Президент қонуни марбут ба хусусигардонии амволи “Роғун” ва "Талко"-ро имзо кард

© Sputnik / Стас ЭтвешРогунская ГЭС
Рогунская ГЭС - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон тағйирот ба қонун “Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ”-ро ба имзо расонд, ки бо нашр дар расонаҳои расмӣ мавриди амал қарор гирифтанд

ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Бар асоси тағйирот, Неругоҳи барқи обии “Роғун” ва Корхонаи воҳиди давлатии “Ширкати Алюминийи Тоҷик” аз феҳрасти иншооте, ки хусусӣ гардондани онҳо мамнӯъ мебошад, хориҷ гардиданд.

Открытие первого гидроагрегата на Рогунской ГЭС в Таджикистане  - Sputnik Тоҷикистон
"Роғун" 1 миллиард қарздор аст: суҳбати ошкорои директори нерӯгоҳ дар бораи хусусигардонӣ

Қаблан Хайрулло Сафарзода, мудири кулли ҶСК “Нерӯгоҳи барқи обии Роғун” ва узви Маҷлиси миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи палатаи болоии парлумон зимни шарҳи иҷозатдиҳӣ барои хусусигардонии амволи “Роғун” ҳаҷми қарздории нерӯгоҳро дар назди коршарикон дар оғози соли равон беш аз 1 миллиард сомонӣ арзёбӣ кард.

“Аз ҷумла, уҳдадориҳои молиявӣ дар назди ширкатҳои паймонкор, молрасон ва хизматрасони ватаниву хориҷӣ то 1 январи соли 2020 дар маҷмӯъ, зиёда аз 1 миллиард  сомониро ташкил медиҳад”, - иттилоъ дод Сафарзода ва афзуд, маблағҳое, ки аз ҳисоби коғазҳои қиматноки давлатӣ ё худ евробондҳо ҷалб гардида буданд, пурра харҷ шуданд.

Ӯ таъкид намуд, ки нерӯгоҳи Роғун ҳоло дар тавозун дороии зиёд дорад, ки қисми он на дар маҳалли ҷойгиршавӣ, балки дар дигар минтақаҳои кишвар ҷойгиранд. Мудири кул тавзеҳ дод, ки истифодаи ин дороиҳо аз рӯи таъиноташон ғайриимкон мебошаду ҳар рӯз хароҷоти молиявиро барои нерӯгоҳ ба бор оварда истодаанд.

Сафарзода ҳадафи иҷозат барои хусусигардониро роҳандозии ҳамкорӣ бо созмонҳои молиявии ватанию хориҷӣ гуфта, аз ин иқдом беҳтар гардидани маблағгузории сохтмони неругоҳро интизор аст.

Алюминиевый завод ТАЛКО-КРАНТАС в городе Турсунзаде - Sputnik Тоҷикистон
Мудири “Талко” шартҳои созиш бо Чин ва кори ширкат дар ояндаро шарҳ дод

Абдураҳмон Ҳомидзода, директори идоракунандаи “Ширкати Алюминийи Тоҷик”, ки узви Маҷлиси миллӣ низ мебошад, дар ҷаласаи ахири палатаи болоии парлумон тафсилоти созиш бо Чин ва кори ширкат баъди навсозӣ ва иҷозати хусусигардониро тавзеҳ дод.

Мудири ширкат гуфт, айни замон дар воситаҳои ахбори омма хабарҳое паҳн шуда истодаанд, ки гӯё баъди табдил дода шудани “Ширкати Алюминийи Тоҷик” ба ҷамъияти саҳомии кушода корхона минбаъд таҳти назорати ширкати чинӣ қарор мегирифта бошад, ки асос надоранд.

“Ширкати давлатии мошинсозии Ҷумҳурии Халқии Хитой корҳои марбут ба навсозиро аз ҳисоби сармояҳои ҷалбшуда роҳандозӣ намуда, пас аз анҷоми он иншоотро пурра ба ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик” месупорад. Маблағҳое, ки барои навсозӣ ҷудо карда шудаанд, аз ҳисоби фурӯши алюминийе, ки дар хатҳои электролизии нав истеҳсол мешаванд, бозгардонида хоҳад шуд”, - изҳор дошт Ҳомидзода.

Лентаи хабарҳо
0