Раисиҷумҳури ИМА-ро таъйин карданд: кӣ воқеан қудрат дар ИМА-ро ғасб намуд?

© AFP 2023 / APU GOMESДжо Байден
Джо Байден - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пойгоҳҳою шабакаҳои интернетӣ якҷоя бо расонаҳои пешсаф амалан Ҷо Байденро раисиҷумҳури ИМА таъйин намуданд

ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Виктория Никифорова. Ин дафъа интихоботи раисиҷумҳури ИМА бе даст доштани "хакерҳои рус"-и машҳур баргузор шуд. Раисиҷумҳури нави ИМА-ро Google ва Facebook таъйин намуда, мақолаҳои Билл Гейтс дар нашрияи  The Washington Post, ки ба Ҷеф Безос тааллуқ дорад, мақоми "дастурот"-и умумиамрикоиро гирифтанд.

Мелания Трамп - Sputnik Тоҷикистон
Ҷасуру ҷаззоб: образҳои чашмраси Мелания Трамп-акс

"Ба ман гуфтанд, ки пирӯзӣ дар интихобот бидуни пуштибонии BigTech ғайриимкон аст. Биёед нишон диҳем, ки ин имконпазир аст", - изҳор дошт Доналд Трамп ба тарафдоронаш дар арафаи интихобот.

Вақте рӯзи дигар технологияи иттилоотӣ бо зарфиятҳои бузурги маъмурӣ зиддаш ба кор бурда шуданд, маълум гардид, ки президенти ИМА ғалат гуфт.

Имрӯз пойгоҳҳои интернетӣ якҷоя бо расонаҳои пешсаф амалан Ҷо Байденро раисиҷумҳури ИМА таъйин намуданд. Бар хилофи назари даҳҳо миллион амрикоӣ ва партови миллионҳо варақаҳои раъйдиҳии «мурдаҳо».

Нуқтаи авҷи масхараи демократия қатъи нашри суханронии Доналд Трамп тариқи шабакаҳои телевизионӣ буд, ки дар он рақибонашро ба қаллобӣ дар интихобот муттаҳам мекард.

Ремонт Большого Каменного моста в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Талабот меафзояд, коргар нест: норасоии муҳоҷирон нархи манзил дар Русияро афзоиш медиҳад

Тайи моҳҳои охир роҳбарони абарширкатҳои IT-ро ба Конгресс мекашанду ба ҳисоботдиҳӣ водор месозанд. Бар асоси мантиқ ба Тсукерберг (Facebook), Дорси (Twitter) ва Пичаи (Google) бояд ҷумҳурихоҳон ҳамла кунанд, чун ҳадафмандона Трамп ва тарафдоронашро зери по карда буданд. Аммо дар амал тамоман дигар аст.

Аъзои Конгресс – демократҳо моликони пойгоҳҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоиро бештар аз рақибонашон ҳадафи ҳамла қарор медиҳанд.  Ҷумҳурихоҳон BigTech-ро дар сензура ва демократҳо дар инҳисори бозор муттаҳам мекунанд.

Ҷумҳурихоҳон таҳдид мекунанд, ки банди 230-юми қонун дар бораи телекоммуникатсияро бекор мекунанд. Ин дастраскунандаҳоро масъули муҳтавои ҳар чизе мекунад, ки дар пойгоҳашон ҷой дода шудааст.

Ҳар корбар метавонад ба алайҳи ширкатҳои IT муроҷиат кунад ва авҷи чунин шикоятҳо ба эҳтимоли зиёд боиси муфлисии онҳо мешавад.

Путин рассказал, в каких случаях Россия может использовать ядерное оружие - YouTube - Sputnik Тоҷикистон
Путин гуфт, кай Русия силоҳи ҳастаияшро истифода мебарад - видео

Демократҳо мехоҳанд, алайҳи ширкатҳои IT қонуни зиддиинҳисориро кор баранд. Бо мушкилӣ ва на фаврӣ, аммо ин қонун имкон медиҳад, ки ширкатҳоеро, ки қисми зиёди бозорро гирифтаанд, таҳти зарба қарор диҳад.

Қонунгузории зидди трестӣ дар вақташ тиҷорати нафти Рокфеллер ва корпоратсияи IBM-ро шикаста буд.

Бармеояд, сиёсатмадорони амрикоӣ аз аҳзоби гуногун, ки дар интихобот зидди ҳаманд, бо шеваи номаълуме алайҳи корпоратсияҳои IT муттаҳид шудаанд. Чаро чунин шуд?

Соли гузашта рӯшан нишон дод, ки чӣ гуна низоми қудрат дар ИМА тағйир ёфт. Раисиҷумҳур Трамп пеши чашми ҳама назорат болои давлатро аз даст дод. Барномаҳои рӯзи амрикоӣ ва то ҷое ҷаҳониро ғӯлҳои IT муайян мекарданд. Шабакаҳои иҷтимоӣ ба бадсозии Трамп, тарсдиҳии ҷонибдоронаш даст зада, эътирозҳои Black Lives Matter-ро сар заданд.

