ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Як манбаъи расмӣ дар ширкати "Талко" ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар созишномаи имзошуда ва музокироте, ки дар ҳоли ҳозир миёни “Талко” ва ширкатҳои чинӣ идома дорад, аслан мавзӯъи фурӯши ширкат ва саҳмияҳояш матраҳ нест.
Сухан дар бораи созишнома миёни “Талко” ва CMEC (China Machinery Engineering Corporation), як ширкати давлатии чинӣ меравад, ки апрели соли равон ба имзо расид.
Бино ба он, ширкати чинӣ барои модернизатсияи Ширкати алюминиуми Тоҷикистон 545 миллион доллар ихтисос хоҳад дод. Он замон расонаҳо аз қавли Ҷанг Чун, раҳбари СМЕС навишта буданд, ки модернизатсия дар ду марҳала ва баъди ду сол анҷом хоҳад ёфт.
Дар бораи ҷузъиёти дигари ин созишнома то ба ҳол иттилои кофӣ мавҷуд набуд, то ин ки радиои “Озодӣ” аз қавли Юе Бин, сафири пешини Чин дар Душанбе хабар дод, ки бо сармоягузории 545 – миллиондолларӣ Ширкати алюминиуми тоҷик бозсозиву амалан ба як корхонаи нави замонавӣ ва моликияти муштараки ду тараф табдил дода хоҳад шуд.
Дар баробари ин дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳарфи эҳтимоли фурӯхтани “Талко” ба Чин низ ба миён омад.
“Ширкати алюминийи тоҷик” дар қатори нерӯгоҳҳои "Норак" ва "Роғун" аз соли 2009 ба ин сӯ моликияти истисноии давлати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки ин тамоми заминаҳо барои хусусӣ ва ё фурӯши саҳмияҳои он ба ширкату кишварҳои хориҷиро аз миён мебарад.
Дар чунин ҳол, сарусадоҳои ахир ҷузъиёти созишномаи “Талко” ва СМЕС – ро беш аз пеш ҷолиб кардааст.
Ҳамсӯҳбати Sputnik Тоҷикистон дар “Талко” бар ин аст, ки сафири пешини Чин аз ҷузъиёти созишнома ва дигар санадҳои ҳуқуқии Тоҷикистон огаҳӣ надорад.
Вай афзуд, ин шартнома дар чаҳорчӯби EPC+F имзо шудааст, яьне СМЕС маблағ ҷалб намуда, корхонаро месозад ва дар ахири кор, ба истилоҳ, калидро ба “Талко” таслим хоҳад кард.
Ба қавли ӯ, мутолаоти иқтисодиву молиявӣ (ТЭО) - и корхонаро “Талко” бо ширкати “China aluminium” – и Чин омода кардаанд ва СМЕС на фақат сармоягузор нест, балки танҳо паймонкори кулл асту ҷалби маблағгузориро ба ӯҳда дорад.
"Амалан ин як корхонаи ҷадиде хоҳад буд, ки дар ҳудуди “Талко” сохта хоҳад шуд. Тибқи лоиҳа, иқтидори корхона 300 ҳазор тон пешбинӣ шудааст. Аз он 545 миллион доллари созишнома танҳо 435 миллион барои сохтмон истифода мешавад ва 90 миллиони дигар капитали корӣ аст. Ёдатон бошад, чиниҳо дар Қазоқистон як корхонаи алюминиум ба зарфияти солона 250 ҳазор тонро ба ҳазинаи 1 миллиарду 90 миллион доллар сохта буданд. Аён аст, ки ин корхона барои Тоҷикистон хеле арзон меафтад. Қабл аз ҳама аз он ҳисоб, ки зерсохторҳои зарурӣ, аз қабили анбори ашёи хом, роҳи оҳан, корхонаҳои маводи истеҳсолӣ ва ғайра вуҷуд доранд" - гуфт ҳамсӯҳбати Sputnik Тоҷикистон.
Коршиносе, ки аз гуфтани номаш худдорӣ мекунад, ба Sputnik Тоҷикистон ахбори фурӯши “Талко” – ро музҳик хонд.
Ба қавли ӯ, "ҳоло агар дилхоҳ ширкати алюминиуми ҷаҳонро ба савдо гузоред, саг нигоҳ намекунад, зеро тиҷорати ҷаҳонии алюминиум рӯ ба суқут овардааст".
