Дар Қаратоғ муҷассамаи иштирокчиёни ҶБВ афрохта шуд

© Sputnik / Амир ИсаевОткрытие Мемориала участникам ВОВ в поселке Каратаг
Открытие Мемориала участникам ВОВ в поселке Каратаг - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ифтитоҳи муҷассамаи мазкур сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ва раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз иштирок намуданд

ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Дар шаҳраки Қаратоғи шаҳри Турсунзода маросими ифтитоҳи катиба, ки ба хотири иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бахшида шудааст, баргузор гардидид. Чорабинӣ бо иштироки сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ва раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз гузашт.

Ҷумҳурии Чехия баргардонидани муҷассамаи Маршал Коневро ба Русия рад кард - Sputnik Тоҷикистон
Чехия баргардонидани муҷассамаи Маршал Коневро ба Русия рад кард

Дар катиба номи 571 нафар иштирокчии ҶБВ, ки аз шаҳраки Қаратоғ буданд ва 234 нафарашон дар ҷанг фавтиданд, ҳакокӣ шудааст.

Бояд қайд кард, ки аз шаҳри Турсунзода зиёда аз 5 ҳазор нафар дар ҷанг иштирок карда, 2200 нафарашон баъди мағлубшавии душман ба Ватан баргаштаанд.

Соҳибкорон дар шаҳраки Ҳулбук муҷассамаи 11-метрии Восеъ - ро гузоштанд

Сокинони деҳа, соҳибкорон, инчунин ширкати ТАЛКО, сафорати Русия ва пойгоҳи низомиии 201 барои абадӣ гардонидани номи қаҳрамонон тақрибан 140 ҳазор сомонӣ ҷамъоварӣ кардаанд.

Сафири Русия аз дидани чунин амал изҳори хушнудӣ карда, ба кори ташаббускорони чорабинӣ баҳои баланд дод. Ӯ қайд кард, ки муҷассама бо шарофати худшиносии сокинони шаҳрак ба вуҷуд омадааст ва ин амал дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон муҳим мебошад.

"Инҷо метавон дарси таърихро баргузор кард. Муҳим он аст, ки кӯдакон дар бораи шахсоне, ки барои ватанашон ҷон дода буданд, донанд",- афзуд ӯ.

Раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз шахсонеро, ки муҷассамаро сохтаанд, бо ифтихорнома ва сипоснома сарфароз гардонид. Дар баробари ин, аз ҷониби сафорати Русия шаҳрак ҳамчун шаҳри шуҳрати ҳарбӣ ва меҳнатидошта қайд карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0