Путин гуфт, кай Русия силоҳи ҳастаияшро истифода мебарад - видео

Обуна шудан
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия бо намояндагони Вазорати мудофиа масоили амнияти ҳастаиро баррасӣ кард

“Сегона”-и ҳастаӣ муҳимтарин кафили амнияти низомии Русия ва бехатарии ҷаҳон боқӣ мемонад, таъкид кард Владимир Путин.

Заместитель председателя Совета безопасности РФ Дмитрий Медведев  - Sputnik Тоҷикистон
75 соли СММ: мушкилоти кӯҳна, чолишҳои нав ва ҳалли масъалаҳои глобалӣ

Ӯ афзуд, ки Маскав навсозии нерӯҳои стратегиро идома медиҳад, аммо дар сабқати мусаллаҳсозӣ иштирок нахоҳад кард.

“Сарфи назар аз тағйири таҳдидҳои низомӣ, маҳз “триада”-и ҳастаӣ муҳимтарин кафили амнияти ҳарбии Русия боқӣ мемонад. Ва агар васеътар нигоҳ кунем, кафили эътидоли глобалӣ низ мебошад. Ҳифзи чунин тавозун таҳдиди даргирии бузурги ҷаҳониро ба сифр баробар карда, талошҳои таҳдид ё фишор ба кишварамонро беҳуда мегардонад”, - гуфт Путин.

Раисиҷумҳур зикр намудааст, ки дар қаламрави Аврупо ҳузури НАТО дар наздикии сарҳади Русия васеъ шуда истодааст. Путин таъкид намуд, ки Эътилоф пешниҳоди Маскав барои кам кардани фаъолият дар марҳилаи пандемияи коронавирусро сарфи назар намуд.

Ӯ ҳамчунин қайд кардааст, ки дар доктринаи ИМА аз истифодаи силоҳи ҳастаӣ дар баробари истифода аз силоҳи ғайриҳастаӣ гуфта мешавад, аммо Русия танҳо дар сурати ҳамлаи ҳастаӣ ба чунин посух даст хоҳад зад.

Путин таъкид намуд, ки ин иқдоми истисноии таъмини амнияти миллӣ буда, Русия аз силоҳи ҳастаӣ танҳо дар сурати посух ба ҳамлаи ҳастаӣ истифода хоҳад кард.

Лентаи хабарҳо
0