https://sputnik.tj/20210210/Retsepti-Amonatbonk-muflis-nashudani-bonkho--1032791749.html
“Ретсепт”–и раиси “Амонатбонк” барои муфлис нашудани бонкҳо
“Ретсепт”–и раиси “Амонатбонк” барои муфлис нашудани бонкҳо
Sputnik Тоҷикистон
Раиси “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ шарҳ дод, ки чаро ин бонк ҳеҷ гоҳ муфлис нашуд ва нахоҳад шуд 10.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-10T09:00+0500
2021-02-10T09:00+0500
2021-07-21T18:55+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
иқтисод
муфлисшавӣ
сироҷиддин икромӣ
бонк
амонатбонк
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102946/74/1029467452_0:42:1620:958_1920x0_80_0_0_75f6660860ccdbbb1bb4efe311b5e763.jpg
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Сироҷиддин Икромӣ, ки дар як нишасти матбуотӣ суҳбат мекард, дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон, ки "оё эҳтимоли ба сарнавишти бонкҳои дигар, ки муфлис шудаанд ё рӯ ба муфлисиянд, дучор омадани "Амонатбонк" вуҷуд дорад?" гуфт, аслан чунин дурнамое барои ин бонк вуҷуд надорад ва далелаш ҳам хеле одӣ аст."Амонатбонк" аз соли 1885 дар қаламрави Тоҷикистон фаъолият карда, дар шебу фарозҳои таърих ҳеҷ гоҳ ба нобудӣ нарафт, аммо дар замони истиқлолияти Тоҷикистон бонкҳои ҷадиде рӯи кор омаданд, ки пас аз ҳузури чандсола муфлис шуданд ё дар ҳоли муфлисӣ ҳастанд.Намунаҳои боризи бонкҳои муфлисшуда – "Тоҷпромбонк" ва "Фононбонк" мебошанд, ки асосан дар пайи ироаи қарзҳои бузург ба фаъолиятҳои худ хотима бахшиданд. 24 феврали соли 2017 Бонки миллии Тоҷикистон муҷаввизи онҳоро пас гирифт.Моҳи июли соли гузашта Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси собиқи Бонки миллӣ эълон карда буд, ки ҳарду бонк дар пайи фурӯши амволи худ ҳастанд, то 65 миллион сомонӣ қарзи амонатгузорони худро пардохт кунанд."Фононбонк" аз амонатгузорони хеш 12 ва "Тоҷпромбонк" 53 миллион сомонӣ қарздоранд."Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" бо иттифоқи "Амонатбонк" як замон дар сегонаи бонкҳои низомсози Тоҷикистон қарор доштанд, аммо аз соли 2015 ба ин сӯ вориди як марҳалаи буҳронӣ шуда, дар ихтиёри давлат қарор гирифтаанд.Ҳарчанд мақомот мегӯянд, ки онҳоро наҷот хоҳанд дод, аммо ояндаи онҳо норӯшан аст.Бино ба иттилои Бонки миллӣ, пеши амонатгузорон "Агроинвестбонк" 750 миллион ва "Тоҷиксодиротбонк" ҳудуди 440 миллион сомонӣ қарздоранд.Бино ба иттилои дарёфтӣ, бонкҳои муфлисшуда ва рӯ ба муфлисӣ ба мизоҷони худ, ки аксаран ширкатҳои ватаниянд, аз 50 то 500 миллион сомонӣ дар гузашта қарз дода будаанд. Аз ҷумлаи мизоҷони танҳо "Агроинвестбонк" ҳоло раҳбарону масъулини 37 корхона дар боздоштгоҳ қарор доранд.
