Мушкили интиқоли пул: чаро дар бонкҳои Тоҷикистон издиҳом ба вуҷуд омадаст 

Обуна шудан
Дар бонкҳои Тоҷикистон изтиҳоми калоне ба вуҷуд омадааст, ки нигаронкунанда мебошад. Дар назди дарҳои онҳо навбатпоии муштариён барои гирифтани маблағе, ки ёру пайвандонашон аз хориҷ, махсус аз Русия фиристодаанд нигаронкунанда ба назар мерасад

Тоҷикистон ба системаи нави интиқоли маблағ аз хориҷӣ кишвар гузашт. Акнун ҳамаи интиқолҳо ба воситаи маркази просессингии Бонки миллӣ сурат мегиранд, ки ин барои баланд бардоштани сатҳи интиқоли шаффоф ва кам кардани хатар мебошад.

Аввал интиқолҳо бевосита аз БМТ буданд. Навгониҳо аз 3 декабр амалӣ шуданд. Ин дар ҳолест ки операторҳои системаҳои интиқоли маблағ барои бастани созишнома бо БМТ мулоқот намуданд, системаҳои пулинтиқолдиҳии  Русия бо Тоҷикистон гуфтушунид анҷом дода, 6 моҳи дигар вақт пурсидаанд.  

Аммо системаҳои интиқолии барои муҳоҷирон муҳим ба механизми нави БМТ напайвастаанд, ки дар Тоҷикистон  мушкилоти гирифтани  пулҳои фиристодашуда ба миён омад.

Мардум пулҳоеро, ки аз Русия фиристода шудаанд наметавонанд гиранд. Дар Бонкҳо издиҳом ба вуҷуд омадааст. Ба воситаи системаи интиқоли пул бе доштани суратҳисоб дар Тогҷикистон қариб 90% пулҳо аз Русия ба кишвар меоянд.  

Дар соли гузашта ҳаҷми интиқоли пул $2,55 млрд ташкил карда буд. Интиқоли маблағ аз Русия ба Тоҷикистон баъди Узбакистон дар ҷои 2 қарор дорад.

Лентаи хабарҳо
0