ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Бархе роҳандозии низоми навро як навъ дастдарозӣ ба маболиғи муҳоҷирини меҳнатӣ, кӯшиши инҳисори бозори интиқоли маблағҳо ва ҳатто эҷоди буҳрони иқтисодӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ карданд.
Ба хотири равшанӣ андохтан ба ин нигарониҳо ва назароти мухталиф дар бораи роҳандозии Маркази миллии пардозиш (ММП) Sputnik Тоҷикистон бо мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон мусоҳиба орост, ки ҳоло пешниҳоди хонандагон мешавад:
Чаро “Золотая корона” ба монанди “Юнистрим” ва “Контакт” зуд ба ММП напайваст?
Аз рӯи иттилои мо, шумо ҳамагӣ ду ҳафта пеш ширкатҳои низоми пардохти байнулмилалиро огоҳ кардаед. Ин иттилоъ то куҷо сиҳат дорад? БМТ: Мо пешниҳоди пайвастшавӣ ба ММП – ро ҳанӯз моҳи апрели соли 2019 ба низомҳои пардохти байнулмилалӣ фиристода будем.
Зарур бошад, мактубҳоро ҳам нишон медиҳем. Ба онҳо гуфтем, ки бояд ба таври санҷишӣ ин корро анҷом диҳем. “Юнистрим”, “Контакт” ва ҳатто “Вестерн Юнион” ин даъвати моро ба хубӣ пазируфтанд ва тайи 6 моҳи ахир бо мо дар тамос буданд. “Вестерн Юнион” ҳам то 20 декабр ба ММП пайваст мешавад. Аммо бо сабабҳои ба мо номаълум “Золотая корона” дар 6 моҳи гузашта ҳавасмандӣ зоҳир накард.
Чаро онҳо ҳавасмандӣ зоҳир ва бо мо ҳамкорӣ накарданд, ростӣ, барои мо маълум нест. Аммо мо чандин маротиба пешниҳоди ба марказ пайвастанро додем, ки мутаассифона, нодида гирифта шуд.
Ҳоло ҳам, ки ММП фаъол шуд ва бозор аз дасташ меравад?
Пас аз фаъол шудани ММП “Золотая корона” бо мо мукотибаро фаъолона шурӯъ кардааст. Мушкил ин аст, ки “Золотая корона” ба монанди “Юнистрим” ва “Контакт” бонк нест, маркази ҳисоббаробаркунии ғайрибонкӣ аст. Он чӣ ба мо худашон гуфтанд, дар қонунгузории Русия пешбинӣ нашудааст, ки низоми пардохт дар хориҷ аз кишвар суратҳисоб дошта бошад.
Ҳайати мо ба Маскав рафт ва Бонки миллии Русия изҳори омодагӣ кард, ки бо мо дар ин робита ҳамкорӣ мекунад. Мо аз сӯи худ ҳатто пешниҳод кардем, ки бигзор, “Золотая корона” аз ташкилоти кафолатдиҳанда истифода барад ва фаъолияташро идома диҳад. Ин пешниҳоди мо нодида гирифта шуд. Бо ин вуҷуд, роҳи бозгашти “Золотая корона” ба бозор боз аст.
Барои ин онҳо бояд дар ММП суратҳисоб кушоянд ва корро оғоз кунанд. Ин ҳама барои кафолат додан ба мардум аст, ки маблағи онҳо дар ҳар сурат пардохт мешавад, яъне бо фаъол шудани ин Марказ мо шаҳрвандони худро суғурта мекунем ва низоми бонкиро аз хавфҳои эҳтимолӣ эмин нигоҳ медорем.
Рузҳои аввали фаъолияти ММП як мушкил ба миён омад, ки ба “Золотая корона” рабт дошт. Шумо гуфтед, ки низомҳои пардохтиро огоҳ карда будед, то пули муҳоҷиринро қабул накунанд, зеро бонкҳои Тоҷикистон онро дода наметавонанд. Аммо чаро қабул кард?