https://sputnik.tj/20210209/Raisi-Amonatbonk-qallobii-se-millioni-Isoev-1032786910.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102946/74/1029467452_0:0:1620:1019_1920x0_80_0_0_2bb9c9650e7bf9e03f04f69becd99f94.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, иқтисод, муфлисшавӣ, сироҷиддин икромӣ, бонк, амонатбонк
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, иқтисод, муфлисшавӣ, сироҷиддин икромӣ, бонк, амонатбонк
“Ретсепт”–и раиси “Амонатбонк” барои муфлис нашудани бонкҳо
09:00 10.02.2021 (Навсозишуда: 18:55 21.07.2021) Раиси “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ шарҳ дод, ки чаро ин бонк ҳеҷ гоҳ муфлис нашуд ва нахоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Сироҷиддин Икромӣ, ки дар як нишасти матбуотӣ суҳбат мекард, дар посух ба суоли
Sputnik Тоҷикистон, ки "оё эҳтимоли ба сарнавишти бонкҳои дигар, ки муфлис шудаанд ё рӯ ба муфлисиянд, дучор омадани "Амонатбонк" вуҷуд дорад?" гуфт, аслан чунин дурнамое барои ин бонк вуҷуд надорад ва далелаш ҳам хеле одӣ аст.
“Хушбахтона, ду соле, ки ман раёсати "Амонатбонк" – ро бар ӯҳда дорам, мо ягон қарзи бузург надодаем. Қарзи калонтарине, ки "Амонатбонк" медиҳад, 5 миллион сомонӣ ё ҳудуди 500 ҳазор доллар аст. Дар ҳадди 20 – у 30 миллиону аз он зиёд умуман қарз надорем. Он ширкатҳое, ки дар "рӯйхати сиёҳ" – и Бонки миллӣ ҳастанд, агар ба мо муроҷиат кунанд, ба онҳо қарз намедиҳем", - гуфт Сироҷиддин Икромӣ.
"Амонатбонк" аз соли 1885 дар қаламрави Тоҷикистон фаъолият карда, дар шебу фарозҳои таърих ҳеҷ гоҳ ба нобудӣ нарафт, аммо дар замони истиқлолияти Тоҷикистон бонкҳои ҷадиде рӯи кор омаданд, ки пас аз ҳузури чандсола муфлис шуданд ё дар ҳоли муфлисӣ ҳастанд.
Намунаҳои боризи бонкҳои муфлисшуда – "Тоҷпромбонк" ва "Фононбонк" мебошанд, ки асосан дар пайи ироаи қарзҳои бузург ба фаъолиятҳои худ хотима бахшиданд. 24 феврали соли 2017 Бонки миллии Тоҷикистон муҷаввизи онҳоро пас гирифт.
Моҳи июли соли гузашта Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси собиқи Бонки миллӣ эълон карда буд, ки ҳарду бонк дар пайи фурӯши амволи худ ҳастанд, то 65 миллион сомонӣ қарзи амонатгузорони худро пардохт кунанд.
"Фононбонк" аз амонатгузорони хеш 12 ва "Тоҷпромбонк" 53 миллион сомонӣ қарздоранд.
"Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" бо иттифоқи "Амонатбонк" як замон дар сегонаи бонкҳои низомсози Тоҷикистон қарор доштанд, аммо аз соли 2015 ба ин сӯ вориди як марҳалаи буҳронӣ шуда, дар ихтиёри давлат қарор гирифтаанд.
Ҳарчанд мақомот мегӯянд, ки онҳоро наҷот хоҳанд дод, аммо ояндаи онҳо норӯшан аст.
Бино ба иттилои Бонки миллӣ, пеши амонатгузорон "Агроинвестбонк" 750 миллион ва "Тоҷиксодиротбонк" ҳудуди 440 миллион сомонӣ қарздоранд.
Бино ба иттилои дарёфтӣ, бонкҳои муфлисшуда ва рӯ ба муфлисӣ ба мизоҷони худ, ки аксаран ширкатҳои ватаниянд, аз 50 то 500 миллион сомонӣ дар гузашта қарз дода будаанд. Аз ҷумлаи мизоҷони танҳо "Агроинвестбонк" ҳоло раҳбарону масъулини 37 корхона дар боздоштгоҳ қарор доранд.