Парвандаи раиси "Тоҷпромбонк" ба додгоҳ меравад

© Sputnik / Амир ИсаевВывеска на здании Генеральной прокуратуры РТ. Архивное фото
Вывеска на здании Генеральной прокуратуры РТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Агар додгоҳ ҷурми собиқ раиси бонкро тасдиқ кунад, ба ӯ то 12 соли зиндон таҳдид мекунад

ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Ба нақл аз "Парс тудэй", тафтиши парвандаи собиқ раиси “Тоҷпромбонк” Ҷамшед Зиёев дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар арафаи анҷомёбӣ буда, рӯзҳои наздик ҷиҳати баррасӣ ба суд фиристода мешавад.

Парвандаи Ҷамшед Зиёев аз рӯи чор моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон - 245 (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ), 247 (Қаллобӣ), 340 (Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ,  штамп,муҳр ва бланкаҳои қалбакӣ) ва 295 (Суиистифодаи ваколат аз ҷониби кормандони ташкилотҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳо) мавриди тафтиш қарор гирифтааст.

Руки задержаного в наручниках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти собиқ раиси "Тоҷпромбонк" Ҷамшед Зиёев

Қаблан зикр шуда буд, ки замони роҳбарӣ ба “Тоҷпромбонк” Ҷамшед Зиёев воситаҳои ҷалбшудаи амонатгузоронро ба равнақи тиҷорати худаш равона мекардааст. Инро гӯё бо роҳи ба номи хешовандону наздиконаш ба расмият даровардани қарзҳо амалӣ мекардааст.

Қобили зикр аст, ки иҷозатномаи “Тоҷпромбонк” охири моҳи феврали соли 2017 бозхонд шуда, аввали моҳи марти соли гузашта Суди иқтисодии Душанбе дар бораи оғози барҳамдиҳии муассиса қарор содир намуд.

Бино ба маълумоти охир, айни замон 2070 шахсони ҳуқуқиву воқеӣ ба “Тоҷпромбонк” ба маблағи умумии 266 миллион сомонӣ қарздоранд. Амволи бонк дар маҷмӯъ 450 миллион сомонӣ нархгузорӣ шудааст.

Руки задержаного в наручниках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мудири "Тоҷпромбонк" ба иттиҳои азхудкунии маблағи калони бонк боздошт шуд

Адвокат Солеҳҷон Ҷӯраев изҳор намуда буд, ки Зиёев ба воситаи фиреб амонатҳои саҳмгузоронро бо мақсадҳои шахсӣ истифода ё азхуд кардааст. Ӯ дар Душанбеву Ҳисор, Варзоб ва дигар минтақаҳои Тоҷикитсон барои худ ва хешону наздиконаш манзилу тарабхона ва корхонаҳои гуногун сохтааст.

Тавре Ҷӯраев зирк карда буд, ӯ дар мавзеи пурнуфузи “Рублёвка”-и шаҳри Маскав низ ба маблағи умумии 3 миллион доллар манзилҳои гаронарзиш харидорӣ намудааст.

Бино ба гуфтаи ӯ, тибқи маълумоти Прокуратураи генералӣ, ба Зиёев дар азхудкунии воситаҳои амонатгузорон ба маблағи 40 миллион сомонӣ айбнома пешниҳод шудааст.

Лентаи хабарҳо
0