Газ ва Исроил: чигуна Аврупо Русияро боз бо дигаре иваз кард

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкЛоготип ПАО "Газпром"
Логотип ПАО Газпром - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Барои худро ширин кардан, Комиссияи Аврупо ба гардани EastMed  тамғаи "тарҳи дорои манфиати умумӣ"- ро зад. Ин маънои онро дорад, ки ба лӯлаи газ талабот ё маҳдудияти тарҳи севуме дахолат карда наметавонад, яъне онҳое, ки бо Газпроми Русия мушкилӣ доранд. 

Тавре Reuters ҳафтаи ҷорӣ хабар дод, ҳукумати Исроил созишномаеро бо Иттиҳоди Аврупоро ба имзо расонид, ки мувофиқи он нақша дорад қубури газии баҳрии EastMed бунёд кунад.

Расонаҳои зиёди русӣ, ки солҳо танҳо аз нокомиҳои Русия мегуфтанд, пур аз гузоришҳое гаштанд, ки Ҷаҳони кӯҳна ба лӯлаи гази Русия ҷойнишин ёфтанд.

Рабочий на участке строительства газопровода Северный поток-2 - Sputnik Тоҷикистон
Коҳиши нархи нафт ва таъсири он ба гази Русия

Аммо хурсандии онҳо бо чанд сабаб дер давом нахоҳад кард.

Аз он сар мекунем, ки  EastMed - тарҳи хело ҷавон аст аз нигоҳи техникӣ хом аст. Нахуст, созишнома байни се давлат Ҳабашистон, Кипр ва Исроил моҳи марти соли 2019 ба имзо расида буд.

Барои фаҳмидан ки ин ҷо манфиатҳои кӣ ниҳон аст, бояд қайд кард, ки имзои созишнома дар зери контроли шахсии котиби давлати Амрико Майк Пампео ба имзо расида буд.

Барои худро ширин кардан, Комиссияи Аврупо ба гардани EastMed  тамғаи "тарҳи дорои манфиати умуми"- ро зад. Ин маънои онро дорад, ки ба лӯлаи газ талабот ё маҳдудияти тарҳи севуме дахолат карда наметавонад, яъне онҳое, ки бо Газпроми Русия мушкилӣ доранд. 

Барои тезонидани амалишавии тарҳ аз буҷаи Аврупо 39 миллион доллар ҷудо шуда буд. Аммо маълум гардид, ки ин намерасад.

Аз нигоҳи техникӣ низ ҳама кор содда нест.

Лӯлаи газеро, ки дарозиаш 2 ҳазор километр ва тавоногиаш 10 миллиард кубометр ва арзишаш 7 миллиард доллар аст, нақша доранд, ки дар 7 сол созанд. Дар ҳамин ҳол, фарқи асосии он аз "Ҷараёни шимолӣ" дар минтақа байни Кипр ва Крит чуқурии баҳр 3 ҳазор метрро ташкил медиҳад. Вазъро мушкилии дохили Баҳри миёназамин печидатар мекунад, ки маркази заминларза аст.

Афзун бар ин, аз нигоҳи сиёсӣ низ ин лӯъла чанд мушкилӣ дорад. Ба 3,5 триллион кубометр газ изофа бар Исроил, Миср, Лубнон ва Сурия низ "хостгорӣ" мекунанд. Ба Димишқе, ки оғӯштаи ҷанг аст, феълан баҳсҳо нолозиманд. Аммо Лубнон бошад, даҳ сол аст, ки як қисми тунукобаи баҳрро талош мекунад. 

Дар аввал нақша доштанд, ки аз лӯлаи мазкур ба Италия ва Булғористон низ газ интиқол ёбад, аммо бояд қайд кард, ки Италия дар ягон нишасте дар робита бо сохтмони он иштирок надошт ва билохира гуфт, ки кишвараш дар орзуи гази мазкур нест.

Барои Италия беҳтар аст, ки лӯлаи гази Транс-Адриат бунёд шавад ва кишвар газро аз Озарбойҷон харидорӣ кунад.

