Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Буҳрон дар пеш аст: Пас аз коронавирус иқтисоди Тоҷикистонро чӣ интизор аст?

© Mark SchiefelbeinЧерный понедельник на валютных рынках
Черный понедельник на валютных рынках - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Паҳншавии коронавирус ва оқибатҳои он ба иқтисоди кишварҳои мухталифи ҷаҳон метавонад боиси заиф шудани иқтисоди Тоҷикистон шавад. Коршиносон мегӯянд агар ислоҳоти ҷиддӣ ба роҳ монда нашавад пас аз коронавирус Тоҷикистон метавонад ба як буҳрони ҷиддӣ рӯ ба рӯ шавад

ДУШАНБЕ, 28 апрел – Sputnik, Расул Шодиев.  Бонки Осиёии Рушд гуфтааст, паҳншавии коронавирус дар кишварҳои Осиё ва Аврупо, ки ин кишварҳоро ба буҳрони ҷиддӣ рӯ ба рӯ кардааст, метавонад иқтисоди Тоҷикистонро ба ҳам занад.

Коронавирус нест, доллар ҳам нест

Мақомоти Тоҷикистон эълон доштанд, ки дар ин кишвар нишонаҳои сирояти коронавирус дида намешавад. Гарчанде аз бемории илтиҳоби шуш даҳҳо нафар ҷони худро аз даст додаанд.  

График роста, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати рушди иқтисод аз афзоиши ММД хабар дод

Бонки Осиёии Рушд дар гузориши ахири худ, таъкид кардааст, ки сирояти коронавирус ва оқибати он ба иқтисоди Чин ва Русия, ки шарикони асосии иқтисодии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд, боиси беқурбшавии пули миллии тоҷикӣ шуда,  сатҳи таваррум боло хоҳад рафт.

Барои мисол қабл аз пайдоиши коронавирус дар Чин ва Русия 1 доллари амрикоӣ дар бозори дохилии кишвар баробар ба 9,8 сомонӣ буд. Имрӯз арзиши 1 доллар дар бонкҳои Тоҷикистон ба 10,24 сомонӣ баробар шудааст, аммо дар бозори сиёҳи кишвар аз ин ҳам бештар аст. Барои мисол 1 доллар дар бозори сиёҳ ба 15 сомонӣ муомила мешавад.

Болоравии нархи доллар боиси болоравии қимати коло ва маводи ғизоӣ дар бозорҳои Тоҷикистон шудааст.

Дар ҳоле, ки мақомоти Тоҷикистон дар аввали сол сатҳи таварруми солонаро дар сатҳи 6 дарсад пешбинӣ карда буданд.

Бино бар ҳисоботи Бонки Осиёии Рушд, болоравии сатҳи таваррум боиси коҳиши сарозер шудани сармояҳои хориҷӣ ба иқтисодӣ Тоҷикистон мешавад. 

Ҳамзамон ба гуфтаи ҳамин бонк, сармояҳои давлатӣ дар иҷрои барномаҳо дар Тоҷикистон низ коҳиш хоҳанд ёфт.

Иллати дигари таъсири КОВИД-19 ба иқтисоди Тоҷикистон ин аст, ки муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ҳоло дар қарантина дар Русия қарор доранд, имкони интиқоли пул ба Тоҷикистонро аз даст доданд. Дар оянда имкон дорад Русия дар мавриди қавонини муҳоҷират таҷдиди назар кунад ва аксарияти муҳоҷирони тоҷик имкони кор дар Русияро аз даст диҳанд.

Коронавирус ба иқтисод аллакай таъсир кард

Бонки Осиёии Рушд дар гузориши ахири худ таъкид кардааст, ки коронавирус дар ҳоли ҳозир иқтисоди Тоҷикистонро ба ҳам задааст.

Купюры американских долларов и монета с гербом Российской Федерации - Sputnik Тоҷикистон
Бонки ҷаҳонӣ барои мубориза бо коронавирус ба Тоҷикистон 11,3 миллион доллар медиҳад

Ба гуфтаи ин бонк,  дар ҳоли ҳозир, дар бахши савдо ва беҳдошт дар ҷумҳурӣ мушкилиҳои ҷиддӣ пеш омадааст. Дар ҳоле, ки даромад аз соҳаи сайёҳӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ анқариб ба сифр фаромада, ё ночиз шудааст, оидоти Тоҷикистон ба маротиб коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон кишварест, ки аз 70 то 90 дарсади бархе аз колоҳои ниёзи мардум, ғизо ва маводи сӯхтро аз кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия, Чин ва Қазоқистон ворид мекунад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки буҷети Тоҷикистон, ба гуфти ҳамин бонк, ба мушкил рӯ ба рӯ мешавад.

Бино ба гузориши Бонки Осиёии Рушд, Тоҷикистон дар оянда дар ҷамъоварии андоз, ки яке аз сарчашмаҳои асосии даромади буҷети  ҷумҳурӣ ба ҳисоб меояд, низ ба мушкил рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи ҳамин бонк, ҷамъоварии андоз дар Тоҷикистон ду баробар нисбат ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ аз меъёр зиёд аст ва Тоҷикистонро зарур аст, дар низоми андозбандӣ ислоҳоти ҷиддӣ роҳандозӣ намояд.

Роҳандозии ислоҳот дар соҳаи андозбандӣ боиси сарозер шудани сармояҳои хориҷӣ ба ин кишвар мешавад.

