https://sputnik.tj/20210310/Amriko-mekhoad-Rusiyaro-noayon-jazo-dihad-1032978534.html
Амрико мехоҳад Русияро ноаён ҷазо диҳад
Амрико мехоҳад Русияро ноаён ҷазо диҳад
Sputnik Тоҷикистон
Рӯзномаи The New York Times ба тамоми дунё хабар дод, ки дар се ҳафтаи наздик Иёлоти Муттаҳида як амалиёти махсуси махфиро анҷом хоҳанд дод, ки дар ҷараёни он... 10.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-10T18:00+0500
2021-03-10T18:00+0500
2021-04-23T16:31+0500
дар ҷаҳон
ҳамаи хабарҳо
амалиёт
хатари киберӣ
мақомот
дар русия
амрико
има
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/0a/1032978337_0:0:3076:1731_1920x0_80_0_0_c31ae2a3029284c8cdf60579b052d575.jpg
ДУШАНБЕ, 10 мар – Sputnik, Ирина Алкснис. Манобеи, ки нахост номаш ифшо шавад, ба нашрия хабар додааст, ки оқибатҳои ин иқдоми пешбинишуда барои Владимир Путин, инчунин хадамоти махсус ва артиши Русия таъсиррасон хоҳанд буд, аммо барои дигарон ноаён мемонанд.Ин изҳорот бо суханони мушовири раисҷумҳури Амрико оид амнияти миллии Ҷейк Салливан, мувофиқ мебошанд. Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Ҷейк Салливан гуфта буд, ки Вашингтон омодааст аз "абзорҳои аёну ноаён" истифода намояд.Сухан дар бораи ҳамлаи киберӣ ба барномаҳои компютерии як ширкат оид ба амнияти компютерӣ SolarWinds меравад, ки дар моҳи декабри соли гузашта ошкор гардид. Миёни муштариёни ин ширкат - сохторҳои муҳими давлатии ИМА ҳастанд. Аз ҷумла гуфта шудааст, ки аз ҳамлаи киберӣ вазоратҳои дифоъ, молия, амнияти дохилӣ ва тиҷорат инчунин вазорати корҳои хориҷӣ зарар дидааст.Хадамоти вижа ва мақомоти Иёлоти Муттаҳида, инчунин як қатор корпоратсияҳо, дар ин кор бевосита Маскавро айбдор мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, ҳамлаҳои хакерӣ мустақиман бо сохторҳои иктишофии Русия иртибот дорад ва ҳадафи амали онҳо ҷосусӣ будааст. Дар як ҷаласаи кумитаи Сенати Амрико оид ба кашшофӣ, ки дар охири моҳи феврал сурат гирифт, роҳбари ширкати Microsoft Брэд Смит гуфт, ки "ин шояд бузургтарин ва мураккабтарин ҳамлае бошад, ки ҷаҳон то ҳол надида буд."Аммо дигар намояндагони соҳа дар ин бора назари дигар доранд. Дар худи ҳамон ҷаласа намояндагони ду ширкати калидии амнияти киберии Амрико, CrowdStrike ва FireEye, эълон доштанд, ки онҳо ҳеҷ гуна далеле надоранд, ки Маскав дар ин ҳамлаҳои киберӣ даст дошта бошад. Ба гуфтаи онҳо, ин гуна ҳамлаҳо танҳо "ба рафтори русҳо мувофиқат мекунад" ва "абзорҳое, ки дар ин ҳамлаи ҳакерӣ истифода шуд, ба василаҳои Чин, Кореяи Шимолӣ ё Эрон шабоҳат надоранд."Русия он чизе, ки рух медиҳад, одатан дар доираи тамоюли маъмулии муносибатҳо бо Ғарб мебинад: Ғарб бо овози баланд ва бидуни далел Русияро ба ҷиноятҳои аҷибтарин айбдор мекунад, то бо ин роҳ барои ҷори намудани таҳримҳои нав ва шиддати вазъ баҳона дошта бошад.Аммо, агар вазъиятро аз нуқтаи назари Иёлоти Муттаҳида баррасӣ кунем, ҳама чиз хеле мураккаб ба назар мерасад.Ин ҳамлаи киберӣ воқеан як чизи ғайриоддӣ мебошад. Гарчанде мақомоти амрикоӣ мегӯянд, ки ин ҳамла ба амнияти кишвар чандон зарари ҷиддӣ нарасонидааст, вокуниши шадиди мақомоти ИМА самимияти ин гуна изҳоротро зери шубҳа мегузорад.Ёдовар мешавем, ки бинобар ин ҳамлаи ҳакерӣ, дар Кохи Сафед ҷаласаи изтирорӣ баргузор шуд ва мушовири амнияти миллии Доналд Трамп Роберт О'Брайен маҷбур шуд, ки сафари худро ба Аврупо анҷом диҳад ва фавран ба Вашингтон баргардад.