Майк Помпео, котиби давлатии Амрико таъкид кард, ки агар тасдиқ шавад, ки русҳо барои қатли сарбозони Амрико пул пешниҳод мекардааанд, Русияро ҷазоӣ сахт интизор аст.
“Агар русҳо барои қатли сарбозони Амрико ва мардуми Ғарб пул пешниҳод кунанд, онҳо арзиши гаронеро хоҳанд супорид. Инро ман ба вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров расондам. Ман хабар дорам, ки низомиёни мо бо роҳбарияти низоимии Русия низ дар ин бора гуфтугӯ доштанд. Мо таҳаммули инро надорем”, - гуфт Майк Помпео.
Дар ҳамин ҳол, Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия таҳдидҳои Амрикоро ба вазъи сиёсии дохилии ин кишвар рабт дод.
Вай гуфт, дар арафаи интихобот ҳукумати Трамп дар баробари демократҳо мехоҳад аз “корти Русия” истифода кунад
Ёдрас мешаҷвем, ки нашрияи “The New York Times” бо такя ба манобеи дар хадамоти махсуси Амрико рӯзи 26-уми июн хабар дода буд, ки мақомоти Русия ба гурӯҳи Толибон барои куштани сарбозони нерӯҳои эътилоф таҳти сарварии Амрико дар Афғонистон пул пешниҳод мекардааст.
Нашрияи “The Times” навиштааст, ки Толибон ва ё “гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноии алоқаманд ба онҳо” як қисми пулро дастрас кардаанд. Аммо дар гузориш гуфта мешавад, ки рӯшан нест, ки ин пардохтҳо ба 20 сарбози кушташудаи амрикоӣ дар соли гузашта дар Афғонистон рабт дорад, ё не.
Иддао Амрико дар ҳолест, ки ин кишвар пас аз имзои созишномаи сулҳ бо Толибон дар моҳи феврал тасмим гирифтааст, ки соли оянда сарбозонашро аз хоки Афғонистон берун кунад.
Нашрияи “The Times” навиштааст, ки мақомоти Амрико намедонистанд, ки то чӣ андоза амалиёти пинҳонии ҳукумати Русия тасдиқ шудааст ва он чӣ ҳадафро дунбол мекунад.
Мақомоти Русия ин иттиҳоми навбатиро “бепояву беасос” хонд.