Ҳушдори БМТ аз хатарҳои коронавирус ба иқтисод: меъёри бозтамвилро кам кард

© Фото : Пресс-служба президента ТаджикистанаНациональный банк Таджикистана
Национальный банк Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон дар пасманзари таъсири COVID-19 меъёри бозтамвилро 1 фоиз поин бурда, аз 1 майи соли равон дар ҳаҷми 11,75 фоиз муқаррар намуд

ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. БМТ аз таъсири коронавирус ба иқтисоди ҷаҳон зикр карда, Русияро ҳамчун яке аз шарикони стратегӣ мисол овардааст, ки дар он номуайяниву ноустувории иқтисодӣ, коҳишёбии қурби рубли русӣ ва мушкилоти тиҷорати байналмилалӣ ба вуҷуд омадааст.

Знаки евро и доллара на табло курса валют - Sputnik Тоҷикистон
Ҷаҳиши қурби евро дар бозори асъори Тоҷикистон: рубл низ каме боло рафт

Бонки миллӣ бо такя ба дурнамои Хазинаи Байналмилалии Асъор иттилоъ додааст, ки дар соли 2020 иқтисодиёти Федератсияи Русия 5,5 фоиз коҳиш хоҳад ёфт.

Дар идома поинравии нархи нафт таъкид шудааст, ки ба иттилои БМТ арзиши нафт яке аз нишондиҳандаи муҳим барои иқтисодиёти Федератсияи Русия ба ҳисоб рафта, коҳишёбии он ба қурби пули миллии ин кишвар таъсири зиёд дорад.

Ин ниҳод илова кардааст, ки COVID-19 ба иқтисоди Тоҷикистон низ бинобар зиёд шудани таъсири омилҳои беруна зиён мерасонад.

Табло с символикой доллара на обменном пункте - Sputnik Тоҷикистон
Пешбинии коршинос: арзиши доллар тобистон поён мераваду рубл боло

БМТ дар мавриди хавфҳои эҳтимолӣ барои Тоҷикистон маҳдуд гардидани равобити марзӣ, коҳиш ёфтани муомилоти тиҷоратӣ, болоравии нархи молу маҳсулоти воридотӣ, кам шудани ҳаҷми сармоягузориҳо, паст шудани сатҳи даромаднокии аҳолӣ, инчунин коҳишёбии қурби пули миллӣ ва эҳтимолияти зиёд гардидани хавфҳои молиявиро зикр кардааст.

Ин ниҳоди молиявӣ таъкид намудаст, ки барои дастгирии иқтисодиёти кишвар ва пеш гирифтани сиёсати ҳавасмандгардонии монетарӣ қарор қабул карда шуд, ки меъёри бозтамвил 1 банди фоизӣ паст карда шуда, дар сатҳи 11,75 фоизи солона аз 1 майи соли 2020 муқаррар карда шавад.

Лентаи хабарҳо
0