ДУШАНБЕ, 24 авг— Sputnik. Расонаҳои амрикоӣ аз қотеият ва иродаи Ҷо Байден, ки дар мусоҳибаи ахираш бо АВС нишон дод, ба ваҷд омадаанд. Аз он дар ҳаяҷонанд, ки Байден ваъда дод, дар сурати идомаи пандемия ният дорад, бори дигар қарантинаи умумимиллиро бо маҳдудиятҳо барои фаъолияти иқтисодӣ ҷорӣ хоҳад кард.
Бо ҳамин изҳорот, мавқеи комилан мухолифи Доналд Трампро ба намоиш гузошт. Барои дарки пайомади ин мавқеъгириҳо бояд ба назар гирифт, ик коронавирус дар Иттиҳоди Аврупо, Русия, Бангладеш ё Чин пеш аз ҳама масъалаи беҳдоштӣ мебошад ва танҳо дар ИМА ин масъалаи дорои сирф хусусияти сиёсист.
Нашрияи Politico хабар дод, ки “номзад ба президентӣ аз демократҳо Ҷо Байден гуфт, “ҳар чизи лозим” барои ҷилавгирӣ аз коронавирус дар кишварро анҷом хоҳад дод, аз ҷумла боздоштани иқтисоди ИМА-ро, агар зарур ояд.
“Ман масдуд мекардам, ба олимон гӯш медодам. Ман тамоми корро барои наҷоти ҷонҳо анҷом медиҳам ”, - гуфт Байден дар суҳбат бо хабарнигори АВС, Дэевид Мюиру. Дар ин суҳбат Байденро шарикаш сенатор Камала Ҳаррис, номзад ба мақоми ноиби президент ҳамроҳӣ кард.
Шарҳи Байден бозгӯи сангинтарин чораҳои эҳтимолие мебошад, номзад ба мақоми раисиҷумҳур аз Ҳизби демократӣ алайҳи коронавирус пешниҳод кардааст. Ин вирус дар ИМА ҳадди ақал ҷони 175 ҳазор нафарро гирифт.
Ҳизби демократ ва Байден талош доранд, худро муборизони бемуросо бо коронавирус ҷилва диҳанд, ки ба ҳар чора қодиранд, то ин бемориро боздоранд. Ҳадаф ин аст, ки дар баробари онҳо Трамп чун соҳибкори молдӯсту “қотили бобою бибӣ”-ҳо намудор шавад, дасташ олудаи хуни афроде, ки дар пайи худдории раёсати феълии кишвар аз тамдиди чораҳои қатъӣ алайҳи коронавирус, ҷон доданд.
Дар манотиқи ИМА, ки зери назорати Ҳизби демократӣ қарор доранд, васвосаи мақомдорон аз ҳад гузаштааст, аз ҷумла дар Лос-Анҷелес шаҳрдорӣ на танҳо шабнишиниҳо дар хонаро мамнӯъ кард, балки инчунин таъминоти барқ, об ва корези афроди вайронкунандаро қатъ месозад.
Барои гуруҳи бошандагони сайёра, ки аз фазои хабарии ИМА берунанд, дарки ин чораҳо мушкил аст, аммо расонаҳои ИМА, ( ки зидди Трамп кор мекунанду мардумро бо зарбаҳои хабарӣ дар ҳаҷми саноатӣ ба воҳима меандозанд) ба натиҷаҳои ҳайратовар ноил шудаанд. Барои мисол ширкати молиявии Franklin Templeton назарпурсии оммавӣ дар мавриди пандемияро фармоиш дод, ки бо чунин хулоса анҷомид:
“Муайян шуд, ҳиссаи афроде, ки аз пайомадҳои ҷиддии COVID-19 барои саломатияшон сахт нигаронанд, барои ҳамаи гуруҳҳои синнусолӣ аз 25 то 64-сола тақрибан якхела мебошад, ки аз сатҳи нигаронии афроди аз 65-сола боло хеле кам поинтар аст. Духӯрагиҳо дар омори маргумир низ ҳайратоваранд. Миёни 18-24-солаҳо ҳиссаи афроди нигарон аз пайомадҳои коронавирус барои саломатияшон аз омори фавт миёни ин гуруҳи синнусолӣ 400 баробар зиёд мебошад. Барои 25-34-солаҳо ин нишондод 90 баробар зиёд мебошад.
