БМТ: ҳамгироии “Корти миллӣ” ва “Мир” то охири моҳи декабр дар назар аст

© НБТ Таджикистана Заместитель генерального директора НПК “Мир” Сергей Бочкарев и старшый менеджер проекта НПК “Мир” Игор Тростников
Заместитель генерального директора  НПК “Мир” Сергей Бочкарев и старшый менеджер проекта НПК “Мир” Игор Тростников - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳамгироии “Корти миллӣ” ва “Мир” дастрасии шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки муваққатан дар Русия кору фаъолият мекунанд, ба теъдоди зиёди хизматрасониҳои бонкӣ осон мегардонад

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Лоиҳаи ҳамгироии Низоми пардохти миллии “Корти миллӣ” ва НМКП “Мир” даҳаи аввали моҳи декабри соли равон дар шаҳри Душанбе дар назар аст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон.

Презентация платежной карты Мир - Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон то охири соли 2019 қабули корти “Мир” роҳандозӣ мешавад

 Тибқи иттилои манбаъ, ахиран дар шаҳри Душанбе дар доираи лоиҳаи ҳамгироии Низоми пардохти миллии “Корти миллӣ” ва НМКП “Мир” Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо Муовини Директори Генералии Ҷамъияти саҳомии НМКП “Мир” Сергей Бочкарев ва менеҷери калони лоиҳавии НМКП “Мир” Игор Тростников мулоқот намуд.

Зимни мулоқот Ҷамшед Нурмаҳмадзода, иброз дошт, ки татбиқи лоиҳаи мазкур ба дорандагони кортҳои низомҳои “Корти миллӣ” ва “Мир” имкон медиҳад, то аз шабакаҳои терминалии бонкӣ, ки иштирокчии низоми пардохтии мазкур мебошанд, истифода баранд.

“Бо татбиқ шудани лоиҳаи ҳамгироии Низоми пардохтии “Корти миллӣ” ва НМКП “Мир” имкон фароҳам меояд, ки дорандагони кортҳои пардохтии “Корти миллӣ” аз хизматрасонии бонкҳои Русия ва дорандагони кортҳои пардохтии “Мир” аз хизматрасонии шабакаҳои терминалии бонкҳои Тоҷикистон бархурдор шуда, бо истифода аз имконияти мусоид маблағҳои худро аз як корт ба корти дигар бемамониат интиқол диҳанд”, - зикр намудааст Нурмаҳмадзода.

Вай инчунин таъкид намудааст, ки дар маҷмӯъ, ҳамгироии мазкур дастрасии шаҳрвандони кишварро, ки муваққатан дар Русия кору фаъолият мекунанд, ба теъдоди зиёди хизматрасониҳои бонкӣ осон мегардонад.

Истгоҳи қатори Казан дар Маскав. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Соли 2016 дар Русия низоми ҷадиди муҳоҷиратии “Мир” роҳандозӣ мешавад

Дар ҳамин ҳол, муовини директори генералии НМКП “Мир” Сергей Бочкарев аз ҳамкорӣ, дар доираи лоиҳаи мазкур бо БДА ҶТ “Амонатбонк” изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки муаррифии Лоиҳаи ҳамгироии Низоми пардохти миллии “Корти миллӣ” ва НМКП “Мир” даҳаи аввали моҳи декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе дар назар аст.

Сергей Бочкарев изҳори боварӣ кард, ки корҳои ташкилию расмиёти зарурии Лоиҳаи мазкур то муҳлати муқарраршуда ба анҷом расонида хоҳад шуд.

Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистонзимни мулоқот бори дигар зикр кард, ки Бонк барои тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар доираи лоиҳаи ҳамгироӣ бо шарикони НМКП “Мир” ҳавасманд мебошад.

Манбаъ ёдрас шудааст, ки лоиҳаи ҳамгироии низомҳои пардохтии “Корти миллӣ” ва “Мир” дар асоси шартномаи ҳамкорӣ аз моҳи ноябри соли 2018 байни низомҳои пардохтӣ оғоз шуда, аз рӯи нақша татбиқи он моҳи декабри соли равон дар назар аст.

Лентаи хабарҳо
0