ДУШАНБЕ, 22 окт – Sputnik. Мумкин аст, ҳамин дидор охирин бошад, чун вазъияти ИМА имрӯз чунон шадид аст, ки ин ду нафарро намешавад якҷо тасаввур кард.
Агар ҳам муъҷизае рух диҳаду Байден дар интихобот пирӯз шавад - Трамп метавонад натиҷаи интихоботро эътироф накунад ё ками камаш ҳамаи анъанаҳоро поймол карда, ба маросими савгандёдкунӣ ҳозир нашавад.
Ва Байден ҳам ба ҳеҷ ваҷҳ ба маросими инаугуратсияи Трамп нахоҳад омад - ба ҳамин минвол рӯзи панҷшанбе барояшон рӯзе хоҳад буд, ки онҳо метавонанд бигӯянд, чӣ мехоҳанд. Ва онҳо аз ин имконият ба пуррагӣ истифода хоҳанд кард.
Трамп Байденро раҳбари гурӯҳи ҷинояткорон меномад ва талаб мекунад, ки ӯро ҳамроҳи писараш Хантер равонаи зиндон кунанд. Ҷо дар зиндон намешинад, вале вақте ӯ интихоботро бой медиҳад, расонаҳо мегӯянд, ки ӯро "сюрпризи октябрӣ" аз пой зад - яъне маводе, ки чанд рӯз қабл аз компютери Хантер дарёфт шуд, ки собиқ ноиби президентро дар фасод муттаҳам мекунад. Вале Байден бидуни ин маводҳо ҳам мағлуб мешуд, чун Трамп ба пирӯзӣ маҳкум шудааст.
Вале чигуна мешавад: назарпурсиҳо тамомии бартарияти Байденро нишон медиҳад? Набояд онҳо сохта бошанд?
Метавонанд. Чун онҳое, ки муқобили Трамп бозӣ мекунанд, метавонанд аз ҳар дурӯғе кор бигиранд.
"Ман натанҳо муқобили Байден, балки зидди расонаҳо, ширкатҳои бузурги технологӣ ("Фейсбук", "Твиттер", "Гугл") ва "ботлоқи вашингтонӣ" номзад мешавам, гуфт Трамп. Бале - ва беҳтарин тасдиқи ин вокуниши деви сесара ба далелҳои айбдоркунандаи зидди оилаи Байден буд.
Мавод дар "Ню-Йорк пост" - ро кӯшиш карданд, блок кунанд. "Гугл" онро наметавонист бихонад ва "Фейсбук" - у "Твиттер" иҷоза надоданд, ки он мавод дар саҳифаҳояшон паҳн шавад. Ва расонаҳо ҳам кӯшиш карданд, маводи баҳсбарангезро нодида бигиранд ва аксарияти сиёсатмадорон чунон вонамуд мекарданд, ки коре нашудааст.
Дар баробари ин, ҳамон замон ба тарафи Русия айбдориҳо садо доданд, маълум ки ин Русия боз ба корҳои дохилии Амрико дахолат кард ва Байденро муттаҳам намуд.
Дар ин бора натанҳо конгрессменҳо гуфтанд, балки кормандони мақомот низ. Кормандони пешин - чун директори Хадамоти ҷосусии ИМА Ҷон Рэтклифф изҳор дошт, ки маълумот дар ноутбуки Байден "қисми ягон маъракаи русиягӣ нест". Вале кормандони собиқ номаи кушод навишта гуфтаанд,, ки "таҷрибаи пешин моро водор месозад, ки дасти ҳукумати Русияро дар ин бор эҳсос кунем".
"Пайдо шудани номаҳои электронӣ дар саҳнаҳои сиёсии Иёлоти Муттаҳида, ки гӯё ба писари ноиби президенти ИМА Байден Хантер тааллуқ доранд, ки аксари онҳо аз даврае, ки ӯ дар раҳбарии ширкати Burisma дар Украина кор кардааст, нишонаҳои классикии маъракаи иттилоотии Русияро дорад".
