Ҷашни беҷашнии “Талко”: абарширкати тоҷикӣ дар доми “вируси корона”

© Фото : Посольство России в ТаджикистанеГосударственное унитарное предприятие Таджикская Алюминиевая Компания ТАЛКО
Государственное унитарное предприятие Таджикская Алюминиевая Компания ТАЛКО - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
45 – солагии “Талко”, танҳо тавлидгари алюминиум дар Осиёи Марказӣ, бидуни ҳар гуна таҷлили хос гузашт. Буҳрони “вируси тоҷдор” як тоҷи симине аз мушкилоту чолишҳои навро бар сари ширкат гузоштааст

 ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik, Фахриддин Холбек. Игор Сатторов, раиси Департаменти иттилоот ва робита бо ҷомиаи “Талко” ба Sputnik-Тоҷикистон гуфт, ҳама гуна чорабиниҳое, ки дар робита ба таҷлили 45 – солагии ширкат пешбинӣ шуда буданд, лағв гардиданд. Вай афзуд, ширкат бо пахши як хабари мусаффали катбӣ дар расонаҳо ва ҳам барномаи вижае дар телвизиони давлатӣ иктифо кард.

“Аммо ин ба он маъно нест, ки мо 45 – солагии ширкатро ҷашн нахоҳем гирифт. Ҳоло сол идома дорад ва баробари фароҳам шудани фурсат ягон маъракаи хосеро рӯи даст хоҳем гирифт”, - гуфт Игор Сатторов.

“Талко” вориси Корхонаи алюминиуми Тоҷикистон (ТадАЗ) аст, ки 31 марти соли 1975 аввалин сабикаи алюминиашро истеҳсол карда буд ва дар ин миён ба бузургтарин корхонаи саноатӣ, ҳатто “корти шиносоӣ” – и кишвар табдил ёфт. Махуф ва шаффоф Дар замони шӯравӣ дар корхона 16 ҳазор нафар кор ва истеҳсолаш низ бештар аз 400 ҳазор тон будааст. Аммо пас аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ, бахусус, даврони ҷанги дохилӣ Корхонаи алюминиум дастхуши ҳаводис шуда, вазъи машкуке дошт.

Рогунская ГЭС - Sputnik Тоҷикистон
Президент қонуни марбут ба хусусигардонии амволи “Роғун” ва "Талко"-ро имзо кард

 Ба қавле яке аз сардорони собиқи Раёсати вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар Турсунзода, шаҳре, ки корхона ҷойгир шудааст, ҳудуди 20 гуруҳи ғайриқонунии мусаллаҳу мафиёӣ суди онро ба ҳам дида, маблағи ночизе ҳам ба хазинаи давлат мерехт.

Пас аз соли 2004 барои тасаллут пайдо кардан бар Корхонаи алюминиум чандин ширкати хориҷӣ низ вориди майдон шуданд, то судҳои ҳангуфти онро таҳти контроли худ гиранд.

Бо вуҷуди дар ҳадди 4 ҳазор доллар қарор доштани арзиши як тон алюминий дар бозори ҷаҳонӣ вазъи молиявии Корхонаи алюминиум хеле хароб ва қарзи корхона ба 735 миллион доллар расида буд.

 Яке аз раҳбарони қаблии ширкат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Корхонаи алюминиум он замон аз рӯи низоми бартерӣ кор мекард ва маҳз ин низоми ношаффоф чунин қарзи бузургро ба дӯшаш бор карда буд.

“Ба гунаи мисол, раҳбарони корхона дар ҳамдастӣ бо ҳамкорони хориҷии худ гилхокро аз хориҷ арзон ё бо нархи бозор ворид карда, дар санадҳо қимати онро боло нишон медоданд. Тасаввур кунед, ки як тон гилхок то корхона агар ба 100 доллар ворид шавад, ба 200 доллар санад мешуд. Мо маҷбур шудем, ба низоми толлингӣ гузарем. Тибқи ин низом, ширкатҳои ҳамкори хориҷӣ тамоми ашёи хомро ба корхона оварда мерасонданду корхона ба онҳо маҳсулот медод ва сари ҳар тон музди меҳнат (600 доллар) мегирифт”, - гуфт ӯ.

