https://sputnik.tj/20210412/oghoz-moh-ramazon-tahir-sabab-1035313125.html
Чанд кишвар оғози моҳи Рамазонро ба таъхир гузоштанд: сабаб
Чанд кишвар оғози моҳи Рамазонро ба таъхир гузоштанд: сабаб
Sputnik Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Дар кишварҳои Халиҷи Форс оғози моҳи мубораки Рамазон ба таъхир гузошта шуд, менависад РИА Новости.
2021-04-12T13:35+0500
2021-04-12T13:35+0500
2021-04-12T19:27+0500
дар ҷаҳон
таъхир
моҳи рамазон
кумитаи дин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102559/42/1025594263_0:356:2049:1508_1920x0_80_0_0_639bb1199fa74f4f0d75a4186c31ed6b.jpg
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Дар кишварҳои Халиҷи Форс оғози моҳи мубораки Рамазон ба таъхир гузошта шуд, менависад РИА Новости.Ба хабари манбаъ, Додгоҳи олии Арабистони Саудӣ рӯзи 11 апрел эълон кард, ки баромадани моҳи навро касе мушоҳида накард ва аз ин рӯ моҳи Рамазон дар кишварҳои Халиҷи Форс аз рӯзи душанбе оғоз нахоҳад шуд. Зимнан, аксар кишварҳои арабӣ дар ин масъала мавқеи Арабистони Саудиро пайгирӣ мекунанд. Ҳамакнун санаи оғози моҳи мубораки Рамазон дар Миср, Ироқ, Тунис, Ливан, Кувайт, Яман ва Аморати муттаҳидаи Араб номаълум аст.Ёдовар мешавем, Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон санаи дақиқи оғози моҳи шарифи Рамазонро рӯзи 13 апрел гуфта буд.Моҳи Рамазон дар дини мубини Ислом аз муқаддастарин моҳ ба шумор меравад. Дар ин моҳ мусалмонон давоми 30 рӯз рӯза мегиранд.Мусалмонон дар давоми рӯз аз хӯрдан, нӯшидан ва дигар аъмоли нописанд худдорӣ мекунанд.Дар Рамазон мусалмонон мекӯшанд, ки бадиҳои худро бартараф кунанд ва бо андешаҳои пок зиндагӣ намоянд.
https://sputnik.tj/20210412/rahmon-ruza-qimmatfurushon-hushdor-1035302606.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102559/42/1025594263_0:164:2049:1700_1920x0_80_0_0_6bee2ce5680c56337df7309dcc5890a3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар ҷаҳон, таъхир, моҳи рамазон, кумитаи дин
дар ҷаҳон, таъхир, моҳи рамазон, кумитаи дин
Чанд кишвар оғози моҳи Рамазонро ба таъхир гузоштанд: сабаб
13:35 12.04.2021 (Навсозишуда: 19:27 12.04.2021) Интизор меравад, бегоҳи имрӯз Додгоҳи олӣ дар Арабистони Саудӣ бори дигар масъалаи оғози моҳи шарифи Рамазонро баррасӣ кунад
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Дар кишварҳои Халиҷи Форс оғози моҳи мубораки Рамазон ба таъхир гузошта шуд, менависад РИА Новости.
Ба хабари манбаъ, Додгоҳи олии Арабистони Саудӣ рӯзи 11 апрел эълон кард, ки баромадани моҳи навро касе мушоҳида накард ва аз ин рӯ моҳи Рамазон дар кишварҳои Халиҷи Форс аз рӯзи душанбе оғоз нахоҳад шуд.
"Аз сабаби номумкин будани пайдоиши ҳилоли нав, суд фардо бегоҳ ҷамъ омада, дар бораи оғози моҳи Рамазон тасмим мегирад", - омадааст дар иттилоия.
Зимнан, аксар кишварҳои арабӣ дар ин масъала мавқеи Арабистони Саудиро пайгирӣ мекунанд.
Ҳамакнун санаи оғози моҳи мубораки Рамазон дар Миср, Ироқ, Тунис, Ливан, Кувайт, Яман ва Аморати муттаҳидаи Араб номаълум аст.
Ёдовар мешавем, Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон санаи дақиқи оғози моҳи шарифи Рамазонро рӯзи 13 апрел гуфта буд.
Моҳи Рамазон дар дини мубини Ислом аз муқаддастарин моҳ ба шумор меравад. Дар ин моҳ мусалмонон давоми 30 рӯз рӯза мегиранд.
Мусалмонон дар давоми рӯз аз хӯрдан, нӯшидан ва дигар аъмоли нописанд худдорӣ мекунанд.
Дар Рамазон мусалмонон мекӯшанд, ки бадиҳои худро бартараф кунанд ва бо андешаҳои пок зиндагӣ намоянд.