Ба гуфтаи коршинорсони ҳамин бонк, Тоҷикистонро зарур аст, сарчашмаҳои дигари даромади буҷетро низ пайдо намояд.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, доктори улуми иқтисодӣ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки Тоҷикистон ҷуз роҳандозии ислоҳот дар бахши иқтисод ва андоз роҳи дигаре барои пур кардани буҷет ва рушди иқтисод надорад.

Ба гуфтаи вай, давлат ин ислоҳотро чӣ гуна амалӣ мекунад, ин масъалаи дигар аст.

Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода - Sputnik Тоҷикистон
Аҳмадзода барои мубориза бо коронавирус 6,5 миллион сомонӣ ҷудо кард

Бонки Осиёии рушд низ гуфтааст, ки ислоҳот дар бахши андозбандӣ бояд тарзе сурат бигирад, ки барои сармоягузорони хориҷӣ ҷолиб бошад. Манзури ин бонк ва коршиносон ин аст, ки давлат бояд ба корхонаҳо ва тоҷироне имтиёз қоил шавад, ки фаъолияти онҳо барои давлат ва рушди иқтисод судманд бошад на инки ба нафарон ва корхонаҳое, ки ба роҳбарони он ба давлат наздик бошанд. Вобаста ба ин ба гуфтаи коршиносони бонк фишори давлат ба корхонаҳо ва тоҷирони инфиродӣ камтар шавад.

Коршиносони Бонки осиёии рушд дар гузориши худ таъкид карданд, ки дар соли ҷорӣ рушди ММД-и Тоҷикистон то 5,5 дарсад поин хоҳад омад,  дар ҳоле, ки қаблан Саидмурод Зайниддинзода, роҳбари маркази тадқиқоти вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон гуфта буд, ки ҳаҷми рушди ММД дар соли ҷорӣ 8 дарсадро ташкил хоҳад дод.

Рушд бидуни пешрафт

Ба гуфтаи Зулфиқори Исмоилён, коршиноси масоили иқтисодӣ арқоми ироакардаи давлат дар мавриди рушди иқтисоди ин кишвар аз воқеъият дур аст.

Барои мисол ба гуфтаи вай, давлати Тоҷикистон ҳамасола рушди иқтисоди ин кишварро аз 5 то 7 дарсад мешуморад. Агар Тоҷикистон дар чанд соли ахир то 7 дарсад рушд медошт давлат дар ин шабу рӯз ба мушкили камбуди пул рӯ ба рӯ намешуд.

Вай тахмин мезанад, ки арқоми ироакардаи давлат сатҳӣ ва то ҷое то 50 дарсад воқеъият надорад.

Ба гуфтаи оқои Исмоилён, оморе, ки дар бораи рушд ҷамъоварӣ мешавад воқеъият надорад ва Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури ин кишвар борҳо дар ҷаласаҳо дар ин бора таъкид карда буд.

Ба гуфтаи оқои Исмоилён, кишваре, ки ҳамасола 7 дарсад рушд дорад пардохтпазир аст ва ҳамасола ҳаҷми қарзи хориҷии он коҳиш меёбад. Аммо дар Тоҷикистон ин раванд баръакс аст. Қарзи хориҷии Тоҷикистон ҳамасола афзоиш меёбад ва ҳоло ба 2,8 миллиар доллар расидааст, ки 35,8 дарсади ММД-и кишварро ташкил медиҳад.

Тибқи иттилои мақомоти Тоҷикистон давоми панҷ соли оянда ҷумҳурӣ бояд то 40 дарсади қарзи гирифтаашро пардохт намояд.

Тибқи иттилои маълумоти расмӣ қарздиҳандаи аслии Тоҷикистон “Эксимбонк”-и Чин мебошад, ки 54,1 дарсади қарзҳои хориҷӣ ва ҳудуди 80 дарсади қарзҳои дуҷониба бо ин кишварро ташкил медиҳад.

Первый заместитель председателя Духовного управления мусульман РФ Рушан Аббясов - Sputnik Тоҷикистон
Муфтӣ гуфт, ки дар замони коронавирус чигуна бояд рӯза дошт

Ин ҳам дар ҳолест, ки бархе аз кишварҳои хоириҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ аз қарз додан ба Тоҷикистон худдорӣ кардаанд.  Модоме, ки Тоҷикистон ҳамасола рушди 7 дарсадӣ дорад ин кишвар пардохтпазир ҳисоб мешавад ва созмонҳои сармоягузор ҳақ надоранд аз додани қарз ба Тоҷикистон саркашӣ кунанд.

Ба гуфтаи коршиносон, созмонҳои сармоягузори хориҷӣ вазъи воқеии иқтисоди Тоҷикистонро хуб эҳсос мекунанд ва медонанд, ки қариб 80 дарсади даромади буҷети Тоҷикистон аз ҷамъоварии андоз ва оидоти гумрукӣ аст.

Боэътимодии рушди иқтисоди кишвар аз истеҳсолот ва содироти коло ба бозори берунӣ аст на аз ҷамъоварии андоз ва ҷарима.

Бонки Осиёии рушд дар гузориши ахири худ гуфтааст, ки таъсири паҳншавии коронавирус дар ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон ҳоло таҳлили ҷиддӣ нашудааст ва таъсири он дар оянда метавонад барои ин кишвар миёншикан бошад.

 

Лентаи хабарҳо
0