https://sputnik.tj/20210210/Spitamen-bonk-Nuralizoda-jamoliddin-1032795430.html
Пушти "Спитамен бонк" Нурализода меистад? Посухи худи Ҷамолиддин
Пушти "Спитамен бонк" Нурализода меистад? Посухи худи Ҷамолиддин
Sputnik Тоҷикистон
Ҷамолиддин Нурализода, муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон, сару садоро дар бораи он, ки дар пушти "Спитамен бонк" худи ӯ меистад, шарҳ дод 10.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-10T16:00+0500
2021-02-10T16:00+0500
2021-07-21T18:49+0500
ҳамаи хабарҳо
иқтисод
дар тоҷикистон
бонк
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102289/53/1022895319_0:0:1000:563_1920x0_80_0_0_89b176b2e3fafe026cae71de319c7daf.jpg
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Нурализода зимни нишасти матбуотӣ пуштибонияшро аз "Спитамен бонк", ки тайи солҳои охир фаъолияташ густурда шудааст, рад кард."Ба суоли якуме, ки барои шумо бисёр муҳим аст, ҷавоб медиҳам. Ман ҳамчун муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон ягон ташкилоти қарзиро пуштибонӣ намекунам. Дар доираи этикаи корӣ низ муносибат бо тамоми ташкилотҳои қарзиро дар як сатҳ нигоҳ медорам", - изҳор дошт Нурализода.Ӯ қаблан низ рабт доштанаш ба "Спитамен бонк"-ро рад карда, чунин овозаҳоро як навъ стериотипсозӣ хонда буд."Вақте бонкҳо пешқадам мешаванд, ба музаффарияте ноил мегарданд, овозапароканиҳо мешаванд, ки гӯиё ин бонкҳо ба ягон нафари мартабаи баланд тааллуқ доранд. Ин нодуруст аст. Мо бояд чунин стериотипҳоро аз байн барем. Нисбати муассисони ин бонкҳо дар сомонаи онҳо иттилоъ дастрас ҳаст", - изҳор дошта буд Ҷамолиддин Нурализода зимни баҳси қаблии ин мавзуъ."Спитамен бонк" яке аз муассисаҳои нисбатан ҷадид дар бозори молиявии Тоҷикистон мебошад, ки дар як муддати кӯтоҳ шинохта шуд.
https://sputnik.tj/20210209/hukmi-mudiri-Kharbuza-habsi-Alimardonov-aks-1032788088.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102289/53/1022895319_76:0:965:667_1920x0_80_0_0_4ab165d251aa02ec9cc6f4f1dc2e08f1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, иқтисод, дар тоҷикистон, бонк
ҳамаи хабарҳо, иқтисод, дар тоҷикистон, бонк
Пушти "Спитамен бонк" Нурализода меистад? Посухи худи Ҷамолиддин
16:00 10.02.2021 (Навсозишуда: 18:49 21.07.2021) Ҷамолиддин Нурализода, муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон, сару садоро дар бораи он, ки дар пушти "Спитамен бонк" худи ӯ меистад, шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Нурализода зимни нишасти матбуотӣ пуштибонияшро аз "Спитамен бонк", ки тайи солҳои охир фаъолияташ густурда шудааст, рад кард.
"Ба суоли якуме, ки барои шумо бисёр муҳим аст, ҷавоб медиҳам. Ман ҳамчун муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон ягон ташкилоти қарзиро пуштибонӣ намекунам. Дар доираи этикаи корӣ низ муносибат бо тамоми ташкилотҳои қарзиро дар як сатҳ нигоҳ медорам", - изҳор дошт Нурализода.
Ӯ қаблан низ рабт доштанаш ба "Спитамен бонк"-ро рад карда, чунин овозаҳоро як навъ стериотипсозӣ хонда буд.
"Вақте бонкҳо пешқадам мешаванд, ба музаффарияте ноил мегарданд, овозапароканиҳо мешаванд, ки гӯиё ин бонкҳо ба ягон нафари мартабаи баланд тааллуқ доранд. Ин нодуруст аст. Мо бояд чунин стериотипҳоро аз байн барем. Нисбати муассисони ин бонкҳо дар сомонаи онҳо иттилоъ дастрас ҳаст", - изҳор дошта буд Ҷамолиддин Нурализода зимни баҳси қаблии ин мавзуъ.
"Спитамен бонк" яке аз муассисаҳои нисбатан ҷадид дар бозори молиявии Тоҷикистон мебошад, ки дар як муддати кӯтоҳ шинохта шуд.