Соли 2007 ҳукумати Тоҷикистон Корхонаи алюминиумро ба корхонаи воҳиди давлатии “Ширкати алюминиуми тоҷик” (Талко) табдили сохтор дода, 100% моликияти давлатӣ эълонаш кард.

Алюминиевый завод ТАЛКО-КРАНТАС в городе Турсунзаде - Sputnik Тоҷикистон
Мудири “Талко” шартҳои созиш бо Чин ва кори ширкат дар ояндаро шарҳ дод

Дар баробари қарзи бузург, “Талко” дар Суди Лондон вориди баҳсҳои судӣ шуд, ки пойи чандин ширкати маъруфу номаъруфи ҷаҳонӣ – “РусАл” (Русия), Norsk Hydro (Норвегия), “Ансол”, “Ҳамер” ва ғайра ба он кашида шуд.

Бино ба додаҳои расонаҳои хориҷӣ, ин баҳсҳои тӯлонӣ (2005 – 2010) барои ширкати тоҷикӣ ҳазинаҳои газоферо дар пай дошт. Он замон шакку тардид сари фаъолияти “Талко” зиёд буд.

Расонаҳо ҳеҷ ба ин даст намеёфтанд, ки даромадҳои ҳангуфти ширкат, ки солона аз 200 то 300 миллион тахмин зада мешуд, куҷо мераванд. Гуфта мешуд, ин маболиғ тавассути ширкатҳое, назири “Талко – менеҷмент” ва CDH, ки дар оффшорҳои Ҷазираҳои Британия сабти ном шуда буданд, шуста мешаванд.

 Аз сӯи дигар, ширкат ҳудуди 35% барқи кишвар (тақрибан 4 миллиард киловат/соат) - ро бо нархи ночиз ва арзонтар аз мардум дарёфт мекард. Ин ҳам замоне буд, ки сокинони Тоҷикистон, бахусус дар сармои зимистон гоҳо дар як шабонарӯз аз 2 то 3 соат барқ мегирифтанд. Ҳамчунин вазъ “Талко” – ро дар азҳони умум ба як ширкати машкук ва пур аз розҳои нуҳуфта табдил дод.

Ҳамсӯҳбати Sputnik Тоҷикистон аз ҷумлаи раҳбарони қаблии ширкат мегӯяд, он замон ширкат аз ҳар сӯ мавриди фишор қарор дошт - аз як сӯ, қарзҳо, аз сӯи дигар, баҳсҳои судӣ. “Қарзҳо бояд саривақт пардохт мешуданд, зеро дар акси ҳол, фоиз мехӯрданд. Мо 9 баҳси судӣ доштем, ки ҳудуди 75 миллион доллар ҳазина дошт. Ин баҳсҳоро ба далоили маълум наметавонистем бо ҷомиа шарик созем. Аммо истеҳсолот боло мерафт.

Масалан, соли 2007 ширкат фақат дар 10 корпус 422 ҳазор тон алюминий тавлид кард, ки баландтарин нишондод дар таърихаш аст. Дар замони Шӯравӣ чизе бештар аз ин дар 12 корпус тавлид шуда буд”, - гуфт Sputnik Тоҷикистон. Аммо шодии раҳбарони “Талко” дер напоид.

Завод по производству флюорита Талко - Sputnik Тоҷикистон
Шарҳи "Талко" дар бораи шартномаи 545- миллиона бо Чин ва ташкили корхонаи нав

Буҳрони ҷаҳонии соли 2008 қимати алюминиумро якбора ба замин зад (аз $3860 ба 1200) ва “Талко” дигарбора дар рӯбарӯи суқут қарор гирифт. Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, он замон мудирияти нави ширкат ба ин натиҷа расид, ки бояд сармоягузориҳои хориҷиро ҷалб кунад, дар акси ҳол суқути ширкат яқин аст.