Дар муҳлати кӯтоҳ - ҳамагӣ дар ду моҳ - муҳокимаҳо дар Сенат низ баргузор шуданд, ки аз рух додани ҳодисаи бесобиқа шаҳодат медиҳад. Бояд қайд кард, ки ин ҳодиса дар васоити ахбори оммаи Амрико чӣ гуна пешниҳод мешуд. Рӯзноманигорон навиштанд, ки "Сенат ширкати Microsoft ва SolarWinds-ро сарзаниш кард", дар ҳамин ҳол, хабаргузории Reuters, дар гузориши худ ба Русия як бор дар ишора кард ва таваҷҷӯҳи бештар ба ширкатҳо зиҳир кард, ки ҳамдигарро дар рух додани ингуна ҳодиса айбдор мекарданд.Дар ҳақиқат, дар амнияти компютерии Амрико сӯрохие бузурге ба вуҷуд омадааст, ки низомро ба таври назаррас такон додааст.Албатта, барои Амрико қобили қабул нест, ки эътироф намояд ин иқдом аз тарафи як гурӯҳ ҷинояткорони оддӣ сурат гирифтаст. Агар касе қодир бошад, ки ба ин кишвари абарқудрати ҷаҳонӣ чунин як зарбаи дардовар занад, ҳатман бояд давлати дигаре бошад, ки дорои салоҳият ва захираҳои азим, аз ҷумла захираҳои инсонӣ дошта бошад. Беҳуда нест, ки худи Брэд Смит таъкид кард, ки дар ин ҳамла ҳадди аққал ҳазор "муҳандиси хеле бомаҳорат, бовиҷдон" ширкат варзиданд”, - нокомии худро бояд бо ягон роҳ сафед кард.Аз тарафи дигар, Русия аз ҳама ҷиҳат объекти мувофиқтарин мебошад. Технологияи тӯҳмат нисбати Русия ба таври автоматикиӣ ба роҳ монда шудааст. Ва шакли посухи "пинҳонӣ", ки Иёлоти Муттаҳида интихоб кардааст, ба онҳо имкониятҳои васеътаринро фароҳам меорад. зиёд дар бораи амалҳои ноаён медиҳад, вале суоле матраҳ аст, ки чӣ гуна низоми амнияти амнияти киберии Амрико сохта шудааст, ки ҳакерҳо тавонистанд ба он як зарбаи ҷиддӣ зананд.
https://sputnik.tj/20210221/Omodagii-Rusiya-hamkori-tavlidi-mushtaraki-vaksina-ziddi-korona-Amriko--1032869039.html
https://sputnik.tj/20201107/Rusiya-boz-ba-dakholat-dar-intikhoboti-Prezidentii-Amriko-aybdor-meshavad---navor-1032230721.html
https://sputnik.tj/20200814/Tahdidi-navbatii-Amriko-ba-Rusiya-Pompeo-vada-dod-Maskav-jazoi-sakht-megirad-1031736129.html
амрико
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/0a/1032978337_207:0:2936:2047_1920x0_80_0_0_c76f64e763d4187f5ca98d5a1b7c56aa.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар ҷаҳон, ҳамаи хабарҳо, амалиёт, хатари киберӣ, мақомот, дар русия, амрико, има
дар ҷаҳон, ҳамаи хабарҳо, амалиёт, хатари киберӣ, мақомот, дар русия, амрико, има
Амрико мехоҳад Русияро ноаён ҷазо диҳад
18:00 10.03.2021 (Навсозишуда: 16:31 23.04.2021) Рӯзномаи The New York Times ба тамоми дунё хабар дод, ки дар се ҳафтаи наздик Иёлоти Муттаҳида як амалиёти махсуси махфиро анҷом хоҳанд дод, ки дар ҷараёни он ба киберсистемаҳои марбут ба мақомоти Русия "ҳамлаҳои ҷавобии пинҳонӣ" сурат мегирад
ДУШАНБЕ, 10 мар – Sputnik, Ирина Алкснис. Манобеи, ки нахост номаш ифшо шавад, ба нашрия хабар додааст, ки оқибатҳои ин иқдоми пешбинишуда барои Владимир Путин, инчунин хадамоти махсус ва артиши Русия таъсиррасон хоҳанд буд, аммо барои дигарон ноаён мемонанд.
Ин изҳорот бо суханони мушовири раисҷумҳури Амрико оид амнияти миллии Ҷейк Салливан, мувофиқ мебошанд. Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Ҷейк Салливан гуфта буд, ки Вашингтон омодааст аз "абзорҳои аёну ноаён" истифода намояд.
Сухан дар бораи ҳамлаи киберӣ ба барномаҳои компютерии як ширкат оид ба амнияти компютерӣ SolarWinds меравад, ки дар моҳи декабри соли гузашта ошкор гардид. Миёни муштариёни ин ширкат - сохторҳои муҳими давлатии ИМА ҳастанд. Аз ҷумла гуфта шудааст, ки аз ҳамлаи киберӣ вазоратҳои дифоъ, молия, амнияти дохилӣ ва тиҷорат инчунин вазорати корҳои хориҷӣ зарар дидааст.
