https://sputnik.tj/20210406/kreml-ukraina-nato-1034268497.html
Кремл аз оқибатҳои эҳтимолии вуруди Украина ба НАТО гуфт
Кремл аз оқибатҳои эҳтимолии вуруди Украина ба НАТО гуфт
Sputnik Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 6 апр - Sputnik. Пайвастани Украина ба НАТО ба кишвар танҳо зарар хоҳад овард, гуфт котиби матбуотии президенти Русия, Дмитрий Песков.
2021-04-06T17:18+0500
2021-04-06T17:18+0500
2023-10-02T17:09+0500
нато
песков
дар русия
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/1f/1033111015_0:52:1000:615_1920x0_80_0_0_26a3e89200ae2e243f4e4cdb1845577f.jpg
ДУШАНБЕ, 6 апр - Sputnik. Пайвастани Украина ба НАТО ба кишвар танҳо зарар хоҳад овард, гуфт котиби матбуотии президенти Русия, Дмитрий Песков.Қаблан президенти Украина Владимир Зеленский бо дабири кулли Эътилофи Атлантикаи Шимолӣ Йенс Столтенберг шиддат гирифтани вазъи амниятӣ дар Донбассро баррасӣ карда, гуфта буд, ки узвият дар ин блок ягона роҳи хатми низоъ аст.Вай хотиррасон кард, ки барои миллионҳо одамоне, ки дар худхондаи Ҷумҳурии халқии Донетск ва Ҷумҳурии халқии Луганск зиндагӣ мекунанд, чунин тасмим ғайри қобили қабул аст. Радаи болоии Украина моҳи декабри соли 2014 ба ду қонун тағйирот ворид кард ва аз мақоми ғайримуттаҳидии давлат даст кашид.Соли 2016 мақомоти кишвар узвият дар НАТО-ро ҳамчун ҳадафи сиёсати хориҷӣ эълон карданд. Моҳи феврали соли 2019, парлумони Украина тағйирот ба Конститутсияро қабул кард, ки роҳи кишварро ба самти ИА ва НАТО таъмин намуд. Ин шашумин давлате шуд, ки мақоми шарики мукаммали НАТО-ро гирифт. Пештар ин мақомро Австралия, Финландия, Гурҷистон, Урдун ва Шветсия ба даст оварда буданд. Он соли 2014 бо мақсади барқарор намудани муносибатҳои амиқи бештар дуҷониба ҷорӣ карда шуд. Дабири кулли собиқи НАТО Андерс Фог Расмуссен қаблан гуфта буд, ки барои пайвастан ба ин паймон Украина бояд ба як қатор меъёрҳое даст ёбад, ки иҷрои онҳо вақти зиёдро талаб мекунад. Коршиносон бар онанд, ки Киев наметавонад дар 20 соли оянда барои узвият дар НАТО муроҷиат кунад.
https://sputnik.tj/20210325/NATO-ba-uz-Rusiya-tahdid-dawlat-1033073254.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/1f/1033111015_56:0:944:666_1920x0_80_0_0_2370fd6d634653d3c8966a171ebd7a42.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нато, песков, дар русия, украина
нато, песков, дар русия, украина
ДУШАНБЕ, 6 апр - Sputnik. Пайвастани Украина ба НАТО ба кишвар танҳо зарар хоҳад овард, гуфт котиби матбуотии президенти Русия, Дмитрий Песков.
Қаблан президенти Украина Владимир Зеленский бо дабири кулли Эътилофи Атлантикаи Шимолӣ Йенс Столтенберг шиддат гирифтани вазъи амниятӣ дар Донбассро баррасӣ карда, гуфта буд, ки узвият дар ин блок ягона роҳи хатми низоъ аст.
Мо сахт шубҳа дорем, ки ин ба Украина дар навбати худ дар ҳалли мушкилоти дохилияш кумак хоҳад кард. Аз нуқтаи назари мо, ин вазъро боз ҳам бадтар мекунад
Дмитрий Песков
сухангӯи раисиҷумҳури Русия
Вай хотиррасон кард, ки барои миллионҳо одамоне, ки дар худхондаи Ҷумҳурии халқии Донетск ва Ҷумҳурии халқии Луганск зиндагӣ мекунанд, чунин тасмим ғайри қобили қабул аст.
Радаи болоии Украина моҳи декабри соли 2014 ба ду қонун тағйирот ворид кард ва аз мақоми ғайримуттаҳидии давлат даст кашид.
Соли 2016 мақомоти кишвар узвият дар НАТО-ро ҳамчун ҳадафи сиёсати хориҷӣ эълон карданд. Моҳи феврали соли 2019, парлумони Украина тағйирот ба Конститутсияро қабул кард, ки роҳи кишварро ба самти ИА ва НАТО таъмин намуд. Ин шашумин давлате шуд, ки мақоми шарики мукаммали НАТО-ро гирифт.
Пештар ин мақомро Австралия, Финландия, Гурҷистон, Урдун ва Шветсия ба даст оварда буданд. Он соли 2014 бо мақсади барқарор намудани муносибатҳои амиқи бештар дуҷониба ҷорӣ карда шуд.
Дабири кулли собиқи НАТО Андерс Фог Расмуссен қаблан гуфта буд, ки барои пайвастан ба ин паймон Украина бояд ба як қатор меъёрҳое даст ёбад, ки иҷрои онҳо вақти зиёдро талаб мекунад. Коршиносон бар онанд, ки Киев наметавонад дар 20 соли оянда барои узвият дар НАТО муроҷиат кунад.