“Аммо чӣ тавр? Ба чанд ҷое, ки сар задем, гуфтанд, фаъолиятатон шаффоф нест, атрофи шумо ҳарфу ҳиҷо зиёд аст. Ба мо бовар накарданд. Маҷбур шудем, ки аудити фаъолияти ширкатро анҷом диҳем, то шаффофият ба миён ояд. Соли 2010 Moore Stephens, яке аз ширкатҳои маъруфи аудитории Бритониё, аудити фаъолияти шашсола (2006 – 2010) – и на фақат “Талко”, балки “Талко-менеҷмент” ва СДН – ро низ анҷом дод. Аз ҳамон сол фаъолияти “Талко” ҳамасола аудит мешавад ва танҳо ширкати шаффоф дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Оё ягон ширкат, бахусус, давлатиро суроғ доред, ки мисли “Талко” ҳисоботи шаффоф дошта бошад? Ширкат агарчи давлатӣ аст, бидуни замонати давлат метавонад сармоягузории хориҷиро ҷалб кунад, яъне ба он бонку ниҳодҳои молиявии хориҷӣ бовар мекунанд ва қарз медиҳанд”, - гуфт ҳамсӯҳбати “Талко”.

“Ашёи хоми худӣ” Ширкат барои бақо ду роҳ дошт: дарёфти ашёи хоми ватанӣ ва модернизаи технология. “Талко” ҳанӯз соли 2008 тасмим гирифта буд, ки ин ду ҳадафро аз ҳисоби худ анҷом диҳад, аммо пеш омадани буҳрон ҳамаро ғайримумкин сохт.

Пас аз даст ёфтан ба сармояҳои хориҷӣ, соли 2012 корхонаеро ба номи “Талко - ресурс” бо иқтидори 400 ҳазор тон зуғол (ангишт) дар сол ба кор андохт. Он замон Ӯзбекистон интиқоли газро ба “Талко” қатъ кард ва ширкати тоҷикӣ дастгоҳҳои истихроҷи газ аз зуғолро ба кор дароварда, аз вобастагии гази хориҷӣ худро раҳо кард.

Пас аз беҳбуди равобити Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соли 2016 “Талко” дубора ба гази ӯзбекӣ баргашт. Зуғолашро ба Шабакаҳои барқии гармидиҳӣ ва дигар корхонаҳо мефурӯшад.

Таджикский алюминиевый завод, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Баёнияи расмӣ: Чин соҳиби "Талко" намешавад

“Талко” соли 2015 тавлиди маҳсулоти насӯз ё тобовар ба оташ, назири хиштҳои навъи гуногун, кварсит, графити 97% ва ҳамчунин шиша моеъро роҳандозӣ кард, ки бино ба иттилои расмии ширкат, иҷоза медиҳад солона 20 миллион сомонӣ (ҳудуди 2 миллион доллар) пасандоз шавад. Ширкати дигар “Талко - кемикал” (Ёвон) аст, ки соли 2016 ба истеҳсоли криолит, фториди алюминий ва асиди сулфат шуръ кард ва ҳоло ба ҷуз “Талко”, дигар кишварҳо, назири Русияву Озарбойҷон ва Қазоқистон низ муштарии онанд.

“Талко флюорит”, ки соле пас дар заминаи Корхонаи маъдантозакунии Такоб (Варзоб) ба кор даромад, тавлиди ашёи хоми криолит ва фториди алюминийи “Талко кемикал” – ро бо ашёи хоми маҳаллӣ таъмин мекунад.

Ҳамин тавр, “Талко” то ба имрӯз ҳудуди 10 ширкати тобеъ, ба истилоҳ, “духтар” – ро бо сармоягузориҳои бонку ниҳодҳои молиявии Чин, Аврупо, Амрико ва Русия фаъол кард. Аммо як ҳамсӯҳбати дигари “Sputnik Тоҷикистон” мегӯяд, ҳарчанд ширкат 60% ашёи хоми худро дар дохил ҳосил мекунад, бақияро бояд аз хориҷ ворид намояд ва ин кори осон нест.

“Барои истеҳсоли алюминий 24 намуди ашёи хом зарур аст, ки аз ин 12 намуди он асосӣ ба шумор мераванд. Аз ин теъдод, “Талко” фақат 3 намудро дар Тоҷикистон ба даст меорад ва 9 намуди дигарро бояд аз хориҷ ворид намояд”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.

