Бонки миллӣ ба ташкилоти суғуртавии “Боварӣ” иҷозатнома дод

© SputnikНациональный банк Таджикистана, архивное фото
Национальный банк Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон эълон намудааст, ки ба ташкилоти суғуртавии “Боварӣ” барои панҷ соли оянда иҷозатномаи фаъолият додааст

ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Тибқи қарори Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ташкилоти суғуртавии Боварӣ” барои фаъолият дар қаламрави ҷумҳурӣ ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дода шуд.

Национальный банк Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Бонки миллӣ барои фаъолият ташкилоти амонатии қарзии хурди “Васл” иҷозатнома дод

Дар ин бора дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ додааст.

Тибқи иттилои мазкур қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон санаи 10 январи соли равон ба имзо расидааст.

“Дар асоси моддаҳои 6 ва 34 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ”, моддаи 8 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, бобҳои 11 ва 54 Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ташкилоти суғуртавии Боварӣ” барои фаъолияти суғуртавӣ аз рӯи намудҳои суғуртаи ихтиёрӣ бо роҳи тамдид ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дода шуд”, -  таъкид доштааст Бонки миллӣ.

Ҳамзамон масъулини Бонки миллӣ қайд намуданд, ки Идораи назорати суғуртавӣ барои ворид намудани тағйироти дахлдор дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта вазифадор карда шудааст.

Лентаи хабарҳо
0