Инро аз худи “Золотая корона” бояд пурсид. Мо ҳам намефаҳмем, ки чаро дидаву дониста, маблағ қабул мекунанд, дар ҳоле ки муштариёнашон дар Тоҷикистон онро гирифта наметавонанд. Мо ин ширкатро огоҳ карда будем, ки то замони пайвастанаш ба ММП маблағ қабул накунад. Аммо муштариён метавонанд аз “Золотая корона” ин пулро талаб кунанд ва тариқи низомҳои пардохте, ки ба ММП пайваст шудаанд, фиристанд.
Муштариёни “Золотая корона”, ки маблағ фиристодаанд, паёмак дарёфт кардаанд ба ин мазмун, ки “маблағи Шумо дар ҳоли омодагӣ ба пардохт қарор дорад, ягон маҳдудият барои гирифтани он аз низоми мо вуҷуд надорад, агар дар нуқтаҳои гирифтани маблағ ба Шумо ҷавоби рад доданд, тавсия медиҳем, ки барои фаҳмидани сабаби рад ба Бонки миллии Тоҷикистон муроҷиат кунед”. Инро чӣ гуна шарҳ медиҳед?
Бале, мо низ огоҳ ҳастем, ки ба шаҳрвандони мо чунин паёмакҳо ирсол гардидаанд. Барои мо низ шубҳаовар аст, ки чӣ тавр як низоми пардохтӣ (“Золотая корона”) танзимгари низоми бонкии як давлатро (Бонки миллии Тоҷикистон) дар мушкилиҳои худ айбдор менамояд ва уҳдадориҳои худро дар назди муштариёнаш иҷро намекунад. Ҳанӯз 15 ноябри соли равон мо ба тамоми низомҳои пардохт мактуб фиристода, маълум карда будем, ки низоми кунунии интиқоли маблағҳо аз 3 декабр тағйир меёбад ва фақат тавассути ММП имкони интиқоли маблағ вуҷуд дорад, аз ин хотир, ҳуқуқи қабул ва интиқоли маблағро надоранд. Ин коре, ки “Золотая корона” мекунад, воқеан, қобили дарк нест.
Шояд аз ин ки мардум мехоҳанд пули худро бозпас гиранд, таҳти фишор қарор гирифтааст. Мо расман ба Бонки миллии Русия мактуб фиристодаем, ки барои берун омадан аз ин вазъ тадбир андешад. Аз сӯи дигар, 28 ноябр бонку ташкилотҳои қарзӣ тариқи сомонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва насби эълонҳо дар марказҳои худ ва аз 30 ноябр ҳатто раҳбарияти БМТ тариқи шабакаҳои телевизионӣ ва радио, матбуот мардумро огоҳ карда буданд, ки фақат тариқи “Юнистрим” ва “Контакт” маблағҳои худро фиристанд.
Ин ду ширкат кай боз бо БМТ ҳамкорӣ мекунанд?
Ду моҳи пеш ба таври тестӣ бо мо корро оғоз карда буданд.
Ҳоло на фақат дар Русия, балки дар тамоми ҷаҳон шаҳрвандони Тоҷикистон кор мекунанд ё мехонанд. Дар он кишварҳо “Юнистрим” ё “Контакт” нестанд. Асосан “Вестерн Юнион” фаъол аст, ки пас аз оғози кори ММП дар Тоҷикистон дастрас нест. Шумо гуфтед, ки то 20 декабр ин ширкат ба ММП пайваст мешавад. Аммо то он вақт мардум чӣ кор кунанд?
Бале, аксари кулли интиқолҳо аз кишварҳои дурдаст тариқи “Вестерн Юнион” анҷом мешаванд. Мо ҳоло талош дорем, ки ин пайвастшавӣ барвақттар анҷом шавад. Аммо шаҳрвандон метавонанд маблағашонро интиқол диҳанд. Онҳо бояд маълумот ё реквизити корти бонкии Тоҷикистонро дастрас карда, ба ягон бонк раванд ва маблағашонро интиқол диҳанд.
Бале, маблағи хизматрасониҳо каме фарқ мекунад, аммо ин вазъ муваққатӣ хоҳад буд. Дар баробари ин, ҳамин шабу рӯз тамоми ташкилотҳои қарзии кишвар барои хизматрасонии интиқоли маблағ ва осону мусоид шудан ба мизоҷон як қатор имтиёзҳо ва аксияҳоро эълон кардааст, ҳатто интиқолҳо бе фоиз ва кушодани суратҳисобҳо бо кортҳо бепул сурат мегирад.
