ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik, Галия Ибрагимова. Доналд Трамп ба интиқоли қудрат дар Иёлоти Муттаҳида розӣ шуд, агар ҳайати интихоботӣ пирӯзии Ҷо Байденро эътироф кунанд. Аммо пеш аз рафтан, тавре ки расонаҳо пешниҳод карданд, ӯ омода аст бо Эрон ҷанг кунад. Сабаби ҳуҷум барномаи ҳастаист, ки пас аз фурӯпошии "созишномаи ҳастаӣ" аз сар гирифтааст.
Амрикоиҳо инчунин ният доранд, ки Тел-Авивро дар фишор ба Теҳрон ҷалб кунанд. РИА Новости таҳлил кард, ки ин вазъ ба Ховари Миёна чӣ гуна таъсир хоҳад расонд.
Тундхӯии барзиёди Трамп
"Доналд Трамп метавонад ба Эрон зарба занад, бинобар ин нерӯҳои дифоъи Исроил (IDF) бояд дар посбонии онҳо бошанд. Барои мақомоти Исроил фаҳмидани мушкилоти давраи пеш аз савгандёдкунии Ҷо Байден муҳим аст. Раҳбари кунунии Амрико борҳо мавзӯи чӣ гуна корхонаи ғанисозии ураниум дар Натанз нобуд кунадро бардоштааст", - навиштааст нашрияи интернетии Axios бо истинод ба манбаъҳои исроилӣ.
Тавре ҳамсӯҳбатони сайти хабарӣ гуфтаанд, пас аз интишори як гузориши дигар дар бораи барномаи ҳастаии Эрон аз ҷониби Оҷонсии байналммилалии энержии ҳастаӣ (МАГАТЭ) Трамп тарҳи зарбаи пешгирикунандаро ба Теҳрон дар сар андохт.
Дар он гуфта мешавад, ки пас аз сарпечии Ҷумҳурии Исломӣ аз иҷрои шартҳои Нақшаи Амалиёти Муштараки Якҷоя (Барҷом), кишвар захираи урани афзоиш дод.
Ғазаби президентро поён набуд, аммо Майк Пенс ва Майк Помпео ӯро водор карданд, ки ба ҳаяҷон наояд, навиштааст The New York Times аз мақомоти амрикоӣ. Онҳо ба Трамп гуфтанд, ки зарба ба Эрон боиси афзоиши хушунатҳои нолозим хоҳад шуд.
Маълумоти тасдиқшуда дар бораи нақшаҳои Амрико вуҷуд надорад. Аммо Исроил эътироф кардааст, ки онҳо барои омодагӣ ба муқовимати эҳтимолӣ дастур гирифтаанд. "Посух мумкин аст мустақиман набошад, балки ба нерӯҳои миёнаравии Эрон дар Сурия, Ғазза ё Лубнон сурат бигирад", - шарҳ додаанд ба Axios.
Дар ҳоле ки сиёсатмадорон дар бораи эътимоднокии маълумот дар бораи ҷанги эҳтимолӣ баҳс мекарданд, физик Муҳсин Фахризода дар Эрон кушта шуд. Хадамоти ҷосусии Ғарб ӯро "падари бомбаи Эрон" номиданд. Боварӣ доштанд, ки маҳз физик масъули барномаи ҳастаии Эрон аст. Теҳрон фавран Исроилро ба куштор айбдор кард ва ваъда дод, ки интиқом мегирад. Бенямин Нетаняҳу изҳороти эрониёнро нодида гирифт.
Корҳои қабл аз ҷанг
Фош шудани маълумот дар бораи таҳдиди ҳамла ба Эрон, агар рӯйдодҳои қаблӣ намебуд, беаҳамият мемонд. Ба наздикӣ Иёлоти Муттаҳида ҳавопаймоҳои бомбаандози стратегии B-52H Stratofortress -ро ба Ховари Миёна интиқол дод. Фармондеҳии марказии ИМА (CENTCOM) гуфт, ки ҳавопаймоҳои ҷангӣ ба минтақа "барои пешгирии таҷовуз ва дастгирии ҳампаймонҳо" омадаанд.
Вашингтон дақиқ накард, ки чанд мушакандоз фиристодааст ва дар кадом кишвар мустақар шудааст. Фарзияҳое пайдо шуданд, ки ҷангиён акнун мисли зимистони гузашта дар пойгоҳи ҳавоии Диего Гарсия, ҷазираи Бритониё дар Уқёнуси Ҳинд қарор доранд.
Барои омодагӣ дар сурати ҷанг бо Эрон дар он ҷой шаш ҳавопаймои бомбаандоз ҷой карда шуд. Сабаби муқовимати мусаллаҳона ин буд: қатли Қосим Сулаймонӣ, яке аз нухбагони артиши Эрон ва фармондеҳи Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ (IRGC) тавассути амрикоиҳо, Теҳрон ваъда дод, ки интиқом мегирад.
