Пояҳои нави низоми бонкии Тоҷикистон: эътимоди мардум бармегардад?

© Sputnik Вход в банк "Эсхата"
Вход в банк Эсхата - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2021
Обуна шудан
Ахиран Бонки милли Тоҷикистон рӯйхати се бонки муҳими кишварро, ки бонкҳои низомсоз дониста мешаванд, нашр кард
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik, Алексей Юсупов. Бонки миллии Тоҷикистон рӯйхати ташкилотҳои қарзии низомсозро нашр кард. Ба рӯхайти мазкур се бонк, "Амонатбонк", "Ориёнбонк" ва "Бонки Эсхата" ҳамчун ташкилоҳои қарзии низомсоз ва як ташкилоти қарзии эҳтимолӣ  "Имон Интернешнл" дохил карда шудааст.
Смена нового года - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.12.2020
Тоҷикистониён аз соли 2020 чӣ бардошт карданд
“Пасандозҳо дар низоми бонкӣ дар соли 2020 ба андозаи 17,2% афзоиш ёфта 11,4 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Ин аз он шоҳидӣ медиҳад, ки даромади аҳолӣ ва боварии мардум ба ташкилотҳои қарзӣ афзоиш ёфтааст”, - таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон зимни паёми худ ба парлумону ҳукумати кишвар.
Ҳамзамон, роҳбари кишвар фаъолияти бонкҳоро дар бахши қарздиҳӣ ба иқтисоди миллӣ танқид кард. Раҳмон ба камбудиҳо дар низоми идоракунии корпоративӣ, "шумораи зиёди таҳдидҳои амалиётӣ ва қарзӣ, нигоҳ доштани қарзҳои ғайрифаъол, ҷалби нокофии сармоягузорӣ ба низоми бонкӣ" ишора кард.
Ин камбудиҳо ба бонкҳои низомсоз низ дахл доранд, ки муфлисшавии онҳо метавонад тамоми иқтисоди Тоҷикистонро баҳам занад. Sputnik Тоҷикистон дурнамои ин “Сегонаи бузург”-ро дар соли оянда таҳлил кард.

Қадимтарин, Бонки давлатӣ, ғарқшаванда

БДА "Амонатбонк" яке аз қадимтарин бонк дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Ин бонк фаъолияти худро моҳи марти соли 1885, замоне, ки дар Хуҷанд аввалин ҳазинаи амонатӣ ва қарзӣ ифтоҳ ёфт оғоз кард.
Дар ин муддат "Амонатбонк" фаъолияти худро дар саросари кишвар ба роҳ мондааст. Ин бонк пайваста ба панҷгонаи ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон шомил мешавад. Дар маҷмӯъ  ин бонк ба кормандони ташкилотҳои буҷавӣ ва нафақахӯрон хизмат мерасонад.
Агроинвестбанк, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2020
Тафтиши саросарии "Агроинвестбонк": Ожонси зидди фасод пулҳои “гумшуда”-ро меҷӯяд
Бонк ба қабули ҳама намуди пардохтҳои коммуналӣ манфиатдор аст. Аммо солҳои охир терминалу замимаҳои мухталифи мобилӣ ба даромади бонк таъсир гузоштааст. Ҳоло аҳолӣ имкон пайдо кардааст, ки бидуни боздид аз бонк маблағҳои коммуналиро пардохт намоянд.
Ин вазъ роҳбарияти "Амонатбонк" -ро водор сохт, ки барои таҳия ва ҷорӣ намудани маҳсулоти онлайнии худ чораҳо андешад ин гуна барномаҳо "хом" ҳастанд ва таблиғи ниёз доранд.
Бо вуҷуди ин, "Сбербонки тоҷикӣ" дар бораи ояндаи худ метавонад хавотир нашавад. Ҳузури давлат дар миёни муассисони бонк дар симои Вазорати молия намегузорад ин бонк муфлис шавад. Ба шарте, ки тамоми кишвар дучори рукуди иқтисоди нашавад.

