ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Тавре дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар додааст, Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 4 октябри соли равон Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Васл” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ иҷозатнома дода шуд.
“Дар асоси моддаи 42-и Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва моддаҳои 14 ва 21-и Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Васл” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ иҷозатнома дода шуд”,- зикр намудааст Бонки миллӣ.
Дар ҳамин ҳол, масъулини бонк сабти дахлдорро дар Маълумотномаи “Рамзҳои мушаххаси бонкии ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ворид хоҳанд кард.
Ёдрас мешавем, ки ахиран бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 16 сентябри соли 2019, ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тавҳидбонк” барои анҷом додани амалиёти бонкии исломӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома дода шуд.
Масъулини Бонки миллӣ қайд намуда буданд, ки тибқи қарори мазкур, иҷозатномаи ҶСК “Соҳибкорбонк” барои иҷрои амалиёти бонкӣ, ки аз 14 октябри соли 2013 дода шудааст, бинобар табдилёбӣ ба бонки исломӣ аз эътибор соқит дониста шуд.
Ёдрас мешавем, ки бо ташабусси саҳмиядорони ҶСК “Соҳибкорбонк”, бинобар ба бонки исломӣ табдил додани бонк бо қарори Маҷлиси умумии саҳмиядорон аз 12 июни соли 2019 номи он ба ҶСК “Тавҳидбонк” иваз карда шуд.