ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ошоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ ба Неругоҳи барқи обии "Роғун" рафта бо ҷараёни корҳо дар сарбанди нерӯгоҳ, шинос шуд.
Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳур, имрӯз бунёдгарон хобондану шибба кардани омехтаи сангу шағал ва дигар ҷинсҳои кӯҳиро дар танаи сарбанд идома дода, обанборро то ба сатҳи 1080 метр аз сатҳи баҳр расондаанд.
"Маводи хобондашуда дар сарбанд 11,8 млн. метри мукааб, аз ҷумла дар қисми болоии он 8,3 млн. метри мукааб ва дар қисми поёнӣ 3, 5 млн. метри мукаабро ташкил медиҳад", - омадааст дар хабарнома.
Ҳаҷми умумии корҳои иҷрошаванда дар доираи лоиҳа дар сарбанди Неругоҳи барқи обии "Роғун" 79,4 млн. метри мукааб мебошад.
Имрӯз сатҳи обанбор дар нишонии 1070 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад.
Кор дар сарбанд дар ду баст шабонарӯзӣ ба роҳ монда шуда, то 35 ҳазор метри мукааб мавод хобонида мешавад.
Пурра маблағгузорӣ мешавад: пандемия ба кори сохтмони НБО Роғун таъсир намегузорад
Гуфта мешавад, сифати корҳо дар сарбанди неругоҳ пурра таҳти назорати ҷиддии мутахассисон қарор дорад.
"Баъди хобонидани ҳар қабат коргарони озмоишгоҳ намуна гирифта, таркиби донабандӣ сарбандро аз ташхис мегузаронанд ва дар сурати ба даст омадани натиҷаи мусбат ба хобонидани қабати навбатӣ иҷозат медиҳанд".
Дар қисми пеши сарбанд ба хотири нагузаштани об то сатҳи 1080 метр зиёда аз 65 ҳазор метри мураббаъ маводи зиддиполоишии геомембрана, ки асосан дар кишварҳои Урупо истеҳсол мегардад, насб шудааст. Гуфта мешавад, ки чунин мавод дар қаламрави Осиёи Марказӣ ҳанӯз дар ягон кишвар истифода нагардидааст.
Дар дигар мавзеъҳои сарбанд, яъне ду тарафи соҳил корҳои ҳамворкунӣ, бетонпошӣ, анкерхобонӣ ва дигар корҳои зарурӣ идома доранд.
Манбаъ афзуда, ки зимни ошноӣ бо корҳо дар сарбанди неругоҳ кишвардор ба роҳбарони Ширкати "Вибилд" дастур дода, ки бунёди сарбанд дар муҳлат ва бо сифат, ҷавобгӯ ба талаботи сохтмонӣ ба анҷом расонида шавад.