“Даврони корона” “Талко” бо вуҷуди талошҳои зиёд дигар ба сатҳи тавлиди соли 2007 нарасид. Дар замони буҳрони ҷаҳонии 2013-2016 ширкат хисороти қобили таваҷҷуҳеро мутаваҷҷеҳ шуд.

Алюминиевый завод ТАЛКО-КРАНТАС в городе Турсунзаде - Sputnik Тоҷикистон
“Талко” фурӯхта намешавад: ҷузъиёти созишнома бо Чин

Бино ба иттилои расмӣ, соли 2015 $60,8 ва 2017 - $73,8 миллион доллар зарар дид. Паси аз паси сар кардани ин давра дар соли 2017 - 12.4, 2018 - 76.9 ва 2019 - 22.6 доллар миллион суд холисро ба даст овард ва эълон дошт, ки соли 2020 тавлиди алюминиумро ба 40% афзоиш хоҳад дод (соли 2019 – 100 ҳазор тон), аммо як “айёми ғам” – и дигар ба истиқболаш омад.

Таҳаввулоти ахир дар бозори ҷаҳонӣ, ки дар пайи шуюъи “вируси корона” пеш омад, хушбиниҳои “Талко” – ро нақше бар об кард.

Тибқи додаҳои Биржаи алюминийи Лондон, қимати навъҳои мухталифи алюминиум аз 2 – ву 2100 ҳазор доллари охири соли гузашта ба 1300 – 1500 доллар коҳиш ёфт.

Агар арзиши аслии алюминиуми “Талко” ҳудуди 2000 доллар бошад, пас хисороти эҳтимолии онро мешавад тасаввур кард – 500 - 700 доллар аз ҳар тон ва ин ҳам дар ҳоле, ки қиматҳо аз ин ҳам поён нашаванд! Игор Сатторов мегӯяд, амалан аз замоне, ки “Талко” дар соли 2007 мақоми ширкатро гирифт, дар як низоми шадиди зиддибуҳронӣ кор мекунад.

 Вай афзуд, дар шароити буҳрон кунунӣ “Талко” ҳанӯз аз оғози сол як барномаи зиддибуҳрониро марҳала ба марҳала анҷом медиҳад:

“Мудирият ва мутахассисон талошҳои зиёдеро анҷом дода, тамоми иқдомот мумкинро барои иҷрои барномаҳои муҳимми стратегӣ бо ҳадафи бозёбии зарфиятҳои тавлид, коҳиши ҳазинаҳо, беҳинасозии истеҳсолот ва нигаҳ доштани ширкат дар бозори рақобатҳои ҷаҳонии алюминиум рӯи даст гирифтаанд. Мо буҳрони зиёдеро паси сар кардем, аз ин ҳам хоҳем гузашт”, - гуфт Игор Сатторов.

 Аммо чӣ тур? Ин масъули “Талко” гуфт, суҳбатҳо аз ин бобро ба ягон вақти дигар анҷом хоҳад дод, аммо афроди огоҳ аз тиҷорати алюминиум мегӯянд, буҳрони “вируси тоҷдор” як тоҷе аз хорҳои симин бар сари тамоми ширкатҳои алюминиуми ҷаҳон гузоштааст.

Встреча Эмомали Рахмона с Айваном Глазенбергом - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон дар Швейтсария масъалаи "ТАЛКО" ва коркарди тиллою нуқраро баррасӣ кард

Ба гунаи мисол, чанд рӯзи қабл ба далели пандемия яке аз ширкатҳои ҷаҳонии тавлидгари метал Rio Tinto Group (Австралия – Британия) кори корхонаҳои худ дар Африқои Ҷанубӣ ва Канадаро то 21 рӯзи дигар қатъ кард. Ҳамсӯҳбати Sputnik-Тоҷикистон аз ҷумлаи раҳбарони собиқи “Талко” мегӯяд, буҳрони “вируси тоҷдор” барои истеҳсолоте, ки ашёри хоми зиёд дорад, сахт шикананда аст.

