ДУШАНБЕ, 26 июл – Sputnik. Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар додааст, ки Тоҷикистон барои сабти се маросими фарҳангӣ ба ЮНЕСКО пешниҳод ироа кардааст.
Ба гуфтаи вай, дар шаш моҳи нахусти соли 2020, мутахассисони Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот бо ҳамкории комиссияи миллии Тоҷикистон, маҷмӯае аз аснодро дар мавриди маросими "Рубоб", муштарак бо Ҷумҳурии исломии Эрон ва Узбекистон, "Ҷашни сада", муштарак бо Эрон, "Кашидадӯзӣ" ё зардӯзӣ, муштарак бо кишварҳои Узбекистон ва Қазоқистон ва "Ҳикоёти Насриддин Афандӣ" муштарак бо Туркия, Озарбойҷон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Узбекистон таҳия ва ба ЮНЕСКО ирсол карданд.
Бори аввал дар Тоҷикистон ҷашнвораи "Наврӯз-меъроси фарҳангии сайёҳӣ" баргузор мешавад