Инро метавон эҳтиёткории муқаррарӣ маънидод кард, аммо ин ҷо нозукие аст, ки ин ҳама афроди нигарон ҷонибдори истифодаи маводи беҳдоштӣ, пӯшидани ниқоб нестанд, аммо тарафдори бастани макотиб, тиҷорат, муассисаҳои давлатӣ ва умуман маҳдудсозиҳои беҳудуд то таъмини бехатарии комиланд.
“Масдудсозии як кишвар ба андозаи то 3 дарсади ММД дар як моҳ баҳо хоҳад дошт, бинобар ин ҳатто сарватмандтаринҳои кишвар наметавонанд ба худ ду-се моҳи масдудсозиҳои комилро иҷозат диҳанд”, - изҳор дошт дар суҳбат бо шабакаи телевизионии CNBC Хартмут Иссел, мудири шуъбаи саҳмияҳои минтақаи Осиёю Уқёнуси Ороми бонки Швейтсария.
Дар кишварҳое, ки масъалаи мубориза бо пандемия сахт сиёсатзада нашудаасту ба мавзӯи маъракаи интихоботӣ табдил наёфтааст, бархӯрд ба вазъ якмаром аст: масдудсозии комили иқтисод аллакай мумкин нест. Дар ин бора сиёсатмадорҳои гуногуну намояндагони бахши соҳибкорӣ, аз ҷумла собиқ нахуствазири Бритониёи Кабир, Тони Блэр, роҳбари ширкати Siemens Ҷо Кэзер ва нахуствазири Фаронса, Жан Кастекс изҳорот доданд.
Дар ин масъала ИМА аз дигарон ҳеч фарқе надораду зиёда аз ин дар вазъияти бадтар мебошад, чун баъди масдудсозии аввал ҳанӯз иқтисодашон барқарор нашудааст. The New York Post хабар дод, ки “сокинони гуруснаи Ню-Йорк дар навбати тӯлаш чоряк мил барои ғизои бепул дар Квинс меистанд”.
Иқтисодшиноси шинохта, сармушовири абарширкати суғуртавии Allianz, Муҳаммад Эл-Эриан бар ин аст, ки “харобсозии соҳибкории хурд аз ҷониби коронавирус ба низоми сармоядории ИМА таҳдид мекунад”.
Бар асоси баҳогузории расмии давлатӣ, ки шабакаи молиявии CNBC ба он такя мекунад, “қариб нисфи аҳолии (болиғ) ИМА бекор мебошанд”.
Дар ҳамин ҳол Ҷо Байден, дақиқтараш политтехнологҳояш ба он такя доранд, ки ҷомеаро аз таҳдидҳои коронавирус ба воҳима андозанду бо ваъдаи чораҳои шадид мардумро ба тарафи худ кашанд. Ба гуфтаи калонтарин ширкати байналмилалии машварати сиёсии Eurasia Group, Ян Бремер, ягона масъалае, ки интихобкунанда дар он ба Трамп бештар аз Байден боварӣ доранд, иқтисод мебошад ва чунин изҳороти Байден барои маъракаи пешазинтихоботии раисиҷумҳури феълӣ имкониятҳои иловагӣ медиҳад.
Каме таассуфовар хоҳад буд, агар ин имкониятҳо амалӣ карда шаванд. Ҷолиб аст, ки чӣ гуна иқтисоди амрикоӣ боз як қарантини сартосариро (муҳим нест, ки чӣ қадар кӯтоҳ) паси сар хоҳад кард.