Хадамоти вижа ва мақомоти Иёлоти Муттаҳида, инчунин як қатор корпоратсияҳо, дар ин кор бевосита Маскавро айбдор мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, ҳамлаҳои хакерӣ мустақиман бо сохторҳои иктишофии Русия иртибот дорад ва ҳадафи амали онҳо ҷосусӣ будааст. Дар як ҷаласаи кумитаи Сенати Амрико оид ба кашшофӣ, ки дар охири моҳи феврал сурат гирифт, роҳбари ширкати Microsoft Брэд Смит гуфт, ки "ин шояд бузургтарин ва мураккабтарин ҳамлае бошад, ки ҷаҳон то ҳол надида буд."
Аммо дигар намояндагони соҳа дар ин бора назари дигар доранд. Дар худи ҳамон ҷаласа намояндагони ду ширкати калидии амнияти киберии Амрико, CrowdStrike ва FireEye, эълон доштанд, ки онҳо ҳеҷ гуна далеле надоранд, ки Маскав дар ин ҳамлаҳои киберӣ даст дошта бошад. Ба гуфтаи онҳо, ин гуна ҳамлаҳо танҳо "ба рафтори русҳо мувофиқат мекунад" ва "абзорҳое, ки дар ин ҳамлаи ҳакерӣ истифода шуд, ба василаҳои Чин, Кореяи Шимолӣ ё Эрон шабоҳат надоранд."
Русия он чизе, ки рух медиҳад, одатан дар доираи тамоюли маъмулии муносибатҳо бо Ғарб мебинад: Ғарб бо овози баланд ва бидуни далел Русияро ба ҷиноятҳои аҷибтарин айбдор мекунад, то бо ин роҳ барои ҷори намудани таҳримҳои нав ва шиддати вазъ баҳона дошта бошад.
Аммо, агар вазъиятро аз нуқтаи назари Иёлоти Муттаҳида баррасӣ кунем, ҳама чиз хеле мураккаб ба назар мерасад.
Ин ҳамлаи киберӣ воқеан як чизи ғайриоддӣ мебошад. Гарчанде мақомоти амрикоӣ мегӯянд, ки ин ҳамла ба амнияти кишвар чандон зарари ҷиддӣ нарасонидааст, вокуниши шадиди мақомоти ИМА самимияти ин гуна изҳоротро зери шубҳа мегузорад.
Ёдовар мешавем, ки бинобар ин ҳамлаи ҳакерӣ, дар Кохи Сафед ҷаласаи изтирорӣ баргузор шуд ва мушовири амнияти миллии Доналд Трамп Роберт О'Брайен маҷбур шуд, ки сафари худро ба Аврупо анҷом диҳад ва фавран ба Вашингтон баргардад.
Дар муҳлати кӯтоҳ - ҳамагӣ дар ду моҳ - муҳокимаҳо дар Сенат низ баргузор шуданд, ки аз рух додани ҳодисаи бесобиқа шаҳодат медиҳад. Бояд қайд кард, ки ин ҳодиса дар васоити ахбори оммаи Амрико чӣ гуна пешниҳод мешуд. Рӯзноманигорон навиштанд, ки "Сенат ширкати Microsoft ва SolarWinds-ро сарзаниш кард", дар ҳамин ҳол, хабаргузории Reuters, дар гузориши худ ба Русия як бор дар ишора кард ва таваҷҷӯҳи бештар ба ширкатҳо зиҳир кард, ки ҳамдигарро дар рух додани ингуна ҳодиса айбдор мекарданд.
Дар ҳақиқат, дар амнияти компютерии Амрико сӯрохие бузурге ба вуҷуд омадааст, ки низомро ба таври назаррас такон додааст.
Албатта, барои Амрико қобили қабул нест, ки эътироф намояд ин иқдом аз тарафи як гурӯҳ ҷинояткорони оддӣ сурат гирифтаст. Агар касе қодир бошад, ки ба ин кишвари абарқудрати ҷаҳонӣ чунин як зарбаи дардовар занад, ҳатман бояд давлати дигаре бошад, ки дорои салоҳият ва захираҳои азим, аз ҷумла захираҳои инсонӣ дошта бошад. Беҳуда нест, ки худи Брэд Смит таъкид кард, ки дар ин ҳамла ҳадди аққал ҳазор "муҳандиси хеле бомаҳорат, бовиҷдон" ширкат варзиданд”, - нокомии худро бояд бо ягон роҳ сафед кард.
Аз тарафи дигар, Русия аз ҳама ҷиҳат объекти мувофиқтарин мебошад. Технологияи тӯҳмат нисбати Русия ба таври автоматикиӣ ба роҳ монда шудааст. Ва шакли посухи "пинҳонӣ", ки Иёлоти Муттаҳида интихоб кардааст, ба онҳо имкониятҳои васеътаринро фароҳам меорад.
зиёд дар бораи амалҳои ноаён медиҳад, вале суоле матраҳ аст, ки чӣ гуна низоми амнияти амнияти киберии Амрико сохта шудааст, ки ҳакерҳо тавонистанд ба он як зарбаи ҷиддӣ зананд.