Шарҳи "Талко" дар бораи шартномаи 545- миллиона бо Чин ва ташкили корхонаи нав

© © Sputnik / Амир ИсаевЗавод по производству флюорита "Талко"
Завод по производству флюорита Талко - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намояндагони ширкат мегӯянд, шартномаи гаронарзиш бо Чин ҳанӯз то ҷамъияти соҳҳомӣ гаштани он баста шуда буд ва маблағҳои Чин баргардонида мешаванд

ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Мудири шӯъбаи иттилооти ширкати "Талко"  Игор Сатторов дар мусоҳиба бо хабарнигори "Ховар" овозаҳои  гўё гузариши имконпазири ТАЛКО таҳти назорати Чинро тавзеҳ додааст.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Фармони Раҳмон барои ҷаласаи ғайринавбатӣ: баҳси таъиноти додситони кулл ва Роғуну Талко
Ёдрас мешавем, "Ширкати алюминии тоҷик" бо Қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2019  КВД "Ширкати Алюминийи Тоҷик" аз 1 ноябри соли 2019 ба ҶСК  "Ширкати Алюминийи Тоҷик" бо саҳми 100% -и давлатӣ табдили ном кард.

Сатторов гуфтааст, ки "ширкат дар айни замон дар ҳақиқат бо шарикони чинӣ бобати ҷалби маблағҳо барои навсозии истеҳсолоти электролиз гуфтушунид доир намуда истодааст, ки он ба фурўши саҳмияҳо ягон рабт надорад".

"Созишнома бо ширкати чинии  China Machinery Engineering Corporation, ки ҳадафи он $ 545 млн. маблағгузорӣ аст, ҳанўз моҳи апрели соли 2019, яъне то табдили ном кардани ТАЛКО ба ҷамъияти саҳомӣ ба имзо расида буд.  Ин маънои онро дорад, ки таъсиси корхонаи муштарак  пешбинӣ нагардидааст- ширкати чинӣ корҳои марбут ба навсозиро аз ҳисоби сармояҳои ҷалбшуда роҳандозӣ менамояд, пас аз анҷоми он иншоотро пурра ба ТАЛКО месупорад", - тавзеҳ додааст вай.

Ба гуфтаи Сатторов маблағҳоро Тоҷикистон ба Чин бармегардонад.

Раҳимзода: “Талко” ва “Роғун” моликияти миллӣ боқӣ мемонанд

Амалан дар ҳудуди ширкат корхонаи нав бунёд мешавад, ки иқтидори он тибқи лоиҳа 300 ҳазор тонна/сол мебошад. Аз маблағи банақшагирифтаи $545 млн. ба сохтмон $435 млн. сарф карда мешавад, $ 90 млн. боқимонда сармояи гардон аст .

Пас аз навсозӣ ТАЛКО соҳиби таҷҳизоти муосиртарини автоматонидашудаи истеҳсоли алюминий  мегардад. Хароҷоти неруи барқ ва намудҳои дигари истеҳсолот тақрибан ду маротиба коҳиш меёбанд, алюминий бо сифати баланди А7 ва А8 истеҳсол карда мешавад, тавзеҳ додааст ӯ.

Лентаи хабарҳо
0