Яъне, Русияро ба сохтани далелҳои носозгор нисбати Байден айбдор намекунанд - ҳарчанд чунин овоазҳо ҳаст - не, Русия танҳо паҳн кард. Аммо чӣ гуна - мешавад агар, ба гуфтаи Руди Ҷулиана (адвокати Трамп ва шаҳрдори собиқи Ню-Йорк), муҳтавои диски компютерии Ҳантер Байден ҳафт моҳ пеш ба ФБР супурда шуда бошад?
Яъне Маскав ин маводҳоро баҷой нигоҳ медошт ва ба "сюрпризи октябрӣ" омода мешуд, ё дастгоҳи трамп ва мушовиронаш аз ҷумла Ҷулиана ин корро карданд? Бале, Ҷулиана зертобеи Путин аст...ва ин шӯхӣ нест: чуноне сенатор Крис Мерфи изҳор дошт, "ин бор русҳо қарор карданд, ки шаҳрвандони амрикоро чун ҷосусони худ созанд. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки пропагандаи худро дар расонаҳо ҷой диҳанд. Ва онҳо комёб шуданд. Медонед, Руди Ҷулиана акнун ҷосуси Русия аст".
Бале, албата агар худи Трамп корманди Кремл бошад, дар бораи зертобиъинаш бояд чӣ гуфт. Ханда хандаю, вале худи ҳамин баҳогузории хатои воқеъият ва ҳодиса бо оилаи Байден аллакай нишонгари пирӯзии Трамп аст. Чун рақибони ӯ дар ҷаҳони хаёлӣ ба сар мебаранд - дар ҷаҳоне, ки дар он русҳо ба рафти интихоботи ИМА дахолат мекунад.
Вале, дар воқеъ мо чизи тамоман дигарро мебинем: роҳпаймоии ҷонибдорони Трамп дар сар тосари кишвар ва вохӯрии камёби Байден бо ҷонибдорони камаш. Трампро ҳатто мусулмонон ва дигар қавмҳои аққалият низ дастгирӣ мекунанд. Набуди пурраи далелҳо оиди алоқаи русҳо бо Трамп ва фасоду дуруғгӯии оилаи Байден.
Ва муҳимтар аз ҳама, дар ҷаҳони воқеӣ, амрикоиҳо кайҳо боз, аз элитаи сиёсии худ - "ботлоқи Вашингтон" -и дилсард шудаанд ва аз ин рӯ ягона алтернативаи ҷиддӣ ба Трамп метавонист Сандерс бошад. Аммо маҳз ба сабаби дар система набуданаш коллективи "Байден" ӯро ба интихобот роҳ надод.
Амрикоиҳои оддӣ на дар ҷаҳони таблиғотӣ, балки дар ҷаҳони воқеӣ зиндагӣ мекунанд ва аз ин рӯ натиҷаи интихоботи 3 ноябр барояшон пешакӣ муайян аст. Ҳатто сарфи назар аз кӯшиши гардиш додани овозҳо дар "иёлатҳои ноустувор" тавассути сафарбар кардани як интихобкунандаи ғайрифаъоли демократӣ ба овоздиҳӣ тавассути почта - зеро дар он ҷо низ афзоиши овозҳо ба тарафдории ҷумҳурихоҳон дида мешавад.
Ҷаҳони ихтироъшуда 3 ноябр мағлуб хоҳад шуд, ҳатто агар баъд хаос барпо кунаду воқеъиятро напазирад, он ҳеҷ куҷо намешавад.
Гидраи се сар ба интиқом умед мебандад ва барои он кор мекунад. Ҳам дар миқёси Амрико ва ҳам ҷаҳон - ва дар ин ҷо вай ҳақ дорад, ки дар нокомиҳояш русҳоро гунаҳгор кунад.