Шӯрои уламо пули фидяи савм, нисоби закот ва фитри рӯза дар Тоҷикистонро гуфт

© Sputnik / Амир ИсаевПраздничный намаз на Иди Курбон в Душанбе
Праздничный намаз на Иди Курбон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2021
Обуна шудан
Сокинони Тоҷикистон моҳи шарифи Рамазонро имсол аз 13 апрел оғоз хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон баробари эълони санаи оғози моҳи Рамазон пули фидяи савм, нисоби закот ва фитри рӯзаро гуфт.
Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дини кишвар ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, бар асоси қарори раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, мувофиқи ҳисоби шаръӣ нисоби закот 25 ҳазор сомонӣ муқаррар шуд, ки аз он 625 сомонӣ закот пардохт карда мешавад.
Празднование Курбан-байрама в России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Даъвати СҶБ аз рӯзадорон: дар моҳи Рамазон 7 қоидаро риоя кунед
Ба иттилои манбаъ, Шӯрои уламо садақаи фитрро мувофиқи меъёри шаръӣ 6 сомонӣ муқаррар кард.
"Фидяи савм дар моҳи Рамазони соли 2021 барои соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ба миқдори 360 сомонӣ барои 30 рӯз (барои як рӯз 12 сомонӣ) муайян карда шуд", - гуфт манбаъ.
Фидяи савмро афроде месупоранд, ки имконияти гирифтани рӯзаро надорад.
Лентаи хабарҳо
0