https://sputnik.tj/20210412/mufti-namozi-taroveh-iftor-ruzai-muhojirin-1035314829.html
Муфтии Тоҷикистон дар бораи баргузории намози таровеҳ, ифтор ва рӯзаи муҳоҷирин гуфт
Муфтии Тоҷикистон дар бораи баргузории намози таровеҳ, ифтор ва рӯзаи муҳоҷирин гуфт
Sputnik Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 12 апрел - Sputnik. Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон гуфтааст, намози таровеҳ баргузор мешавад, зеро то ҳол Ситоди
2021-04-12T13:49+0500
2021-04-12T13:49+0500
2021-04-12T13:49+0500
дар тоҷикистон
рӯза
намоз
моҳи рамазон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101674/18/1016741857_168:13:1600:819_1920x0_80_0_0_54c60ad1267b08d53932f4579a422544.jpg
ДУШАНБЕ, 12 апрел - Sputnik. Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон гуфтааст, намози таровеҳ баргузор мешавад, зеро то ҳол Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо бемории ҳамагири COVID-19 монеае барои баргузории намози таровеҳ пешниҳод накардааст.Ӯ гуфтааст, ба ҳамаи масоҷиди панҷвақта ва ҷомеъ тавсия додаанд, ки қоидаҳои беҳдоштиро риоя намоянд, намозгузорон ҳатман бо ниқоби тиббӣ вориди масҷид шаванд, аз маҳлулҳои антисептикӣ истифода баранд ва дар масҷидҳо корҳои уфунӣ гузаронанд. Илова бар ин, фосилаҳо бояд дар сафи намоз ҳатман риоя карда шавад. Ҳамчунин, ҳар он чизе, ки Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо бемории ҳамагири COVID-19 тавсия кардааст, риоя мекунем, афзудааст раҳбари Шӯрои уламои Тоҷикистон.Муфтии Тоҷикистон дар посух ба суоли ин ки, оё нафароне, ки намози панҷвақта намегузоранд, намози таровеҳ хонда метавонанд ё на, гуфтааст намоз хондан, яъне пок шудан аз гуноҳ аст ва шариати ислом ҳеҷ вақт дар ҳеҷ шакл нафареро аз намоз хондан манъ накардааст. Абдулқодирзода дар бораи ташкили маъракаҳои ифтор гуфтааст, дар бисёр кишварҳои дунё тавсия шудааст, ки аз ифтори дастаҷамъона худдорӣ кунанд, аммо дар мо то ҳол ягон дастур дар ин маврид содир нашудааст. Баргузории маъракаи ифторро Кумитаи дин, танзими анъана ба ҷашну маросимҳо танзим мекунад. Раиси Шӯрои уламо, ҳамзамон дар бораи рӯза гирифтан ё нагирифтани муҳоҷирини меҳнатӣ дар кишваре, ки ҳанӯз дар он (Русия) коронавирус поин наёфтааст, посух гуфтааст.Номбурда гуфтааст, агар мутахассис гӯяд, ки рӯза доштан сабаби гирифторӣ ба COVID-19 мешавад, дар ин сурат шариати ислом барои пешгирии хатар иҷозат медиҳад, ки рӯзаашонро бихӯрад, вале ҳатман қазояшро бидорад. Дар дигар ҳолат бояд рӯза бигирад.
https://sputnik.tj/20210408/shuroi-ulamo-nisobi-zakot-fitri-ruza-1035092874.html
https://sputnik.tj/20210412/oghoz-moh-ramazon-tahir-sabab-1035313125.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101674/18/1016741857_253:1:1597:1009_1920x0_80_0_0_2bc2774b9b1f98837bcbe3c424365399.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, рӯза, намоз, моҳи рамазон
дар тоҷикистон, рӯза, намоз, моҳи рамазон
Муфтии Тоҷикистон дар бораи баргузории намози таровеҳ, ифтор ва рӯзаи муҳоҷирин гуфт
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон гуфтааст, имсол дар кишвар намози таровеҳ доир хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 12 апрел - Sputnik. Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон гуфтааст, намози таровеҳ баргузор мешавад, зеро то ҳол Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо бемории ҳамагири COVID-19 монеае барои баргузории намози таровеҳ пешниҳод накардааст.
"Чун, феълан, дар ҷумҳурии мо короновирус ба қайд гирифта нашудааст, умед дорем, ки намози таровеҳ ва дигар намозҳо бо риояи чораҳои беҳдоштӣ баргузор мешаванд", - гуфтааст Абдулқодирзода дар мусоҳиба бо сомонаи "Пресса".
Ӯ гуфтааст, ба ҳамаи масоҷиди панҷвақта ва ҷомеъ тавсия додаанд, ки қоидаҳои беҳдоштиро риоя намоянд, намозгузорон ҳатман бо ниқоби тиббӣ вориди масҷид шаванд, аз маҳлулҳои антисептикӣ истифода баранд ва дар масҷидҳо корҳои уфунӣ гузаронанд.
Илова бар ин, фосилаҳо бояд дар сафи намоз ҳатман риоя карда шавад. Ҳамчунин, ҳар он чизе, ки Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо бемории ҳамагири COVID-19 тавсия кардааст, риоя мекунем, афзудааст раҳбари Шӯрои уламои Тоҷикистон.
Муфтии Тоҷикистон дар посух ба суоли ин ки, оё нафароне, ки намози панҷвақта намегузоранд, намози таровеҳ хонда метавонанд ё на, гуфтааст намоз хондан, яъне пок шудан аз гуноҳ аст ва шариати ислом ҳеҷ вақт дар ҳеҷ шакл нафареро аз намоз хондан манъ накардааст.
Агар чи хондани намози панҷвақта фарз аст ва намози таровеҳ суннат ё суннати муаккада, аҷру подоши зиёд дорад, лек на ба баробари он намозҳои фарзи панҷвақта. Агар нафаре, ки рӯза гираду намози панҷвақта нахонад, Худованд тавфиқаш диҳад, нафари рӯзадор ҳатман намози таровеҳ хонад, хоҳ узрнок бошад хоҳ беузр, таъкид кардааст раиси Шӯрои уламо.
Абдулқодирзода дар бораи ташкили маъракаҳои ифтор гуфтааст, дар бисёр кишварҳои дунё тавсия шудааст, ки аз ифтори дастаҷамъона худдорӣ кунанд, аммо дар мо то ҳол ягон дастур дар ин маврид содир нашудааст.
Баргузории маъракаи ифторро Кумитаи дин, танзими анъана ба ҷашну маросимҳо танзим мекунад.
Раиси Шӯрои уламо, ҳамзамон дар бораи рӯза гирифтан ё нагирифтани муҳоҷирини меҳнатӣ дар кишваре, ки ҳанӯз дар он (Русия) коронавирус поин наёфтааст, посух гуфтааст.
Номбурда гуфтааст, агар мутахассис гӯяд, ки рӯза доштан сабаби гирифторӣ ба COVID-19 мешавад, дар ин сурат шариати ислом барои пешгирии хатар иҷозат медиҳад, ки рӯзаашонро бихӯрад, вале ҳатман қазояшро бидорад. Дар дигар ҳолат бояд рӯза бигирад.