ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Комиссиюни вижа муштамил бар намояндагони чанд вазорату ниҳодиТоҷикистон амволи бонкҳои дучори мушкилоти кишварро арзёбӣ мекунад, гузориш медиҳад ТоҷикТА дар истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.
Бино ба иттилоъи манбаъ, комиссиюн ба арзёбии бонкҳои дучори мушкилоти "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" ва бонкҳои "Тоҷпромбонк" ва "Фононбонк", ки дар ҳоли аз байн рафтан ҳастанд, мепардозад.
Баъди арзёбӣ амволи бонкҳо ба фурӯш гузошта мешавад. Ин иқдом барои пайдо кардани имкони пардохти қарзҳои бонкҳо мебошад.
Ёдовар мешавем, ки ҳанӯз соли 2016 ин бонкҳо мувоҷеҳи мушкилот шуданд. Ҳукумат соли 2017 тасмим гирифт, ки аз "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк", ки дар муқойиса бонкҳои муқтадиртар буданд, пуштибонӣ кунад. Муҷаввизи фаъолияти "Тоҷпромбонк" ва "Фонобонк" бозпас гирифта ҳуд ва дар моҳи марти соли 2017 раванди аз байн бурдани онҳо оғоз ёфт.