Хешовандӣ,устуворӣ, дахлнопазирӣ

Тавре маълум аст "Ориёнбонк" - ро додарарусӣ расиҷумҳури Тоҷикистон - соҳибкори бузургу Ҳасан Асадуллозода роҳбари мекунад. Ғайр аз ин, ӯ инчунин соҳиби ширкати сохтмонии “Исмоил Сомонӣ - асри XXI” мебошад.
Ташкилоти қарзӣ ба мизоҷони худ маҳсулоти асосии бонкиро, ки дар таҷрубаи байналмилалии молиявӣ қабул гардидааст, пешниҳод менамояд. Аз ҷумлаи ин бонк хидматрасониҳои зеринро пешниҳод менамояд: барориши кортҳои бонкӣ, қарзи ипотекӣ ва қарздиҳии истеъмолӣ, идоракунии фосилавии суратҳисобҳо, кортҳои кредитӣ бо мӯҳлати имтиёзнок, пасандозҳои мӯҳлатдор, иҷораи сандуқ, интиқоли маблағ.
Продавец в магазине считает сдачу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2020
Се сол боз “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк” қарзи мизоҷонро намедиҳанд. Чаро?
Интиқоли маблағ пас аз таъсиси як маркази протсесенгӣ барои интиқоли пул аз хориҷ, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон таъсис ёфт, то андозае "пажмурда" шуд. Аммо даромади муайян аз ин намуди фаъолият дар бонк боқӣ монд, ҳарчанд на дар он ҳаҷме, ки қаблан буд.
Бартарияти ҶСК “Ориёнбонк” дар он будааст, ки баландтарин фоизи пасандозҳо доштааст. Нигоҳ доштани пасандозҳо дар ин ташкилоти қарзӣ барои сокинон фоидаовар будааст.
Ғайр аз он, хеш будан ба роҳбари давлат аз фишорҳои маъмурӣ нигоҳ медорад, ки аксарияти ҷамъиятҳои саҳҳомии ҷумҳурӣ ба ин ё он шакл дучор мешаванд.

Шимолӣ, сифатнок ва муваффақ

Бонки "Бонки Эсхата" ҷавонтарин бонки низомсоз мебошад. Мансубияти минтақавии ташкилоти қарзӣ аз худи номаш маълум аст. Шаҳри Хуҷанд, ки дар асри IV пеш аз милод аз ҷониби Искандари Мақдунӣ, забт шуд исми Искандарияи Эсхата гирифт.
Соҳибкории шимолиён ба тамоми мардуми Тоҷикистон маълум аст. Новобаста аз муҳлати кӯтоҳ фаъолият, "паланги ҷавон" бомуваффақият ба майдони бонкӣ ворид шуд. Сифати баланди хидматрасонӣ ва сиёсати дастгирии соҳибкорони хурду миёна имкон дод  зуд боварии муштариён худ ҷалб кунад.
Ин бонк барои муштариёни худ хизматрасониҳои васеъро пешниҳод менамояд. Роҳбарияти бонк ҳамеша аз  навигониҳои IT-технология бо хабар аст ва доимо хидматрасониҳои нави онлайнро ба бозор пешниҳод менамояд. Ҳамкориҳои байналмилалӣ низ ба таври назаррас рушд меёбад. БАТР кайҳост, ки ҳамчун шарики "Бонки Эсхата" дониста мешавад.