"Тасаввур кунед, ки тайи 70 соли охир қимати як тон алюминиум дар бозори ҷаҳонӣ аз 10 ҳазор ба 1 ҳазору 750 доллари рӯзҳои мо поён омад. Аз сӯи дигар, тайи солҳои ахир абарширкате, назири “Русал” – и Русия дар саросари ҷаҳон дари 6 корхонаи алюминиумашро баст. Ҳатто “China aluminium” – и Чин кори як корхонаашро, ки солона 10 миллион тон истеҳсол дошт, қатъ намуд. Акнун худ бигӯед, ки “Талко” – ро, ки 45 сол пеш бо технологияи замони Шӯравӣ сохта шудааст, кӣ хоҳад харид? Чиниҳо ку нодон нестанд, ки дидаву дониста дар як кори беҳуда маблағгузорӣ кунанд”, - афзуд коршинос.
"Талко" ё Ширкати алюминиуми тоҷик бузургтарин ширкати саноатӣ ё ба истилоҳи мақомот, “корти шиносоии саноати Тоҷикистон” аст.
То замони буҳрони алюминиумӣ онро бузургтарин манбаъи воридоти асъор ба иқтисоди Тоҷикистон низ мехонданд.
Оё вазъи харобе, ки дар пайи коҳиши қимати алюминиум дар бозори ҷаҳонӣ ҳукм меронад, ин ширкати тоҷикиро низ ба вартаи суқут хоҳад бурд?
Дар чунин ҳол, кори сохтмони корхонаи нав барои “Талко” то куҷо мантиқӣ буда метавонад? Ҳамсӯҳбати Sputnik Тоҷикистон дар “Талко” мегӯяд, вазъи буҳронии ширкат, ки дар пайи таҳаввулоти бозори ҷаҳонӣ ба вуҷуд омад, ҳудуди 10 сол ба ин сӯ бо муваффақият мудирият мешавад.
Вай афзуд, модернизатсия ё эҷоди зарфиятҳои ҷадид ҷузъе аз ин барнома ҳастанд.
"Корхона дар пайи модернизатсия муосиртарин таҷҳизоти истеҳсоли алюминийро ба даст хоҳад овард, масалан, идораи он комилан худкор ё компютерӣ хоҳад буд. Барқ ва дигар хароҷоти истеҳсолӣ қариб як баробар коҳиш меёбанд ва ҳам навъи олии алюминиум ба даст меояд, ки дар бозори ҷаҳонӣ қимати бештар дорад.
Бино ба пешбиниҳо, 94% - и алюминиум бо сифати олӣ истеҳсол хоҳад шуд. Дигар бурди “Талко” дар ин аст, ки то солҳои наздик қариб тамоми ашёи хомро аз дохили кишвар ба даст хоҳад овард”, - гуфт ҳамсӯҳбат.
Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки тайи як соли ахир “Талко” бо бонку ширкатҳои хориҷӣ ду шартномаи дигар бо ҳазинаҳои миллиондолларӣ дошт, ин андеша дар мағзҳо хутур мекунад, ки ин ширкат ба оғӯши қарзҳои бузурге худро андохтааст.
Қаблан “Талко” бо “ВТБ” – Бонки тиҷорати хориҷии Русия 320 миллион доллар барои хариди гилхок аз Қазоқистон ва 200 (дар навбати аввал 52) миллион евро бо ширкати фаронсавии “Фивз” (Fives) барои таҷдиди сехи анодаш муомилаҳои пулиеро ба роҳ андохта буд.
Зоҳиран бо қарзи Чин маҷмӯи қарзҳои ширкат аз марзи 1 миллиард доллар убур хоҳад кард. Ба қавли масъули “Талко”, то ин маболиғи ҳангуфт ширкат ҳеҷ қарзе надошт ва танҳо бо “Барқи тоҷик” як муомилаи мутақобили қарзӣ дорад.
Вай афзуд, ин пулҳои калон дар асл он қарзҳое нестанд, ки аз сӯи бархе тасаввур мешавад, аз ҷумла шартнома бо ВТБ бо усули припей (пешпардохт) анҷом мешавад ба ин маъно, ки ВТБ маблағи гилхокро ба “Талко” медиҳад ва пас аз фурӯши алюминиум ҳисоббаробарӣ мекунад, яъне ин қарз нест, маблағгузории тиҷоратӣ аст.
