Ҳушдори Русия дар бораи ҳар таҳрими ҷадиди Амрико алайҳи Русия

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкЗаместитель руководителя администрации президента, пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков
Заместитель руководителя администрации президента, пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2021
Обуна шудан
Сухангӯи раёсати Ҷумҳурии Русия аз ҳама гуна таҳримоти нави Амрико алайҳи Русия ҳушдор дод
ДУШАНБЕ, 20 апрел - Sputnik. Дмитрий Песков, сухангӯии раисҷумҳури Русия ба хабарнигорон таъкид кардааст, ки ҳар таҳрим ё маҳдудияти ҷадиде, ки давлати Амрико бар Русия эъмол кунад, бо вокуниши мутақобили Маскав рӯ ба рӯ хоҳад шуд.
Песков дар бораи танишҳои ахири байни Русия ва Ҷумҳурии Чехия низ изофа кард, ки ихроҷи дипломатҳои рус аз сӯи Прага, рафтори таҳрикомез ва ғайридӯстона аст.
Дар ҳамин ҳол. сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Русия Мария Захарова ҳам ахиран гуфт, ки пушти иқдомоти ахири Ҷумҳурии Чехияи алайҳи Русия, аз ҷумла ихроҷи дипломатҳои рус аз Прага, Амрико қарор дорад.
 Государственный департамент США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.04.2021
Амрико таҳримҳои ҷавобии Русияро “мояи таассуф ва ташаннуҷангез” номид
Вазорати умури хориҷаи Русия ахиран дар баёнияе эълом кард, ки ин кишвар дар посух ба ихроҷи 18 дипломати худ аз Ҷумҳурии Чехия, 20 дипломати сафорати ин кишвар дар Маскавро ихроҷ кард.
Ҷумҳурии Чехия рӯзи шанбе ба 18 дипломати рус дастур дод то дар муддати 18 соат ин кишварро тарк кунанд.
Прага иддао дорад, ки ин дипломатҳо унсурҳои хадамоти махсуси Русия мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0