https://sputnik.tj/20210210/Tayini-Azizoni-Azim-maqomi-nav-dar-Tojikiston-1032801852.html
Таъйини Азизҷони Азимӣ ба мақоми нав дар Тоҷикистон
Таъйини Азизҷони Азимӣ ба мақоми нав дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Азизҷон Азимӣ, муассиси ширкатҳои TajRupt ва tajrupt.ai ба мақоми узви Шӯрои нозирони “Спитамен бонк” таъйин шудааст 10.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-10T18:32+0500
2021-02-10T18:32+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
иқтисод
бонк
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102515/60/1025156087_0:38:1366:806_1920x0_80_0_0_1964c2482366af3c3370cf6ea5df152f.jpg
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Саҳмдорони “Спитамен бонк” Азизҷон Азимиро ба ҳайси узви нави Шӯрои нозирони ин муассиса интихоб кардаанд.Азимӣ, ҷавонтарин хатмкардаи Донишгоҳи Ню-Йорк, магистранти мактабҳои олии Ҳарвард ва Стенфорд мебошад, ки ширкатҳои TajRupt ва tajrupt.ai таъсис додааст. Ширкати таъсисдодаи Азимӣ нахустин дар Осиёи Марказӣ мебошад, ки дар риштаи татбиқи ҳуши сунъӣ кор мекунад.Мирзомуддин Мавлонов, мудири Шӯрои нозирони “Спитамен бонк” дар шарҳи ҳайати нави Шӯро изҳор дошт, ки бонк аз ҷалби чунин ҷавонон манфиатдор мебошад.“Бонк ҳавасманд аст, ки дар Шӯрои нозирон чунин ҷавонон бошанд, ки соҳиби дониши муосиру таҷрибаи байналмилалӣ дар умури молия ва идора бошанд”, - хабар додааст “Спитамен бонк” аз қавли Мавлонов.Ин таъйинот дар ҳолест, ки қаблан tajrupt.ai ва “Спитамен бонк” ёддошти тафоҳум дар бораи татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ дар бахши молияи Тоҷикистонро ба имзо расонданд."Спитамен бонк" яке аз муассисаҳои нисбатан ҷадид дар бозори молиявии Тоҷикистон мебошад, ки дар як муддати кӯтоҳ шинохта шуд ва бархе сарусадоҳо пайдо шуданд, ки дар пуштибони ин бор Ҷамолиддин Нурализода, муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон мебошад. Аммо Нурализода зимни нишасти матбуотӣ пуштибонияшро аз "Спитамен бонк", ки тайи солҳои охир фаъолияташ густурда шудааст, рад кард."Ба суоли якуме, ки барои шумо бисёр муҳим аст, ҷавоб медиҳам. Ман ҳамчун муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон ягон ташкилоти қарзиро пуштибонӣ намекунам. Дар доираи этикаи корӣ низ муносибат бо тамоми ташкилотҳои қарзиро дар як сатҳ нигоҳ медорам", - изҳор дошт Нурализода.Ӯ қаблан низ рабт доштанаш ба "Спитамен бонк"-ро рад карда, чунин овозаҳоро як навъ стериотипсозӣ хонда буд.
https://sputnik.tj/20210210/Spitamen-bonk-Nuralizoda-jamoliddin-1032795430.html
https://sputnik.tj/20210210/Retsepti-Amonatbonk-muflis-nashudani-bonkho--1032791749.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102515/60/1025156087_0:0:1366:1024_1920x0_80_0_0_bd036d3fa64e67665d05c7e1a6150824.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, иқтисод, бонк, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, иқтисод, бонк, дар тоҷикистон
Таъйини Азизҷони Азимӣ ба мақоми нав дар Тоҷикистон
18:32 10.02.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Азизҷон Азимӣ, муассиси ширкатҳои TajRupt ва tajrupt.ai ба мақоми узви Шӯрои нозирони “Спитамен бонк” таъйин шудааст
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Саҳмдорони “Спитамен бонк” Азизҷон Азимиро ба ҳайси узви нави Шӯрои нозирони ин муассиса интихоб кардаанд.
Азимӣ, ҷавонтарин хатмкардаи Донишгоҳи Ню-Йорк, магистранти мактабҳои олии Ҳарвард ва Стенфорд мебошад, ки ширкатҳои TajRupt ва tajrupt.ai таъсис додааст. Ширкати таъсисдодаи Азимӣ нахустин дар Осиёи Марказӣ мебошад, ки дар риштаи татбиқи ҳуши сунъӣ кор мекунад.
Мирзомуддин Мавлонов, мудири Шӯрои нозирони “Спитамен бонк” дар шарҳи ҳайати нави Шӯро изҳор дошт, ки бонк аз ҷалби чунин ҷавонон манфиатдор мебошад.
“Бонк ҳавасманд аст, ки дар Шӯрои нозирон чунин ҷавонон бошанд, ки соҳиби дониши муосиру таҷрибаи байналмилалӣ дар умури молия ва идора бошанд”, - хабар додааст “Спитамен бонк” аз қавли Мавлонов.
Ин таъйинот дар ҳолест, ки қаблан tajrupt.ai ва “Спитамен бонк” ёддошти тафоҳум дар бораи татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ дар бахши молияи Тоҷикистонро ба имзо расонданд.
"Спитамен бонк" яке аз муассисаҳои нисбатан ҷадид дар бозори молиявии Тоҷикистон мебошад, ки дар як муддати кӯтоҳ шинохта шуд ва бархе сарусадоҳо пайдо шуданд, ки дар пуштибони ин бор Ҷамолиддин Нурализода, муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон мебошад. Аммо Нурализода зимни нишасти матбуотӣ пуштибонияшро аз "Спитамен бонк", ки тайи солҳои охир фаъолияташ густурда шудааст, рад кард.
"Ба суоли якуме, ки барои шумо бисёр муҳим аст, ҷавоб медиҳам. Ман ҳамчун муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон ягон ташкилоти қарзиро пуштибонӣ намекунам. Дар доираи этикаи корӣ низ муносибат бо тамоми ташкилотҳои қарзиро дар як сатҳ нигоҳ медорам", - изҳор дошт Нурализода.
Ӯ қаблан низ рабт доштанаш ба "Спитамен бонк"-ро рад карда, чунин овозаҳоро як навъ стериотипсозӣ хонда буд.