Дар пайи пирӯзии Доналд Трамп дар интихоботи президентии соли 2016 дар ИМА бисёре аз тарроҳон байкот эълон карда, аз таҳияи сарулибос барои бонуи аввал худдорӣ намуданд.
Аммо ҳозир тақрибан ҳамаи хонаҳои мӯди ҷаҳон орзу доранд, ки аз бонуи аввали ИМА фармоиши сарулибос бигиранд. То расидан ба мақоми бонуи аввали ИМА Мелания Трамп либосҳои кӯтоҳро меписандид ва образҳои ҷаззобро меофарид.
Баъди интихоби Доналд Трамп ба мақоми раисиҷумҳури ИМА ҳамсараш бештар ба либосҳои корӣ ва классикӣ майл кард.
Хеле зиёд Мелания Трампро бо собиқ бонуи аввали ИМА, Жаклин Кеннедӣ, ҳунарпеша Грейс Келлӣ ва шоҳдухт Диана қиёс мекунанд.
Бо вуҷуди хештандориҳо, Мелания Трамп инчунин аз образҳои хоси ҷавонон низ кор мебарад. Аз ҷумла либосҳои тангу ранга ва нимтанаҳои тунукро низ зиёд ба бар мекунад.








