӣ" дар Баҳри Сиёҳ имкониятҳои маҳдуд доранд. Эҳтимол дорад ба нақшаи машқҳои Defender Europe 21 тағйирот ворид карда шавад ва дар ин сурат эътимоднокӣ ба "шарикони бузург" дар НАТО коста шавад. Изҳороти нигаронкунандаи Пентагон дар бораи суқути "озодии киштиронӣ" аз он шаҳодат медиҳад. Маълум аст, ки моҳи октябр вазъи минтақавӣ ба эътидол меояд.
Лентаи хабарҳо
0