ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Шафофияти интихоботи раисҷумҳури Афғонистон дар шароити ноором ва амалҳои пай дар пайи террористӣ Афғонистон зери суол аст.
Як қатор сиёсатмадорони афғон аз ҷумла Ҳомид Карзай ҳатто пешниҳод карда буданд, ки санаи интихоботи президентиро пеш аз анҷоми гуфтушунидҳо миёни ИМА ва Толиброн барқарор кунанд.
Бисёриҳо дар ҷумҳурӣ ва берун аз он хайф доранд, ки дилхоҳ натиҷаи ин интихобот метавонад ба кишвар хатарафзо бошад.
Тахмин меравад, ки натиҷаи интихоботи рӯзи 28 сентябр баргузор шуда, танҳо рӯзи 19 сентябри соли ҷорӣ эълон карда мешавад.
Номзадҳои асосӣ
Дар айни ҳол ду номзад ба курсии президенти зиёда аз 10% раъйҳои интихобкунандагонро ба даст овардаанд. Ин раисҷумҳури феъли Ашраф Ғанӣ (18,65%) ва раиси ҳукумат дуктур Абдулло Абдулло (19,41%) мебошанд.
Ҳардуи онҳо дар соли 2014 низ пешсафони интихобот ба курсии шахси аввали Афғонистон буданд, ки он вақт Абдулло Абдулло натиҷаи интихоботро эътироф накарда буд ва Ашраф Ғаниро ба овоздуздӣ мутаҳам карда буд.
Ҳамин тавр барои бо ҳам омадан аз мухолифтҳои шадид бо дастури Амрико Ашраф Ғанӣ президент ва Абдулло Абдулло роҳбари ҳукумати кишвар бо салоҳияти интихоби одамони худ дар вазифаҳои баландпоя интихоб шуданд.
Ҳоло дастури чанд сол қабл пешгирифтаи Амрико на он қадар ба кор меравад ва бори дуюм ҳарду номзад дар рақобат қариб баробарвазн қарор доранд. Интизор меравад, ки таҷрибаи соли 2014 метавонад такрор шавад.
Пирӯзии Ашраф Ғанӣ, ки ҳамаи мақомотҳои қудратии кишвар дар тобеияташ қарор доранд ва эътироф накардани Абдулло Абдулло метавонанд муқовимат ва нооромиҳои зиёдро ба бор оранд.
Бояд гуфт, ки Ашраф Ғанӣ намояндаи қавми паштун аст, ки дар Ғарб таҳсил кардааст ва вазири молияи Афғонистон ҳам буд. Абдуллоҳ Абдуллоҳ, табиби чашм яке аз аъзои баландпояи Ҷабҳаи Шимол, гуруҳи мухолифи Толибон бештар дар байни тоҷикони Афғонистон обрӯ ва тарафдори зиёд дорад.
Абдуллоҳ Абдуллоҳ пештар ҳушдор дода буд, ки интихоботи кунунӣ бояд поктар бошад. Ӯ гуфт, "нигаронии асосӣ ин аст, ки агар интихоботи мисли соли 2014 саршор аз тақаллуб бошад, он паёмад хоҳад дошт."
Ходимони Комиссияи интихоботи Афғонистон ба ҳисоби овозҳои интихоботи президентии хушунатбор ва саршор аз ташвиши амниятӣ оғоз кардаанд.
Дар рӯзи интихобот чанд ҳамлаи хунин ҷой дошт. Баъд аз қатъи музокироти сулҳ бо Амрико, Толибон ҳушдор дода буданд, ки интихоботро халалдор мекунанд.
Бояд тазаруъ дод, ки дар яке аз масҷидҳои Қандаҳор, ки ҳамчун ҳавзаи раъйдиҳӣ истифода мешуд, таркиш ба вуқӯъ пайваст. Дар Кундуз камаш 5 афсари амниятӣ ба ҳалокат расида, 30 нафари дигар захмӣ шуданд. Ҳамла ба нуқтаҳои овоздиҳӣ дар шаҳрҳои Кобул ва Ғазнӣ ҳам ҷой дошт.
Барои таъмини амният дар ҳавзаҳои интихоботӣ тахминан 72 ҳазор афсари амниятӣ сафарбар шуда буд. Нозирони интихобот мегӯянд, вазъият имкон дошт, аз он ҳам бадтар шавад.
Ёдовар мешавем, ки дар интихоботи Афғонистон 15 номзад рақобат карданд, вале номзадҳои аслӣ Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури феълӣ ва Абдулло Абдулло, раиси иҷроияи ҳукумати Афғонистон буданд.
Ашраф Ғании 70-сола ва Абдуллоҳ Абдуллоҳи 59-сола ҳукумати ваҳдати миллиро раҳбарӣ мекунанд, ки тафриқаи зиёд дар он вуҷуд дорад. Ҳукумати ваҳдати миллӣ баъд аз интихоботи баҳсбарангез ва олуда ба тақаллуби соли 2014 бо дахолати Амрико ташкил шуд.