Се сол боз “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк” қарзи мизоҷонро намедиҳанд. Чаро?

© Sputnik / Амир ИсаевПродавец в магазине считает сдачу
Продавец в магазине считает сдачу - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мурофиаи судии “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк” – ду бонке, ки муфлис шуда, амонати садҳо нафарро барнагардондаанд, ҳамоно ниҳоӣ нашудааст

ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Мавлуда Қаландарзода, раиси Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотии ин ниҳод дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин парванда се сол ба ин сӯ дар суди иқтисодии шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дорад ва ниҳоӣ нашудааст.

“Ҳоло мо маълумоти дақиқ, ки оё дороиҳои бонк талаботи пасандозгузоронро ба пуррагӣ имрӯз қаноатманд мекунад ё не, дар даст надорем, зеро ин мурофиаи муфлисшавӣ то ба ҳол ҷамъбаст нашудааст. Ин масъала танҳо баъди он, ки мудири махсус ҳисоботи муфассали худро дар муҳлати қонунӣ пешниҳод кунад, баъд метавонем гуфт, талаботи ҳама пасандозгузорон қонеъ карда шуд, ё нашуд, ё чанд нафар монданд, ки маблағҳои худро гирифта натавонистанд”, - гуфт Мавлуда Қаландарзода.

24 феврали соли 2017 раёсати Бонки миллии Тоҷикистон муҷаввизи «Фононбонк» ва “Тоҷпромбонк” – ро боз хонд. Далел ҳам ин буд, ки ин ду бонк аз уҳдаи хизматрасонӣ ба мизоҷони худ набаромаданд. Моҳи марти ҳамон сол Суди иқтисодии шаҳри Душанбе мурофиаи иҷбории инҳилол ё қатъи фаъолияти ин ду бонкро оғоз намуд. Дар марҳалаи аввал “Фононбонк” ҳудуди 60 ва “Тоҷпромбонк” бештар аз 410 миллион сомонӣ аз мизоҷони худ қарздор буданд.

Тоджиксодиротбанк. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Амволи "Тоҷиксодиротбонк”, “Агроинвестбонк” ва “Тоҷпромбонк” ба фурӯш гузошта мешавад

Бо гузашти се сол аз эълони муфлисии ин ду бонк то ба ҳол ин бонкҳо амонатҳои мизоҷони худро ба пуррагӣ барнагардондаанд ва парвандаи онҳо низ дар суд тӯл мекашад. Чаро?

Пул мехоҳанд, на мол

Ҷамшед Нумуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, як далели тӯл кашидани пардохти қарзи ин бонкҳо ин аст, ки мизоҷон ба ҷои пули худ намехоҳанд амвол гиранд.

“Бино ба баҳогузории ахире, ки комиссияи ҳукуматӣ анҷом дод ва дар ихтиёри мо гузошта шуд, бонкҳо метавонанд моликияти худро ба фурӯш расонанд. Мизоҷон намехоҳанд, ки ба ҷои пули худ моликият гиранд. Бонкҳо гуфтанд, ки метавонанд моҳона то 2 ҳазор сомонӣ ба онҳо диҳанд, инро ҳам қабул накарданд. Аз ин хотир, бояд мунтазир монанд, ки бонк моликияти худро фурӯшад ва пасандози онҳоро баргардонад»,- гуфт Ҷамшед Нурмуҳаммадзода.

Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир “Фононбонк” пеши мизоҷон 12 ва “Тоҷпромбонк” – 53 миллион сомонӣ қарздор мондаанд. Бино ба иттилои расмӣ, “Фононбонк” – 37 ва “Тоҷпромбонк” - 117 иншоот барои фурӯхтан доранд.

Осмонбӯс ва ғайривоқеӣ

Огаҳони ҳол мегӯянд, “Фононбонк” аз чанголи қарзҳои худ як гуна муваффақона дар ҳоли берун шудан аст, аммо вазъи “Тоҷпромбонк” хуб нест. Соли 2018 райиси пешини ин бонк Ҷамшед Зиёев барои аз ҳисоби маболиғи амонатгузорон харидани моликият ба наздиконаш ва зиёни молӣ ба маблағи 270 миллион сомонӣ зиндонӣ шуд.

Вывеска на здании Генеральной прокуратуры РТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Парвандаи раиси "Тоҷпромбонк" ба додгоҳ меравад

Солеҳҷон Ҷӯраев, собиқ Прокурори генералии Тоҷикистон, яке аз амонатгузорони “Тоҷпромбонк” қаблан ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ки ин бонк ба моликияти худ нархҳои осмонбӯс ва ғайривоқеӣ гузошта, ба мизоҷон пешниҳод кардааст.

“Масалан, моҳи майи соли 2017 фабрикаи дӯзандагии “Шарофат” - ро Комиссияи барҳамдиҳӣ 63 миллиону 400 ҳазор сомонӣ нарх гузоштааст, ҳол он ки Ҷамшед Зиёев барои ин корхона 7 миллион сомонӣ харҷ кардааст. Тафовутро бинед, ки аз куҷо ба куҷост! Дигар иншоотҳо ҳам чунин нархгузорӣ шудаанд. Ин як қаллобии рӯйрост аст”, - гуфт Солеҳҷон Ҷӯраев.

8 моҳи дигар

Мурофиаи судӣ ба хотири барҳам додани “Фононбонк” ва “Тоҷпромбонк” аз соли 2017 идома дорад. Тибқи қонунгузории Тоҷикистон, мурофиаи муфлисшафӣ ду сол баррасӣ мешавад ва дар сурате, ки мудири махсус – шахсе, ки аз сӯи Бонки миллӣ барои ҳалли мушкили бонк эъзом мешавад, тайи ин муддат уҳдадории худро пурра ба анҷом расонда натавонад, бо дархости ӯ суд ҳуқуқ дорад ҳамин муҳлатро боз барои ду соли дигар тамдид намояд.

Раиси Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон гуфт, аз моҳи марти соли 2017 то 2019 парвандаи “Фононбонк” ва “Тоҷпромбонк” такмил нашуд ва мурофиа хотима наёфт.

“Аз рӯи дархости мудирони махсус ба ду соли дигар муҳлати баррасии парвандаи онҳо дароз карда шудааст. То ҷое, ки ман хабар дорам, беш аз 8 моҳ муҳлат боқӣ мондааст, ки ин муҳлат ба охир расад”, - гуфт Мавлуда Қаландарзода.

Аммо суол матраҳ ҳамоно ин мемонад, ки оё ин бонкҳо дар ин муддат уҳдадориҳо худро пеши мизоҷон иҷро хоҳанд кард ё не? Кореро, ки се сол ба ин сӯ анҷом надодаанд...

Лентаи хабарҳо
0