Джо Байден - Sputnik Тоҷикистон
Оё "таҳримҳои дузахӣ" - и замони Байден ба Русия таҳдид мекунад?

Дар минтақаҳо «дастурот»-и Гейтс, Безос ва Тсукерберг аз ҷониби шаҳрдорону роҳбарони вилоятҳо, ки мансуби Ҳизби демократӣ буданд, бо хушӣ амалӣ мегардиданд. Президент амалан аз равандаи идораи давлат дар канор монд. Хилофи дастуроташ шаҳрдори Ню-Йорк бетартибиҳои оммавӣ дар шаҳрашро таҳрик дода, дастгирӣ мекард. Шаҳрдори Сиэтл дар посух ба талаби Трамп барои таъмини тартибот дар  Twitter ба ӯ навишт, «Дар паноҳгоҳат шин!».

Интихоботи моҳи ноябр амалан чизеро тағйир надоданд. Ҷо Байден барои нақши президент - бозича бештар мувофиқ аст, ки нақши ороишӣ дошта, амалан аз фишангҳои қудрат маҳрум мебошад.

Дар минтақаҳо шаҳрдорҳо ва роҳбарони вилоятҳо вобаста ба тавоноию малакаашон фармонравоӣ мекунанд. Онҳоро миллиардерҳои молики ширкатҳои фаромиллӣ, бо қайди иқоматашон дар Дублин идора менамоянд. Ё шахсони боз ҳам номаълумтаре, ки пушти ин гуруҳ меистанд.

Кандидат в президенты от демократов Джо Байден - Sputnik Тоҷикистон
Чизе нест, ки Путин бо он Байденро табрик кунад

Барои раисиҷумҳури ИМА ва дар маҷмуъ ба кулли гуруҳи сиёсатмадарони амрикоӣ дар ин низоми болохонадори идорӣ ҷой нест. Маҳз ин ҳолат сенатору конгресменҳои амрикоиро, сарфи аз мансубияти ҳизбияшон метарсонад. Онҳо худро ногаҳон бегона эҳсос карданд.

Тасодуфӣ нест, ки амрикоиҳо зуд дар бораи хакерҳои русӣ фаромӯш карданд. Маълум шуд, ки ин бадкорони сохта як таҳдиди сода буд. Хадамоти махсуси бисёре аз кишварҳо мунтазам хилофи ҳам кор мекунанд. Аммо таъсири беҳудуди ширкатҳои IT чизест, ки метавонад тамоми давлатҳои миллиро бо хадамоти махсус, сиёсатмадарон ва лобистонашон зудояд.

Чанд соли қабл гуруҳи либералӣ идеяи «интернети мухтор»-ро ба масхара кашиданд. Аммо амрикоиҳо дар пӯсташон таъсири озодии бемаҳдуди технологияи иттилоотиро эҳсос карданд ва дар ниҳоят президентеро гирифтанд, ки ҳатто ба ҷонибдорияш овоз надоданд. Баногоҳ маълум шуд, ки бидуни назорати интернет истиқлол вуҷуд надорад.

Нагорный Карабах, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Поёни ҷанг дар Қарабоғ: Русия, Озарбойҷон ва Арманистон созишнома имзо карданд

Хилофи боварҳо, ки бахши хусусӣ идеология надорад, интернет-корпоратсияҳо ба тамоми ҷаҳон сиёсати муайян ва рӯшани сиёсиро бор карда истодаанд. Муҳтавояш дар нақзи ҳуқуқҳои сафедҳои аксарият, барномаи радикалии сабз, ғайрисаноатисозӣ, ташкили ҷангҳои «фарҳангӣ» дар саросари ҷаҳон мебошад. Ин идеяҳои сода дер бор низоми мураккаби сензураи сиёсиро фароҳам карданд.

Ин барномаро метавон осон дар бисёр кишварҳои ҷаҳон нусхабардорӣ намуд ва кор то ба ҳадди хандахариш мерасад: Сокинони Ҷопон ба таври оммавӣ ба ҳамоиши Black Lives Matter мебароянд, гарчи суол ба миён меояд, ки онҳо куҷоянду сиёҳпустҳои зулмдида куҷо?

Флаг США - Sputnik Тоҷикистон
Урупо фили амрикоиро монда мӯрчаи белорусиро қапид

Бо чунин шева метавон низоми болохонадори идориро низ роҳандозӣ кард, ки имрӯз ИМА майдони таҷрибаи он қарор гирифтаанд.

Мунаққидони идораи миллии интернет ба мақоми хусусӣ доштани ширкатҳои IT ишора мекунанд. Гӯиё моликони шабакаҳои иҷтимоӣ метавонанд дар дӯконашон ҳар қоидаеро хоҳанд ҷорӣ кунанд. Аммо мақоми инҳисорияшон имкон медиҳад, ки чунин ширкатҳо фикрҳои озоди миллиардҳо нафарро сензура намоянд ё идеяҳои гуногун ҳатто зиддиинсониро паҳн намоянд. Фаромӯш набояд кард, ки "Фелкишер Беобахтер" замоне чун нашрияи хусусӣ оғоз шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0