Раҳмон пас аз интихобот ҷараёни сохтмони НБО “Роғун”-ро тафтиш кард

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанПрезидент Эмомали Рахмон и премьер проинспектировали строительство Рогунской ГЭС
Президент Эмомали Рахмон и премьер проинспектировали строительство Рогунской ГЭС - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури тозаинтихоби Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ ба Неругоҳи барқи обии “Роғун” сафар кард

ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, нахуст Эмомалӣ Раҳмон бо  ҷараёни корҳо дар нақби  нақлиётии  Т-18,  нақбҳои обрасони агрегатҳо ва  шахтаҳои турбинаҳои Неругоҳи барқи обии “Роғун”, ки  бо  суръат  идома  доранд, шинос шуд.

Президент Республики Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Нахустин сафари Раҳмон пас аз дигарбора президент шудан: ба "Роғун" рафт

Гуфта шудааст, ки ҳоло сохтмони иншооти обқабулкунаки доимии Неругоҳ, идома дорад ва то  имрӯз ҳаҷми умумии корҳои нақбканӣ  58,2 ҳазор метри мукааб ва корҳои бетонпошӣ 9,8 ҳазор метри мураббаъ иҷро гардидааст.

Корҳои сохтмонӣ дар шахтаҳои турбинаҳо, нақби  нақлиётии  Т-18 ва нақбҳои обрасони агрегатҳо бо  истифодаи  техникаҳои пуриқтидору муосир ва  ҷалби коргарону мутахассисони соҳибтаҷриба   идома доранд.

“Дар шахтаҳои амудӣ нақбкании фурнелҳо то сатҳи зарурӣ анҷом дода шуда, барои кушодсозии шахтаҳои обрасон коргарону мутахассисон бо  истифодаи техникаҳои замонавӣ пурсамар фаъолият мекунанд”, таъкид доштааст манбаъ.

Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки корхонаи “Заводи таҷрибавӣ-механикӣ”-и шаҳри Норак, ки  дорои техникаҳои муосири нақбканию пармакунӣ ва дигар механизмҳои зарурӣ мебошад, дар самти истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридотии босифат ва  ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалӣ  низ нақши  муҳим дорад.

Президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган во время встречи с президентом РФ Владимиром Путиным на полях Группы двадцати  - Sputnik Тоҷикистон
Эрдуғон аз эътимоди зиёди мардум ба Раҳмон гуфт

Маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаи мазкур дар сохтмони иншооту инфрасохтори Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба таври васеъ истифода мешавад.

Манбаъ зикр кардааст, ки иншооти шахтаи ҳаводиҳанда аз тарафи институти “Гидропроект” лоиҳакашӣ шудааст. Барои дар муҳлатҳои муайян ба истифода додани иншооти мазкур ширкатҳои ватанию хориҷӣ бо техникаву механизмҳои пуриқтидор ва замонавӣ ҷалб гардидаанд. Айни замон иншооти шахтаи ҳаводиҳии толори мошинҳо ва трансфарматорҳо  ба кор омода мебошад.

Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури дар Неругоҳи барқи обии “Роғун” аз дидбонгоҳи кони рақами 17 ҷараёни корҳоро дар баромадгоҳи нақбҳои сохтмонии СТ-3 ва СТ-4 дидан карданд.

Нақбҳои сохтмонии СТ-3 ва СТ-4 дар давраҳои серобӣ барои гузаронидани об аз сатҳҳои зарурӣ пешбинӣ шудаанд.

Тарҳи иншоот аз тарафи институтҳои лоиҳакашии “Гидропроэкт”, “Эфрӣ” (AFRY) Поири Швейтсария ва Ширкати лоиҳакашии “Тоно энержи байналмилал” мураттаб гаштааст.

Заведующий отделом Средней Азии и Казахстана Института стран СНГ Андрей Грозин - Sputnik Тоҷикистон
Грозин гуфт, Раҳмон бояд ба чӣ диққат диҳад: "танҳо бо шиорҳо наметавон аҳолиро сер кард"

Дар бунёди баромадгоҳи нақби сохтмонии  СТ-3  чор ширкати ватанӣ, аз ҷумла ҶДММ “Вахш Сохтмон”, ҶСК “Тоҷикгидромонтаж”, ҶСП “ЗТМ”  ва ҶДММ “Гушикай ЛТД” ҷалб гардидаанд, ки дар онҳо садҳо нафар мутахассисони корозмуда ва дорои таҷрибаи баланди касбӣ фаъолият мекунанд.

“Айни замон  корҳои хокбардорӣ ва мустаҳкамкунии нишебиҳо аз тарафи пудратчиҳо ҷараён доранд. Дар баромадгоҳи нақби сохтмонии СТ-3 корҳои заминӣ ва мустаҳкамкунии канораҳои кӯҳ идома доранд”, - таъкид доштааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.

То ин давра зиёда аз 4,3 млн. метри мукааб корҳои заминӣ, 233 ҳазор метри мураббаъ корҳои бетонхобонӣ, 99,8 ҳазор метр гузоштани анкерҳои ПНА ва дар масоҳати 168 ҳазор метри мураббаъ пошидани маҳлулҳои бетонӣ иҷро гардидааст.

Манбаъ зикр кардааст, ки дар мустаҳкамкунии канораҳои кӯҳ кор марҳила ба марҳила сурат гирифта, ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст.

Лентаи хабарҳо
0