https://sputnik.tj/20210402/Mujozot-davat-az-sarkashii-ijroi-qonun-Mirziyoev-qonun-imzo-1033119027.html
Муҷозот барои даъват аз саркашии иҷрои қонунҳо: Мирзиёев қонуни навро ба имзо расонд
Муҷозот барои даъват аз саркашии иҷрои қонунҳо: Мирзиёев қонуни навро ба имзо расонд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Ӯзбекистон хабар додаанд, ки ба қонунгузории ин кишвар тағйирот ворид гардид. Акнун Ӯзбекистон шахсонеро, ки барои саркашӣ аз иҷрои қонунҳо даъват... 02.04.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-04-02T11:55+0500
2021-04-02T11:55+0500
2021-04-02T13:16+0500
ҳамаи хабарҳо
осиёи марказӣ
ӯзбекистон
саркашӣ
қонун
тағйирот
даъват
қонунгузорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/06/1032403369_0:0:1281:721_1920x0_80_0_0_1828998eb14d5139b2b220c1dbadb3df.jpg
ДУШАНБЕ, 2 апр – Sputnik. Ба нақл аз рӯзномаи “Народное слово”, аз ин ба баъд дар Ӯзбекистон шахсонеро, ки барои саркашӣ аз иҷрои қонунҳо даъват мекунанд, тақрибан ду ҳазор доллар ҷарима хоҳанд кард.Тағйироти марбутаро дар қонунгузорӣ президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба имзо расонд. Ҳамин тавр, тибқи моддаи иловашуда, барои даъвати оммавии иҷро накардан ва ё вайрон намудани талаботи қонунгузорӣ, аз ҷумла бо истифода аз васоити ахбори омма, интернет ва матбуот, шахс ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад. Тибқи ин қонун шахсонеро, ки барои саркашӣ аз иҷрои қонунҳо даъват мекунанд аз 60 то 80 нишонндиҳандаи барои ҳисоб (аз 1,4 ҳазор то 1,87 ҳазор доллар) ҷарима мешаванд.Мирзиёев гуфт, мансабдоронро барои омори бардурӯғи коронавирус ба ҷавобгарӣ мекашадҲадафи тағйирот муқовимат ва пешгирии паҳн кардани иттилооти дурӯғ, ки ба амнияти шаҳрвандон таҳдид мекунад, таблиғи зӯроварӣ ё бераҳмӣ ва содирнамоии амалҳои ғайриқонунӣ маҳсуб мешавад.
https://sputnik.tj/20210320/Mirziyoev-Navrz-zindon-afv-1033039411.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/06/1032403369_60:0:1197:853_1920x0_80_0_0_629b1a2547a447f267bc7240fa8cf5ff.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, осиёи марказӣ, ӯзбекистон, саркашӣ, қонун, тағйирот, даъват, қонунгузорӣ
ҳамаи хабарҳо, осиёи марказӣ, ӯзбекистон, саркашӣ, қонун, тағйирот, даъват, қонунгузорӣ
Муҷозот барои даъват аз саркашии иҷрои қонунҳо: Мирзиёев қонуни навро ба имзо расонд
11:55 02.04.2021 (Навсозишуда: 13:16 02.04.2021) Мақомоти Ӯзбекистон хабар додаанд, ки ба қонунгузории ин кишвар тағйирот ворид гардид. Акнун Ӯзбекистон шахсонеро, ки барои саркашӣ аз иҷрои қонунҳо даъват мекунанд муҷозот мешаванд
ДУШАНБЕ, 2 апр – Sputnik. Ба нақл аз рӯзномаи “Народное слово”, аз ин ба баъд дар Ӯзбекистон шахсонеро, ки барои саркашӣ аз иҷрои қонунҳо даъват мекунанд, тақрибан ду ҳазор доллар ҷарима хоҳанд кард.
Тағйироти марбутаро дар қонунгузорӣ президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба имзо расонд.
Ҳамин тавр, тибқи моддаи иловашуда, барои даъвати оммавии иҷро накардан ва ё вайрон намудани талаботи қонунгузорӣ, аз ҷумла бо истифода аз васоити ахбори омма, интернет ва матбуот, шахс ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад.
Тибқи ин қонун шахсонеро, ки барои саркашӣ аз иҷрои қонунҳо даъват мекунанд аз 60 то 80 нишонндиҳандаи барои ҳисоб (аз 1,4 ҳазор то 1,87 ҳазор доллар) ҷарима мешаванд.
Ҳадафи тағйирот муқовимат ва пешгирии паҳн кардани иттилооти дурӯғ, ки ба амнияти шаҳрвандон таҳдид мекунад, таблиғи зӯроварӣ ё бераҳмӣ ва содирнамоии амалҳои ғайриқонунӣ маҳсуб мешавад.