ДУШАНБЕ, 4 мая — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, бо мақсади тақвияти корҳо дар бозори пули миллӣ ва асъори хориҷӣ, истифодаи фишангҳои самараноки пулию қарзӣ ва дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани таваррум баҳри иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии коронавирус (COVID-19) дар ҷаҳон ба иқтисодиёти миллӣ БМТ тадбирҳои зеринро андешида истодааст.
Аз ҷумла, Бонки миллӣ таъкид доштааст, ки барои дастгирии иқтисодиёти Тоҷикистон ва пеш гирифтани сиёсати ҳавасмандгардонии монетарӣ Бонки миллӣ аз 1 майи соли 2020 меъёри бозтамвилро 1 банди фоизӣ паст карда, дар сатҳи 11,75 фоизи солона муқаррар намуд.
Захираҳои ҳатмӣ яке аз фишангҳои асосии татбиқи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, механизми танзими пардохтпазирии умумии низоми бонкиро, ки барои назорати унсурҳои пулӣ (дар сатҳи муайян нигоҳ доштани ҳаҷми пул дар муомилот) истифода мешавад, ифода мекунанд.
“Аз ин рӯ, бо мақсади андешидани тадбирҳои саривақтӣ ва дастгирии пардохтпазирии ташкилотҳои қарзии молиявӣ, бинобар эҳтимоли зиёд гардидани таъсири хавфҳои ба пандемияи cирояти нави коронавирус (COVID-19) вобаста, меъёри захираҳои ҳатмии ташкилоти қарзии молиявӣ аз рӯи пасандозҳо ва уҳдадориҳои дигари ба онҳо монанд, аз 1 апрели соли равон бо пули миллӣ аз 3 фоизи амалкунанда ба 1 фоиз (2 банди фоизӣ) ва бо асъори хориҷӣ аз 9 фоизи амалкунанда ба 5 фоиз (4 банди фоизӣ) паст карда шуд”, таъкид доштаанд масъулини БМТ.
Ҳамзамон Бонки миллӣ қайд кардааст, ки иқдоми мазкур метавонад имкониятҳои молиявии ташкилоти қарзии молиявиро дар давраи буҳронӣ беҳтар намуда, ба маблағи 241,7 млн. сомонӣ пардохтпазирии иловагиро барои низоми бонкӣ пешниҳод намояд.
Паҳншавии бемории коронавирус (СOVID–19) дар ҷаҳон ва тағйирёбии нархи нафт ба самтҳои мухталифи иқтисодиёти ҷаҳон таъсири манфии худро расонида, ҷорӣ намудани ҳолатҳои карантинӣ дар мамлакатҳои шарикони стратегӣ, баста шудани сарҳадҳо ва давомёбии чунин ҳолатҳо метавонад хафвҳои эҳтимолиро ба соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ, аз ҷумла низоми бонкии мамлакат баланд бардошта, фаъолияти самараноки низоми бонкии кишварро халалдор намояд.
“Вобаста ба ин, бо назардошти муҳимияти масъала бо мақсади ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, пешгирӣ намудани зиёдшавии ҳиссаи қарзҳои ғайрифаъол, нигоҳ доштани ҳолати пардохтпазирӣ БМТ ташкилоти қарзии молиявиро вазифадор намудааст, ки нақшаи чорабинии дахлдор омода намуда, ҷараёни иҷрои онро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд”, - қайд кардааст масъулини БМТ.
Ҳамчунин Бонки миллӣ ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои зиёд кардани қарздиҳӣ ба соҳибкории истеҳсолӣ, аз ҷумла истеҳсолоти воридотивазкунанда бо назардошти пешгирии хавфҳои бонкӣ тавсияҳо додааст.
Ба ташкилоти қарзии молиявӣ имконият фароҳам оварда шуд, ки бо назардошти таъмини ҳифзи манфиатҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ то 1 августи соли равон фаъолияти марказҳои хизматрасониҳои бонкии муаммодор ва зараровари худро муваққатан мавқуф гузоранд.
Бонки миллии Тоҷикистон барои дастгирии низоми бонкӣ ва истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, ташкилоти қарзии молиявиро аз ҳаққи хизматрасонии ҳисоббаробаркунии байнибонкӣ тавассути низомҳои Бонки миллии Тоҷикистон, аз ҷумла низоми автоматишудаи байнибонкӣ (RTGS) ва низоми автоматишудаи байнибонкӣ (АБС) то 01 сентябри соли 2020 озод карда, ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ тавсия додааст, ки ҳаққи хизматрасониҳои байнибонкиро ба мизоҷони худ таҷдиди назар намоянд.
Бонки миллӣ қайд кардааст, ки айни ҳол ташкилоти қарзӣ вобаста ба имкониятҳои ҷойдоштаи худ бо назардошти ҳолати молиявии муштариён қисми қарзҳои онҳоро тамдид ва таҷдид намуда, барои баъзе қарздороне, ки ҳолати молиявии мушкил доранд, муҳлатҳои имтиёзнок пешниҳод намуда истодаанд.
Дар баробари ин, ташкилотҳои қарзии молиявӣ вазифадор шудаанд, ки барои ҳифзи саломатии истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва пешгирӣ намудан аз паҳншавии вируси сироятии COVID-19 тадбирҳои дахлдор андешида, лавозимоти санитарӣ-гигиениро дар ташкилоти хеш таъмин намоянд.
Бо зуҳури пандемияи COVID-19 дар Осиёи Марказӣ, БМТ ба Ҳукумат ва вазорату идораҳои кишвар пешниҳодҳоро барои ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва низоми бонкӣ ирсол намуд.