Давоми сол ба мавқеъҳои амрикоӣ дар минтақа ҳамла карда шуд. Аммо ягон бархӯрди мустақим вуҷуд надошт. Гузашта аз ин, амрикоиҳо ба коҳиш додани ҳузур ва сарбозон сар карданд. Ин боиси нигаронии кишварҳои ҳаммарз бо Эрон шудааст. Онҳо эътироф карданд, ки контингенти ИМА як навъ сангаре бар зидди таҳдидҳо буд ва муҳимтар аз ҳама, он Теҳронро бозмедошт.
Музокиротҳои - пинҳону ошкоро
Афзоиши нуфузи Эрон дар Ховари Миёна аз ҳама бештар Исроилро ба ташвиш меорад. Пас аз гирдоби авҷгирии зимистонаи ИМА ва Эрон, Тел-Авив бонги хатар зад. Сарвазир Бенямин Нетаняҳу пешниҳод кард, ки Теҳрон на танҳо аз амрикоиҳо, балки аз давлати яҳудиён низ интиқом мегирад. Ӯ огоҳ кард, ки фаъолона амал хоҳад кард.
Ҳукуматдорони Халиҷи Форс низ кӯшиш мекунанд, ки таъсири Эронро ба корҳои Ховари Миёна боздоранд. Пас аз суқути режими Саддом Ҳусейн дар Ироқ, Ҷумҳурии Исломӣ талош кард нақши раҳбари минтақаро бар дӯш бигирад. Аз ин арабҳо хавотир шуданд. Режими шиаҳои Оятуллоҳ барои анъанаву суннатҳои онон қобили қабул нест.
Барои ҷилавгирӣ аз тақвияти нақши Эрон дар минтақа, монархияҳои араб дар миёнаҳои солҳои 2000 бо Исроил гуфтушуниди ғайрирасмӣ карданд. Гарчанде масъалаи ҳалношудаи Фаластин ба иттиҳоди ошкоро халал расонд, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки бо қадамҳои зидди Теҳрон ҳамкорӣ кунанд.
Ба гуфтаи таҳлилгарон, ҳамкории хомӯшона, масалан, омодагии Урдун, Арабистони Саудӣ, Баҳрайн ва Аморати Муттаҳидаи Араб барои кушодани фазои ҳавоӣ барои ҳавопаймоҳои Исроил аз ин шаҳодат медиҳад.
Раёсати Доналд Трамп ва муносибати зиддиэронӣ робитаҳои Арабу Исроилро тақвият бахшид. Бо расидан ба қудрат, президенти 45-уми ИМА эълон кард, ки тамоми мушкилоти Ховари Миёнаро бо кӯмаки "созишномаи аср" ҳал хоҳад кард.
Он ҳалли масъалаи Фаластинро аз рӯи принсипи "ду давлат барои ду халқ" пешбинӣ мекард - дар якҷоягӣ бо Исроил, Фаластин низ дар харитаи ҷаҳон пайдо хоҳад шуд. Ин ташаббус дар кишварҳои арабӣ дастгирӣ наёфт. Аммо, ба гуфтаи монархияҳои Форс, он ба " бозсозии Ховари Миёна" саҳм гузоштааст.
Моҳи сентябр, Исроил, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Баҳрайн бо миёнаравии амрикоиҳо муносибатҳои расмии дипломатӣ барқарор карданд. Дар айни замон, касе пинҳон намедошт, ки ҳамкории кишварҳо хусусияти тактикии зиддиэронӣ дорад.
Арабистони Саудӣ худро ҳамчун пешвои ҷаҳони араб намудор карда, худро аз Исроил ҷудо нигоҳ медошт. Ҳама дар бораи робитаҳои ғайрирасмии байни кишварҳо медонистанд, аммо ҳеҷ кас наметавонист ба муколама дар сатҳи олӣ роҳ диҳад.
Риёз ба таври анъанавӣ изҳор дошт: то ҳалли мушкили Фаластин дар бораи ҳеҷ гуна муносибат бо Тел-Авив ҳарф зада нахоҳад шуд. Аммо ин стереотип низ пош хӯрд. Чанде пеш маълум шуд, ки Нетаняҳу ба таври пинҳонӣ аз шаҳри Неоми Арабистони Саудӣ дидан карда, бо валиаҳд Муҳаммад бин Салмон гуфтушунид кардааст. Ин хабар ба “сенсатсия” табдил ёфт. Тафсилот ин маъзӯъ пайгирӣ нашуд. Назарияҳое ба миён гузошта шуданд, ки мавзӯи марказӣ онон таъсири Эрон будааст.
