https://sputnik.tj/20210412/nuh-obekti-tarihii-tojikiston-dar-unesko-1035406785.html
Нуҳ объекти таърихии дигари Тоҷикистон ба феҳристи пешакии ЮНЕСКО шомил гардид
Нуҳ объекти таърихии дигари Тоҷикистон ба феҳристи пешакии ЮНЕСКО шомил гардид
Sputnik Тоҷикистон
Нӯҳ объекти таърихию фарҳангии долони "Зарафшон-Қароқум" расман ба Феҳристии пешакии ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуданд.
2021-04-12T18:45+0500
2021-04-12T18:45+0500
2021-04-12T18:45+0500
дар тоҷикистон
осиёи марказӣ
роҳи абрешим
таърихӣ
мероси фарҳангӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103025/85/1030258522_0:315:2996:2000_1920x0_80_0_0_2aa5c078c8a4fded0de565982bb2ce62.jpg
ДУШАНБЕ, 12 апр – Sputnik. Нӯҳ объекти таърихию фарҳангии долони "Зарафшон-Қароқум" расман ба Феҳристии пешакии ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуданд.Бино ба гузориши Вазорати фарҳанг, объекти таърихию фарҳангии долони "Зарафшон-Қароқум" аз ҷониби ЮНЕСКО аз нигоҳи техникӣ дуруст ва комило арзёбӣ шудааст.Ин долонҳо дар Шоҳроҳи бузурги таърихии "Абрешим" ки тавассути кишвари мо мегузарад ҷойгир шудаанд.Аз ҷумла дар долони "Зарафшон-Қайроқум" 9 адад объектҳои таърихию фарҳангӣ аз қабили "Панҷакенти Қадима", "Шаҳраки Санҷаршоҳ", "Шаҳраки Ҳисорак", "Гардани Ҳисор", "Қалъаи Муғ", "Қум", "Тали Хамтуда", низоми обёрикунии "Токсанкорез" ва Мақбараи "Хоҷа Муҳаммади Башоро" мебошад.Ин ёдгориҳо солҳои сол аз ҷониби муҳаққиқону бостоншиносони ватаниву хориҷӣ таҳқиқу кашф ва ҳафриёт гардидаанд. Ҳамpамон, аз ҷониби мутахассисони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Вазорати фарҳанг, Вазорати корҳои хориҷӣ ва Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО дар Тоҷикистон парвандаҳои номинатсионии ёдгориҳои таърихию фарҳангии мазкур таҳия ва такмил гардида ба идораи СММ оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг ЮНЕСКО барои ворид намудан ба феҳристи ҷаҳонӣ ирсол карда шуд. Вазорат ёдоварӣ карда, ки корҳои мукаммалгардонии номинатсияҳои мазкур аз ҷониби мутахассисону кормандони соҳа мунтазам ҷараён дорад.
https://sputnik.tj/20210112/Peshniodi-Tajikistan-UNESCO-Takhti-Sangini-Qubodiyon--1032610635.html
https://sputnik.tj/20200725/Peshniodi-Toikiston-ba-YuNESKO-baroi-sabti-3-marosimi-farang-1031634971.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103025/85/1030258522_170:0:2837:2000_1920x0_80_0_0_15a77401096037631c3f6bbcaa7b68f2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
юнеско, феҳрист, ворид шудан, объект, тоҷикистон
юнеско, феҳрист, ворид шудан, объект, тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 12 апр – Sputnik. Нӯҳ объекти таърихию фарҳангии долони "Зарафшон-Қароқум" расман ба Феҳристии пешакии ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуданд.
Бино ба гузориши Вазорати фарҳанг, объекти таърихию фарҳангии долони "Зарафшон-Қароқум" аз ҷониби ЮНЕСКО аз нигоҳи техникӣ дуруст ва комило арзёбӣ шудааст.
Ин долонҳо дар Шоҳроҳи бузурги таърихии "Абрешим" ки тавассути кишвари мо мегузарад ҷойгир шудаанд.
Аз ҷумла дар долони "Зарафшон-Қайроқум" 9 адад объектҳои таърихию фарҳангӣ аз қабили "Панҷакенти Қадима", "Шаҳраки Санҷаршоҳ", "Шаҳраки Ҳисорак", "Гардани Ҳисор", "Қалъаи Муғ", "Қум", "Тали Хамтуда", низоми обёрикунии "Токсанкорез" ва Мақбараи "Хоҷа Муҳаммади Башоро" мебошад.
Ин ёдгориҳо солҳои сол аз ҷониби муҳаққиқону бостоншиносони ватаниву хориҷӣ таҳқиқу кашф ва ҳафриёт гардидаанд.
Ҳамpамон, аз ҷониби мутахассисони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Вазорати фарҳанг, Вазорати корҳои хориҷӣ ва Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО дар Тоҷикистон парвандаҳои номинатсионии ёдгориҳои таърихию фарҳангии мазкур таҳия ва такмил гардида ба идораи СММ оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг ЮНЕСКО барои ворид намудан ба феҳристи ҷаҳонӣ ирсол карда шуд.
Вазорат ёдоварӣ карда, ки корҳои мукаммалгардонии номинатсияҳои мазкур аз ҷониби мутахассисону кормандони соҳа мунтазам ҷараён дорад.