Ба қавли ӯ, аксари кулли ашёи хоми “Талко” аз хориҷ ворид мешавад ва ин ҳам дар ҳоле ки марзи тамоми кишварҳо баста шудаанд. “Як ашёи хомро, ки ҳамагӣ 13 кило дар як тон алюминиум истифода мешавад, вале муҳим аст, бояд аз Аморати Муттаҳидаи Араб аввал ба Бандари Аббос, сипас, тариқи Эрону Афғонистон бо мошинҳои боркаш ба Тоҷикистон орад. Ё солҳои охир “Талко”, ба ин хотир, ки аз ҳар тон $50 – 60 ҳазина кунад, тавлидоташро аз роҳҳои заминӣ ба бандарҳои Туркия, Гурҷистон ва Эрон мерасонад.

 Ҳоло тасаввур кунед, ин роҳҳо ҳама бастаанд”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо. Ба қавли мавсуф, танҳо роҳи “Талко” пӯшонидани зиёнҳои молии худ аз ҳисоби ширкатҳои тобеъаш, қабл аз ҳама, “Талко Голд”, ки бо истихроҷи тилло машғул аст ва ҳам онҳоест, ки ба кишварҳои ИДМ содирот доранд.

Вай афзуд, дар ҳоли ҳозир қимати тилло ба таври бесобиқа дар бозори ҷаҳонӣ боло рафтааст.

 Як назар ба таърихи 15 соли ахири “Талко” ин суолро пеш меорад: вақте “Талко” солҳо ба ин сӯ аз буҳроне ба буҳрони дигар кӯч карда, ин қадар зиёнҳоро мутаҳаммил мешавад ва ҳатто даромадҳои ширкатҳои тобеъ - “духтар” – ҳояшро бо панҷшох бод медиҳад, беҳтар ин нест, ки баста шавад? Бахусус, ки ширкатҳои бузургтарини ҷаҳон, назири “РусАл” – у “Чалко” (Чин), чандин корхонаи бузурги худ ва ҳатто Озарбойҷон, ки худ гилхок дорад, корхонаи асосии алюминиумашро бастааст.

Ҳамсӯҳбати Sputnik Тоҷикистон мегӯяд, воқеан, ин амал як худкушии иқтисодиро мемонад, аммо дар дарозмуддат натиҷаҳои ғайри қобили боварро метавонад дар пай дошта бошад.

Вывеска Управляющей компании РУСАЛ  - Sputnik Тоҷикистон
Кохонаи “ТАЛКО Кемикал” ширкати “Русал”-и Россияро бо маҳсулот таъмин кард

 “Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир фақт 5 – 6%, бо роҳандозии “Роғун” 7% - и зарфиятҳои энержии оби худро истифода мекунад. Фурӯши барқ дар тӯли 2 ҳазор километр фоида медиҳад, аз ин зиёд на. Афғонистону Покистон, харидорони билқувваи барқи Тоҷикистон, дар оянда метавонанд зарфиятҳои худро ба кор андозанд. Танҳо ба монанди алюминиум истеҳсолоте боқӣ мемонанд, ки барқро тариқи онҳо метавон ба ҳазорҳо километр бурда фурӯхт. Соҳа муҳим аст. “Талко” дар ҳоли модерниза шудан аст ва ашёи хоми маҳаллиро низ сол то сол зиёд ва вобастагии хориҷиашро кам мекунад. Аз ин хотир, ба ҳар қимат онро “зинда” нигаҳ медоранд”, - гуфт ӯ.

Аз сӯи дигар, “Талко” дар амри модернизаи истеҳсолоти худ пешрафтҳои назаррасе доштааст.

Шералӣ Кабиров, мудири кулли “Талко” дар паёме, ки тариқи ТВ дар робита ба 45 – солагии ширкат дод, гуфт, соли равон сохтмони як корхонаи ҷадиде шурӯъ хоҳад шуд: “Ин корхона 300 ҳазор тон зарфият дошта, бо сармоягузории Чин бо сармоягузории Чин ва то 3 соли дигар сохта хоҳад шуд. Хароҷоти истеҳсолии он ҳудуди 50% коҳиш хоҳад ёфт”, - гуфт Шералӣ Кабиров. Раҳбари “Талко” дар бораи буҳрони кунунӣ ҳарфе ба забон наовард, аммо ширкаташ чӣ гуна ба манзили мурод мерасад, як суолест, ки посухаш то чанд моҳу соли дигар хеле ҷолиб хоҳад буд...

Лентаи хабарҳо
0