Риёз дар ибтидо муколамаро рад кард. Аммо пас аз худдории шарҳи Тел-Авив ба аксари кишварҳо собит шуд, ки ин мулоқот баргузор шудааст. Музокирот пас аз сафари котиби давлатии ИМА ба Ховари Миёна сурат гирифт. Майк Помпео бори дигар кӯшиш кард, ки давлатҳои минтақаро оштӣ диҳад ва дар бораи таҳдиди ҷиддӣ ба Эрон ҳарф зад.
Ҳузури низомии Эрон дар марзҳои Исроил ва муносибати раҳбарони ИМА ба Ховари Миёна
"Исроил ҳеҷ хоҳише барои муқовимати мустақими низомӣ бо Эронро надорад. Аммо дар ҳама ҷабҳаҳо муқовимати пинҳонӣ вуҷуд дорад. Ҷумҳурии Исломӣ ҳузури низомии худро дар Сурия дар ҳудудҳои марзи Исроил тақвият медиҳад. Ҳамсояи дигар, Лубнон, воқеан ҷониби Эрон аст. Теҳрон ба навори Ғазза таъсири ҷиддӣ мерасонад ва Ҳамосро маблағгузорӣ мекунад. Дар асл, Эрон дар ҳама марзҳои Исроил ҳузур дорад",-мегӯяд Ксения Светлова, узви собиқи Кнессет ва коршиноси Институти байнисоҳавии Ҳерзлияи Исроил.
Сафари махфии Нетаняҳу ба Арабистони Саудиро тағйири қудрат дар Иёлоти Муттаҳидаро баррасӣ мекунад.
"Ҳар маъмурияти нави Амрико муносибати худро ба Ховари Миёна дуруст мекунад. Эҳтимол дорад, ки Нетаняҳу ва бин Салмон чӣ гуна ҳифзи ҳамоҳангиро дар робита бо Эрон дар давраи Байден баҳс кардаанд. Гарчанде ман фикр намекунам, ки президенти демократ зидди ин гуна тамосҳо бошад. Аз замони Барак Обама, амрикоиҳо роҳи хуруҷ аз минтақаро пеш гирифтаанд. Боқӣ мондани ҳадди аққал эътилофи арабӣ-исроилӣ, ки ба таҳдиди Эрон муқобил аст, ба манфиати Иёлоти Муттаҳида низ мебошад”, - гуфт Светлова.
Эътирофи хатоиҳои Трамп
Адлан Маргоев, таҳлилгари Институти тадқиқоти байналмилалии МГИМО итминон дорад, ки Эрон аз ҳамкории Арабу Исроил огоҳ аст. Ба гуфтаи коршинос, дар Теҳрон барқарории равобит миёни кишварҳои арабӣ ва "режими саҳюнистӣ" "хиёнат ба Фаластин" дониста мешавад. Мақомоти Эрон тамосҳои Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Баҳрайнро бо Исроил интиқод карда, ҳанӯз ҳам ба шиддат гирифтани муқовимат манфиатдор нестанд.
Ба гуфтаи Маргоев, Теҳрон пас аз тағйири маъмурият дар ИМА ба коҳиши суханрониҳои зиддиэронӣ умед мебандад. "Мақомоти Эрон аз Байден даъват мекунанд, ки хатоиҳои Трампро эътироф кунад ва Барҷомро эҳё кунад. Дар сатҳи коршиносон, демократҳо инро аллакай муҳокима мекунанд, аммо дар амал ҳама чиз он қадар содда нест. Ҳатто муайян кардани тартиби амалиёт душвор аст. Масалан, Эрон талаб мекунад, ки таҳримот бекор карда шаванд. Аммо пас бояд тасдиқ карда шавад, ки Теҳрон шартҳои Барҷомро иҷро мекунад. Ҷумҳурии Исломӣ тавзеҳ медиҳад, ки тавофуқи ҳастаӣ имрӯз пурра иҷро намешавад, ба ин хотир, ки амрикоиҳо аввалин шуда аз он даст кашиданд. Чӣ гуна ба Барҷом баргаштан лозим аст, то механизм дар як вақт мувозӣ кор кунад, саволи кушод аст ", гуфт Маргоев.
Вай эътироф мекунад, ки бекор кардани қарорҳои зиддиэронии Трамп барои Байден осон нахоҳад буд. Маъмурияти раванда ва ҷонибдорони он баҳоҳои бениҳоят манфии сиёсати Эронро пахш карда, таҷрибаи мусбати музокирот ва як муддати кӯтоҳи риояи созишномаи ҳастаиро лағв карданд. Аммо, коршинос мутмаин аст, ки аз боло рафтан ба сатҳи низои низомӣ пешгирӣ карда мешавад.