“Ё пас аз модерниза масрафи анод дар ҳар тон алюминиум то як баробар коҳиш меёбад. Қарзи 52 миллион еврои “Фивз” (Fives) аз ҳисоби ҳамин аноди масрафшуда ва тайи 15 сол пардохт мегардад.
Тавре мебинед, ин ҷо низ пардохти қарз аз сӯи ширкати фаронсаӣ дуруст ҳисоб шудааст. Аз ин роҳ ду тараф ҳам дар рушд ва ҳам суд манфиат доранд”, - афзуд манбаъ. Масъули “Талко” мегӯяд, қарзи Чин низ барои дарозмуддат ва бо фоизи хеле кам дарёфт мешавад. Вай афзуд, ҳоло баҳс сари ин аст, ки муҳлати баргардонидани қарз 12 сол бошад, тавре чиниҳо мехоҳанд ё 15 сол, ки ширкат талаб дорад.
“Созишномаҳои бо ду ширкати хориҷӣ ҳоло ниҳоӣ нашудаанд, зеро чанд шарти дигар ҳам бояд иҷро шавад, масалан, созишнома бояд таъйиди Шӯрои нозирони ширкатро гирад ва ҳам дар ин бора қарори ҳукумати Тоҷикистон ба имзо расад. Дигар ин ки “Талко” тамоми қарзҳояшро бидуни кафолати давлатӣ мегирад ва қарзҳои ширкат ба қарзҳои хориҷии давлат ҳеҷ рабте надоранд”, - мегӯяд масъули “Талко”.
Масъули “Талко” шарҳи бештаре дар ин бора надод, аммо коршиносе, ки бо “Sputnik” сӯҳбат кард, мегӯяд, ҷалби маболиғи ҳангуфт барои иқтисоди Тоҷикистон як кори мушкил аст ва бидуни кафолати давлатӣ дарёфт кардани қарз имкон надорад, зеро ширкатҳои тоҷикӣ зарфияти ҷалб ва ҳам бозпас додани даҳу садҳо миллионро надоранд.
“Ин ки ба “Талко” қарз медиҳанд, ба ин маънист, ки ин ширкат қобилияти баргардонидани онро дорад ва худро ба ҳисобдориву аудити байнулмилалӣ айёр кардааст. Ҳоло ширкатҳои бузургтарини алюминиуми ҷаҳон дар ботлохи қарз ғӯтидаанд. Масалан, “Чалко” – и Чин – ширкати бузургтарини алюминиуми ҷаҳон беш аз 15, “Русал” 10 ва ҳатто ширкати “Алюминийи Қазоқистон” 8,5 миллиард доллар қарздор буданду ҳастанд. Ё агар ҳадаф ба по рост кардани корхонаҳои алюминиуми Русия бошад, “ВТБ” ба ҳамон 6 корхонаи аз кор монда қарз медод. Ин, ки пул ба як ширкати тоҷикӣ қарз медиҳанд, ба ақл намегунҷад. Шояд роҳашро ёфтаанд”, - мегӯяд коршинос.
“Талко” бузургтарин ширкати Тоҷикистон аст, ки тайи даҳ соли ахир тавсеа ёфта, 8 зерширкати дигар - “Талко – ресурс”, “Талко-голд”, “Талко-флюорид”, “Талко-кабел”, “Талко-минералз”, Талко-кемикал, “Ҳайат Реҷенси”, “Созидание” ба вуҷуд овард ва ба ҷуз соҳаи алюминиум ба истихроҷи дигар нави маодин, истеҳсоли маводи кимиёӣ ва хизматрасонӣ машғул аст.
“Ҳамаи онҳо худкифо ҳастанд, андозу дигар пардохтҳои буҷаро анҷом медиҳанд ва ҳеҷ гоҳ маоши коргаронашонро низ қатъ накардаанд”, - гуфт ҳамсӯҳбати “Sputnik” дар “Талко”.
Тибқи иттилои расмӣ, соли 2018 даромади софи ширкат 78 миллион долларро ташкил додааст, ки ба қавли масъули “Талко” ҳиссаи ширкати алюминиум дар ҳадди ақал аст.