Мутаасифона, ҳама ислоҳотҳо дар иқтисодиёт як давраи гузариш доранд, айни замон баъзе мушкилиҳои техникӣ буданд, ки бартараф шуданд ва Маркази мазкур муътадил ва мунтазам фаъолият карда истодааст.
Оё метавонед мушаххас кунед, ки ММП-и интиқоли маблағҳо чӣ бартарӣ дорад ва чӣ сабукиҳоро фароҳам мекунад?
Иҷоза диҳед, ки нукта ба нукта зикр кунем:
- таъмини шаффофияти амалиётҳо аз рӯи интиқолҳои пулии фаромарзӣ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ;
- таҳким бахшидани механизми муқовимат аз сӯиистифода намудан аз низоми интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисобҳои бонкӣ бо мақсади расмикунонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон; - баланд бардоштани самаранокии ҳисоббаробаркуниҳо байни ҳамаи иштирокдорони ММП;
- диверсификатсияи бозори хизматрасониҳои интиқоли маблағҳо ва роҳ надодан ба мавқеи инҳисорӣ пайдо намудани як низоми пардохтӣ (хавфи таҷаммӯъ);
- тақвият бахшидани устувории низоми бонкии мамлакат аз ҳисоби паст намудани хавфҳои амалиётӣ барои ташкилотҳои қарзии молиявии Тоҷикистон ҳангоми муфлисшавии низомҳои пардохтии интиқолӣ;
- аз байн бурдани ҳолатҳои ҳаннотӣдар бозори интиқоли маблағҳо ва маҳдуд кардани омилҳои инсонӣ;
- таъмин намудани қурби ягонаи мубодилавӣ барои интиқоли маблағҳо;
- мавҷуд будани қарори инноватсионӣ, ки фаъолиятро бо низомҳои интиқолии гуногун бо истифода аз интерфейси ягона таъмин менамояд;
- беҳтар кардани механизми ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон;
- осону қулай гардидани интиқоли маблағҳои дохилиҷумҳуриявӣ, алалхусус дар манотиқи дурдасти кишвар;
- фароҳам овардани имконияти интиқоли маблағҳо ба суратҳисобҳои кортии дорандагони кортҳои пардохтии “Корти миллӣ” ва дар натиҷа афзоиши амонатҳо дар ташкилотҳои қарзӣ аз ҳисоби интиқоли маблағҳо (супориши Пешвои миллат ҷиҳати зиёд кардани амонатгузорон аз ҳисоби интиқоли маблағҳо);
- таъсиси махзани муттаҳидаи иттилоот оид ба интиқолҳои фаромарзӣ, ки боиси беҳтар гардидани сифати маълумотҳои оморӣ ва таҳлилҳо мегардад;
- таъмин намудани маълумотҳои оморӣ дар бораи гардиши пул аз рӯи интиқоли маблағҳо.
Лутфан, сархати дуввумро шарҳ медодед. Оё буданд мавориде, ки маблағгузории терроризм ё дигар ҷиноёт ошкор шуда бошанд?
- Зарурати таҳкими механизми муқовимат бо сӯиистифода намудан аз низоми интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисобҳои бонкӣ бо мақсади пешгирӣ намудани пулшӯӣ, яъне расмикунонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дар ҳудуди Тоҷикистонро метавонем дар як мисол шарҳ диҳем.
Ҳама шоҳиди он будем, ки моҳи июли соли 2018 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон амалиёти террористӣ ба амал омад. Дар пайи он чор сайёҳи хориҷӣ кушта шуданд ки барои Тоҷикистон ҳодисаи нангин буда, ба нуфузу обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва ҳамзамон ҷалби сармояи хориҷӣ таъсири манфӣ расонд.
Амалиёти мазкур маҳз бо маблағгузорӣ тавассути интиқоли маблағ аз хориҷ ба Тоҷикистон бе кушодани суратҳисоби бонкӣ тавассути низоми пардохтии “Золотая корона” амалӣ карда шудааст. Маркази мазкур маҳз чунин амалиётҳоро метавонад пешгирӣ ва ошкор намояд.