“Татнефт” дар канори “Газпром” мехоҳад ба ҶТ маводди сӯхтӣ ворид созад
Албатта, дар роҳи амалишавии EastMed мисли кӯҳе Туркия меистад, ки бо бештари иштирокдорони тарҳ муносибати кишвар хуб нест.

Мисол, дар наздикии соҳили Кипр кони Афродита ҷойгир шудааст, ки аз он ҷо барои фурӯш ба Аврупо хариди газ дар назар аст. Моҳи марти соли 2018 ширкатҳои итолёвӣ таҳқиқот мебурд, аммо пас аз расидани киштиҳои ҳарбии туркӣ маҷбур шуданд, ки онро тарк кунад.

Ҳамин тавр, маълум нест, ки бо Кипр бояд чӣ кор кард. Қисми лӯлаи газро нақша доранд ба воситаи қисми шимолии ҷазираҳои тасарруфшуда гузаронанд, ки Анқара интизор дорад ҳаққи роҳ пардошт шавад, аммо бо он Кипр розӣ нест.

Ва боз: мо беҳуда манфиати Амрикоро ин ҷо зикр накардем. Афзун бар ин ки муносибати Туркия ва Амрико хело сард аст, сиёсати хориҷии Амрико ба Туркия зарари иқтисодӣ мерасонад: 21 июли соли равон палатаи намояндагони конгресси Амрико бо як овоз тарҳи нави таҳримҳои зидди лӯълаи гази русии "Ҷараёни шимолӣ - 2" ва "Ҷараёни туркӣ"-ро қабул кард.

Ин амали Амрико бидуни гумон дӯстона нест, зеро онҳо нақшаи қутби асосии газдар Аврупои ҷанубӣ ва ҷанубу шарқӣ гаштанашро зери суол мебарад.

Агар  EastMed, хусусан қисми булғории он IGB бунёд гардад, шохаи транзитии Ҷараёни туркӣ ба воситаи Лӯлабургаз маънои аслии худро гум мекунад, буҷа бошад, маблағро.

Визит главы МИД РФ С. Лаврова в Киргизию - Sputnik Тоҷикистон
Лавров: Иттиҳоди Аврупо барои муносибати баробар бо Русия омода нест

  Ва боз як ҷузъ, иктишофи кони Левиафанро дар соли 1999 ширкати амрикоии Noble Energy шурӯъ карда буд, худи ҳамин ширкат пас аз пайдо кардани захираи бузурги карбогидридҳо аз ҳукумати Исроил тамоми тарҷеҳотро берун кашид.

Танҳо дар тарҳи дохилии энергетикӣ Телавив 6,3 миллиард доллар маблағгузорӣ намудааст, Noble Energy  бошад, барои ширкат дар тамоми таҳқиқотҳои иктишофӣ ҳуқуқи иштирок карданро пайдо намуд.

Ҳамааш он замон тағйир ёфт, ки Исроил хост ба бозори байналмилалӣ барояд. "Noble" -и хурдакакро дарҳол ширкати бузурги нафти Амрико Chevron харид. Созишнома 5 миллиард доллар арзиш дорад ва то охири соли равон ба анҷом мерасад.

Ҷои гумон нест, ки Анқара хело зуд мефаҳмад, ки аз куҷо ба манфиатҳои сиёсиву иқтисодии ва таҳдид мерасад. Барои ҳамин беҳтар шудани муносибатҳои Амрико ва Туркияро интизор набояд шуд. Ҳамон тавре сохтмони тарҳи EastMed-ро низ ба зудӣ набояд интизор шуд. Лӯлаи Исроил метавонад системаҳои содиротро вайрон кунад ва ин ҳеҷ гоҳ боиси ҳал шудани мушкилии байни кишварҳо намешавад.

Коршинос гуфт чаро кишварҳои Аврупо аз муҳоҷирон тарс доранд

Агар, ҳатто тарҳи EastMed аз ҷояш каме ҷунбад ҳам, барои анҷом ёфтани он ақалан 7 сол лозим аст. Аммо қубурпайчинҳои Газпром бошанд аз 3 август ба кор шурӯъ мекунанд. Пас аз он Русия метавонад 110 миллиард кубометр газ содир кунад. 

Лентаи хабарҳо
0