https://sputnik.tj/20210320/Mirziyoev-Navrz-zindon-afv-1033039411.html
Мирзиёев ба муносибати Наврӯз 140 зиндониро афв кард
Мирзиёев ба муносибати Наврӯз 140 зиндониро афв кард
Sputnik Тоҷикистон
Аз миёни 140 маҳбусе, ки ШавкатМирзиёев дар арафаи ҷашни Наврӯз афв намуд, 12 хориҷӣ ва 14 зиндоние қарор доранд, ки барои узвияти дар созмонҳои мамнӯъ ҳабс... 20.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-20T17:15+0500
2021-03-20T17:15+0500
2021-03-20T17:19+0500
ҳамаи хабарҳо
иҷтимоъ
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102894/95/1028949531_0:0:3000:1688_1920x0_80_0_0_7dcc6bf292131b3313fe6936e942140e.jpg
ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи ҷумъа, дар арафаи ҷашни миллии Наврӯз фармон дар бораи афви 140 нафареро, ки аз корҳояшон пушаймон шуда, роҳи ислоҳро пеш гирифтаанд, ба имзо расонид. Дар ин бора хабаргузории УзА иттилоъ додааст.Манбаъ меафзояд, аз афвшудагон чор нафар пурра аз ҷазо раҳо ёфта, ба назди оила ва наздикони худ бармегарданд.Ғайр аз ин, мӯҳлати ҷазо дар намуди маҳрумият аз озодӣ барои 59 нафар коҳиш дода шуд, 69 нафар шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод карда шуданд ва барои ҳашт нафар, ҳукм ба ҷазои сабуктар иваз карда шуд.Дар байни афвшудагон нӯҳ нафар аз 60-сола боло, 13 зан, 12 хориҷӣ, 14 нафар, ки дар фаъолияти созмонҳои мамнӯъ ширкат варзидаанд, қарор доранд.Шавкат Мирзиёев бори аввал фармони афви маҳкумшудагонро моҳи декабри соли 2017 имзо кард. Аз он замон то ҳол дар Ӯзбекситон нисбати беш аз 4 ҳазор маҳбус қонуни афв татбиқ карда шуд.Қаблан, ба муносибати 8 – уми март, 83 нафар зан аз зиндон раҳо шуданд.
https://sputnik.tj/20200525/Ashraf-qan-2-hazor-jangjuyoni-Tolibonro-afv-mekunad-100-hazor-allakay-ozod-shudand-1031298848.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102894/95/1028949531_54:0:2710:1992_1920x0_80_0_0_fa73cce8ac8aa7c4e2d7d834ab8b0023.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, иҷтимоъ, осиёи марказӣ
ҳамаи хабарҳо, иҷтимоъ, осиёи марказӣ
Мирзиёев ба муносибати Наврӯз 140 зиндониро афв кард
17:15 20.03.2021 (Навсозишуда: 17:19 20.03.2021) Аз миёни 140 маҳбусе, ки ШавкатМирзиёев дар арафаи ҷашни Наврӯз афв намуд, 12 хориҷӣ ва 14 зиндоние қарор доранд, ки барои узвияти дар созмонҳои мамнӯъ ҳабс шуда буданд
ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи ҷумъа, дар арафаи ҷашни миллии Наврӯз фармон дар бораи афви 140 нафареро, ки аз корҳояшон пушаймон шуда, роҳи ислоҳро пеш гирифтаанд, ба имзо расонид. Дар ин бора хабаргузории УзА иттилоъ додааст.
Манбаъ меафзояд, аз афвшудагон чор нафар пурра аз ҷазо раҳо ёфта, ба назди оила ва наздикони худ бармегарданд.
Ғайр аз ин, мӯҳлати ҷазо дар намуди маҳрумият аз озодӣ барои 59 нафар коҳиш дода шуд, 69 нафар шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод карда шуданд ва барои ҳашт нафар, ҳукм ба ҷазои сабуктар иваз карда шуд.
Дар байни афвшудагон нӯҳ нафар аз 60-сола боло, 13 зан, 12 хориҷӣ, 14 нафар, ки дар фаъолияти созмонҳои мамнӯъ ширкат варзидаанд, қарор доранд.
Шавкат Мирзиёев бори аввал фармони афви маҳкумшудагонро моҳи декабри соли 2017 имзо кард. Аз он замон то ҳол дар Ӯзбекситон нисбати беш аз 4 ҳазор маҳбус қонуни афв татбиқ карда шуд.
Қаблан, ба муносибати 8 – уми март, 83 нафар зан аз зиндон раҳо шуданд.