Мардум, пулҳоятонро дар хазинаи амонатӣ нигоҳ доред

Фикр намекунам, ки ин шиоре, ки яке аз қаҳрамонҳои филми кӯҳнаи замони Иттиҳоди Шӯравии "Иван Васильевич касбашро иваз мекунад" мегуфт ба дили мардуми Тоҷикистон ҷой гирад. Мушкилоти молии ду бонки низомсоз кишвар “Агроинвестбонк” ва “Тоҷпромбонк” боварии мардумро ба бонкҳои кишвар коста кард. Мардум якбора пасандозҳои худро аз даст доданд.
На ҳама пасандозгузорон тавонистанд пули худро аз бонкҳо бозпас гиранд.
Мушкили интиқоли пул: чаро дар бонкҳои Тоҷикистон издиҳом ба вуҷуд омадаст - YouTube - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.12.2019
Мушкили интиқоли пул: чаро дар бонкҳои Тоҷикистон издиҳом ба вуҷуд омадаст 
Ин раванд боиси муфлисшавии чандин соҳибкор, кашмакашҳои оилавӣ ва ҳатто худкушӣ гардид. Барои таҷдиди қарз ҳукумати кишвар кӯмакҳои молиявӣ пешниҳод кард, ки бонкдорон натавонистанд аз он дуруст истифода намоянд.
"Бо гирифтани чандинмиллиард кумаки молиявӣ аз Вазорати молия, роҳбарони бонкҳое, ки мушкилоти молиявӣ доштанд ғайр аз пур кардани банкоматҳои худ бо пули нақд чизе беҳтаре фикр накарданд. Табиист, ки ҳамаи пулҳо дар давоми чанд рӯз тамом шуданд ва суде ҳам аз ин иқдом ба даст наоварданд", - мегӯяд яке аз собиқадорони бахши бонкдорӣ Файзулло Аминов.
Ҳоло рафъи ин нокомиҳо бори гароне бар дӯши бозигарони боқимондаи соҳаи бонкии кишвар гузошат шудааст. Пандемия ва ташаббусҳои нави Кумитаи андоз мушкилотро боз ҳам шадидтар карданд.

Эҳтиром ба куҳансолон, роҳ ба ҷавонон

То моҳи январи соли 2021 дар бозории  Тоҷикистон 19 бонк, 18 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 5 ташкилоти қарзии хурд ва 27 фонди қарзии хурд фаъолият доранд.
Душанбе плаза - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.01.2021
Таҷаммӯъи муштариёни “Тоҷпромбонк” дар назди бинои БМТ ва парлумон буд ё набуд?
Ғайр аз ташкилотҳои дар боло зикршуда, якчанд ташкилотҳои қарзии умедбахш мавҷуд аст, ки мехоҳанд бо роҳҳои инноватсионӣ бозорро ба дасти худ бигиранд. Яке аз онҳо Бонки байналмилалии Тоҷикистон мебошад, ки фаъолона технологияҳои онлайнро дар фаъолияти худ ба кор гирифтааст. Ва ҳатто "андоз аз Google", ки миёни ҷомеа шуҳрат пайдо кард, ба самаранокии он чандон таъсире нарасонд.
"Замимаи мобилии OSON-и мо аз аввал дар шакли Person-2-Person таҳия шуда буд, яъне он барои ҳамкории байни шахсони алоҳида пешбинӣ шудааст, на ташкилотҳо. Ба ҳамин хотир андозбандӣ намешавад", - шарҳ медиҳад яке аз таҳиягарони ин барнома Фаридун Қаландаров.
Бояд гуфт, ки аксари  майдонҳои савдои электронӣ дар интизорӣ санадҳои меъёрӣ аз Кумитаи андоз, маҷбур шуданд, фаъолияти худро ба таври назаррас коҳиш диҳанд. То ҳол ҳамаи ҷанбаҳо рушан нест, тиҷорат роҳи сабрро интихоб кардааст ва умедвори ба зуди масъалаҳои мушкил ҳалли худро пайдо хоҳанд кард.
Ба ҳар сурат, ғурури бозигарони ҷавон дар бозори бонкӣ бисёр зиёд ва аз ин рӯ, "пиронсолон" набояд ором бошанд, - машварат медиҳанд мутахассисони соҳаи молия.
Лентаи хабарҳо
0