ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Муовини райисҷумҳури ИМА Ҷон Байден ба роҳбарони кишварҳои ҳамсояи Венесуэла дар мавриди нақшаи табаддулот дар он кишвар иброз доштааст, иттилоъ медиҳад РИА Новости дар такя ба суханони Николас Мадуро.
"Ҳокимияти имперотурии шимол ба марҳилаи хатарноку ҳассосе ворид шудааст. Онҳо (ИМА дар назар аст- шарҳи идора) бо роҳбарони ҳамсоякишварҳо дар мавриди сарнагунии ҳукумати Венесуэла доду ситад кардаанд. Ман дар ин кор ноибрайиси ҷумҳурии ИМА-ро муқассир медонам",- гуфт Николас Мадуро.
Ба қавли ӯ, Ҷон Байден шахсан худаш ба роҳбарони кишварҳои ҳамсоя дар бораи саранагун кардани райисҷумҳури Венесуэла гуфтугӯ доштааст. Мадуро афзуд, Венесуэла дар ҳоли ҳозир қодир аст ба ҳар як бадхоҳ посухи сазовор бидиҳад.